Мардуми азизи Точикистон ифтихор дорад, ки мавқеъву манзалати Тоҷикистон таҳти роҳбарии фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ рӯз ба рӯз меафзояд.
Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзат ба хотири бегуноҳ нишон додани чанд тан аз дуздону террористон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбати онҳо дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоӣ ташкил карданианд. Шунидани ин хабар ягон нафар шахсеро, ки Тоҷикистон ва миллати азияткашидаи он барояш азизу мӯътабар аст, бетараф гузошта наметавонад.
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Фирӯза бо мақсади амалигардонии Соли тақвият бахшидани робита бо маҳал, татбиқи амалии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси худшинносии миллӣ, бартараф намудани ҳисси бегонапарастӣ, ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, паст намудани сатҳи бекорӣ, истифодаи дурусту самараноки замин ва ҷалби онҳо ба хоҷагидорӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Мутобиқи ҷадвали баргузории курсҳои бозомӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дирӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Нсири Хусрав бо иштироки кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ҷамоатҳо ва фаъолон, курси бозомӯзӣ баргузор гардид.
«Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ худӣ ё бегона ва ё таҳаммулгаро буда наметавонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд».
Дар тули таърих тоҷикон шаҳди давлату давлатдорӣ, тамаддуну фарҳангофариро бисёр чашида, аммо шикасту заволро низ зиёд дидаанд. Дар ин росто, гирдоби балое, ки дар охирҳои садаи ХХ давлати навини тоҷиконро домангир шуд, дар ҳақиқат бақои онро зери суол бурд.
Муносибатҳои дугонаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба зуҳуроти тероризму экстремизм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Тавре аз васоити ахбори омма огоҳ гардидем як гуруҳ душманони миллат, фирориёни хориҷи кишвар дар Аврупо ҷамъ омада як ташкилот бо номи Кумитаи шаҳрванди наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНЗТ) –ро ташкил дода, мехоҳанд санаи 10 декабри соли 2018 дар пойтахти Олмон шаҳри Берлин гирдиҳамоие баргузор намоянд.
Ҳанӯз аз солҳои навадум мардуми Тоҷикистон эҳсос кард, ки ТТЭ ҲНИ мақсаду нияти хоинона дорад ва нисбати давлату ҳукумати кишвар хушбин нест. Аммо ба онҳо имконият дода шуд, ки ислоҳ шаванд. Вале ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 нишон дод, ки наҳзатиёни террорист ҳеҷ аз роҳи бади худ гаштанӣ нестанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу нопоки сиёсӣ содир карда мешавад.
Яке аз хатарҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, таъсири экстремизм, терроризм, фундаментализм, сепаратизм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба оташ мебарад.
Pages
СУРОҒАИ МО
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Носири Хусрав
кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9
Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.