Муносибатҳои дугонаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба зуҳуроти тероризму экстремизм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Тавре аз васоити ахбори омма огоҳ гардидем як гуруҳ душманони миллат, фирориёни хориҷи кишвар дар Аврупо ҷамъ омада як ташкилот бо номи Кумитаи шаҳрванди наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНЗТ) –ро ташкил дода, мехоҳанд санаи 10 декабри соли 2018 дар пойтахти Олмон шаҳри Берлин гирдиҳамоие баргузор намоянд. Ин ҳам дар доираи ҳимоя аз ҳуқуқи башар (?), яъне террористону экстремистон ва дигар элементҳои ҷиноӣ.
Ташкилкунандагони ин “кумита”, ки аслан чан нафар наҳзатии беномус аст, пуштибонӣ аз зиндониёни аъзои ДИИШ дар Хуҷанд аст.
Ҳар як фарди солимфикр аз ин рафтори онҳо хулоса мебарорад, ки дидаю дониста ба амалҳои ифротгароёна даст зада истодаанд. Ин гуруҳи фурсатталаб аз ҳадафҳои нопок, терроризму таҳаммалнопазири худ ҳеҷ гоҳ даст намекашанд. Онҳо дар муносибаттарин фурсат ба аврупоиён низ хиёнат хоҳанд кард.
Пеш аз ҳама Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳидро лозим аст, ки фаъолияти ин гурӯҳхоро аз рӯзи созмондеҳи ва кадом корҳоро ба анҷом расонидааст мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, хулосаи даркорӣ барорад. Ба суханпардозию дӯруғгӯиҳои онҳо бовар накунанд. Зери ин гуруҳи хатарнок ҳар замон метавонад пӯсти худро иваз намояд.
Дар сомонаҳои интернетӣ онҳо бо фазлфурушию дӯрӯғҳои бофтаашон ва шиорҳои мардумфиребонаву зебо мехоҳанд мардумро гумроҳ намоянд. Аммо онҳо як чизро нодида гирифта исдодаанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, найрангу фиребҳои ин тудаи фазлфӯруши наҳзатиро дигар бовар намекунанд ва аз пайи онҳо низ намераванд.
Сокинони ноҳияи Носири Хусрав, мисли тамоми мардуми кишварамон пайомадҳо, найрангу дасисаҳои навбатии душманони миллатро медонанд ва онҳоро маҳкум менамояд.
Алиева Сурайё – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав