Гоҳе дар Полшаю Германия ва ё гоҳе дар дигар гӯшаҳои аврупо кӯрнамакон, ватанфурӯшони наҳзатӣ аҳду паймонҳои дуруғин баста, мехоҳанд ҳодисаҳои соли 90-уми асри гузаштаро боз як бори дигар ба миён оварда, Тоҷикистони биҳиштосори моро ба хоку хун кашида, мардумро парешону сарсон намоянд ва давлати зебои тоҷиконро бархам диханд.
Наҳзатиёни террорист ободию пешравии Ватани азизи моро дидан намехоҳанд. Агар онҳо дӯстдори Ватан бошанд чаро дар ҳаққи ин Ватану мардумонаш гапҳои дурӯғу сафсатаҳои беақлона мезананд. Ҳайфи шумо барин ҷавонмардоне, ки ватанфӯрушӣ карда, боз даъвои ватандорӣ мекунед. Ин Ватан барои шумо баринҳо Ватан нест. Шумо дар ҳақки ин Ватану ин миллат чи хизмат кардед, ки боз даъвои ватанхоҳию миллатдорӣ мекунед.
Тибқи ҷадвали мувофиқа ва тасдиқгардида роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 5.03.2019 дар Маҳаллаи Сангоба 1 ҷамоати деҳоти Наврӯз –и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон, бахшида ба Рӯзи Модар вохӯри дар мавзӯи «Модар Сарҷашмаи ҳаёт» баргузор гардид.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили иди Рӯзи Модар бо хотири арҷ гузошта ба офарандаи инсоният ва қадр намудани ранҷу машаққатҳои он ,эҳтиром ба зан модар бахшида ба Рӯзи “Иди Модар” рӯзи 7-уми марти соли 2019 дар Маҳаллаи Арабхонаи Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” бо иштироки занону духтарони сокини Маҳалла ҷамъомади бошукуҳи фарҳангию сиёсӣ баргузор гардид.
Вобаста ба иҷрои замимаи 3-и Нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав оид ба татбиқи амалии аксияи ҳизбии таҳти унвони “ Якҷоя ҳал мекунем!” аъзоёни ҳизби ташкилоти ибтидоии Маҳаллаи Навобод бо роҳи ҳашар бинои ҷамъиятии Маҳалларо бунёд намуда, дар арафаи ҷашнгирии иди Наврӯзи байналмилал дар вазъияти тантанави онро ба истифода медиҳанд.
Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали таҳия ва тасдиқгардида Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 4-уми марти соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маҳаллаи Навобод ҷамоати деҳоти “Фирӯза” -и ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Ҷиҳати иҷрои нақшаи корӣ ва ҷадвали таҳия ва тасдиқгардида Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар таърихи 28-уми феврали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маҳаллаи Арабхона Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” -и ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рӯ ба рӯ бо мардуми Маҳалла чорабинии ҳизбӣ баргузор намуд.
Вобаста ба иҷрои замимаи 3-и Нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав оид ба татбиқи амалии аксияи ҳизбии таҳти унвонии “ Якҷоя ҳал мекунем!” аъзоёни ҳизби ташкилоти ибтидоии Маҳаллаи Мирзообод роҳи байни кӯчаҳои Маҳалларо тахту ҳамвор намуда, дар масофаи зиёда аз 600 метр кӯчаи марказии деҳаро санфарш намуданд.
Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали таҳия ва тасдиқгардида Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 25-уми феврали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маҳаллаи Мирзообод Ҷамоати деҳоти “ Наврӯз” -и ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҳалла чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Ҳозирини гиромӣ !
Имрӯз мардуми шарафманди мо ҷашни 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллиро дар фазои орому осоишта ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, яъне 28-умин солгарди Истиқлолияти дав-латии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд.
Pages
СУРОҒАИ МО
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Носири Хусрав
кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9
Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.