Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили иди Рӯзи Модар бо хотири арҷ гузошта ба офарандаи инсоният ва қадр намудани ранҷу машаққатҳои он ,эҳтиром ба зан модар бахшида ба Рӯзи “Иди Модар” рӯзи 7-уми марти соли 2019 дар Маҳаллаи Арабхонаи Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” бо иштироки занону духтарони сокини Маҳалла ҷамъомади бошукуҳи фарҳангию сиёсӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Алиева С. занон модаронро ба идашон табрик гуфта аз модарону бонувони Маҳалла даъват ба амл овард, ки фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода намуда онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд. Ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Аз ҷониби ҷавонону наврасон бахшида ба Иди Рӯзи Модар саҳнаҳои ҷолиб ва ҳар гуна сунатҳои миллии фарҳангии миллатамон аз қабили ороиши мӯй, ҳунарҳои мардумӣ ва расму оини қадимаро намоиш доданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ба қатор занону духтарони фаъоли иштирокчиёни ҷамъомадро бахшида ба Рӯзи “Иди модар” бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳои ҳизби сарфароз гардонида шуданд.
Аз рафти баргузори ҷамъомад аксҳо бардошта шуданд
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи
Носири Хусрав С.Алиева