БАРНОМАИ КОНСЕРТИИ КАБИРӢ ВА “ҲУНАРНАМОӢ”-И АНСАМБЛИ РАҚСИИ Ӯ НАҲЗАТИЁНИ ШАРМАНДАРО ДИГАРБОРА ШАРМАНДА КАРД!

Ҳанӯз аз солҳои навадум мардуми Тоҷикистон эҳсос кард, ки ТТЭ ҲНИ мақсаду нияти хоинона дорад ва нисбати давлату ҳукумати кишвар хушбин нест. Аммо ба онҳо имконият дода шуд, ки ислоҳ шаванд. Вале ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 нишон дод, ки наҳзатиёни террорист ҳеҷ аз роҳи бади худ гаштанӣ нестанд. Даъвати охундии эронӣ ба ҷаласаҳои сатҳи ҳизбӣ ва ба таври доимӣ аз онҳо дастуру маслиҳатҳои «муфид» гирифтани пайравони ҲНИ бори дигар собит кард, ки ин ҳизб дар сояи сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолият карда, мақсади таъсиси давлати исломӣ ва иваз кардани мазҳаби ҳанафӣ ба мазҳаби шиаро дар кишвар доштанд. Ҳамин тавр сиёсати ин ҳизб дар доираи охундгароӣ тобиш ёфта, аз як насл ба насли дигар таҳвил меёфт.

Имрӯз М.Кабири аз сиёсатмадорони сатҳи олии Ҷумҳурии Исломии Эрон гилагузорӣ мекунанд, ки дар лаҳзаҳои ҳассос уву ҳаводоронашро ба таври кофӣ дастгирӣ накард. Шояд ин хоини бадтинат мехост дар соли 2015 баъди роҳандозии табадуллоти давлатӣ Эрон ба Тоҷикистон ҳамлавар мешуд?!

Вале, чуноне ки мегӯянд кору амали бад ба мақсад намерасад. Оташе, ки ТТЭ ҲНИ мехост дар Тоҷикистон фурӯзон созад, дар он оташ худ сӯхт. Дигар аз мушти хокистар чӣ суд! Мушти хокистар бо вазидани як шамоли сахт несту нопадид хоҳад шуд.

Ҳанӯз ҳам ин тоифаи бадбахт кӯшиш доранд дар Олмон гирдиҳамоӣ кунанду тилисми наве афкананд. Чун аз роҳи шурондани мардум муваффақ нашуданд, кӯшиш карда истодаанд пойи Аврупоро ба миён кашанд ва онҳоро бар зидди Тоҷикистон истифода баранд. Аммо намедонанд, ки сиёсатмадорони боҳуши Аврупо наҳзатиёнро дар ҷойи лозимӣ ва вақти лозимӣ мисли қоғази ташноб истифода бурда, баъдан дур меандозанд.

Гӯруҳҳое, ки имрӯз дар хориҷи кишвар кору фаъолият мекунанд хиёнат ба Ватан, ба модар карда истодаанд. Мардуми хурду бузурги Тоҷикистон ин палидҳои нохалафро маҳкум мекунанд. Ин сагҳои палид бояд донанд, ки ҳар як нафаре, ки хиёнат ба Ватан кардааст, даст ба ҷиноят задааст, дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Ҳеҷ як нафар наметавонад, ки бо дасисаву гирдиҳамоиҳо қотилону ҷинояткоронро озод намояд. Шумо огоҳ бошед, ки имрӯз сиёсати дурбинонаю ташаббусҳои Пешвои миллатро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва эътиром менамоянд. Ҳамзамон, истиқлолияти миллиии Тоҷикистонро омӯхта дар давлатдории худашон онро такмил медиҳанд.Ҳеҷ иродае дар муқобили иродаи мардум сахту оҳанин нест. Иродаи қавии мардуми Тоҷикистон миёни ТТЭ ҲНИ, ки ба ҷуз хиёнату риёкорӣ дигар амали некеро дар кишвар анҷом надодааст, шикаст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ пайи ҳавою ҳаваси хоинонаи ташкилоту гурӯҳҳои иртиҷоию террористӣ нахоҳад рафт. Зеро ободию ободкориҳо дили мардумро ба ояндаи нек хеле гарм кардааст. Он ҷое, ки ободкорист сухан аз ҷанг мақом надорад.

Наҳзатиёни ҷангҷӯ бошанд, ба қарибӣ эълон карданд, ки дар рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар Кабирӣ бояд худнамоӣ карда, аз чанд дузду террористи дигар пуштибонӣ намояд. Дар зимн, бо рақсҳои занонаи худ аз як су диққати аврупоиҳоро ҷалб карда, аз сӯи дигар, ба хоҷагонашон ҳисобот диҳанд. Ин ансамбл наҳзатиёни шармандаро боз шармандатар кард!

Ҳусейнова Сайёра, ҷомеашинос.

Бознашр аз сомонаи http://hhdtkhatlon.tj/ 

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.