Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали таҳия ва тасдиқгардида Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 4-уми марти соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маҳаллаи Навобод ҷамоати деҳоти “Фирӯза” -и ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сокинон оид ба ҳадафҳои пайгиронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои муайнгардидаи Солҳои 2019-2021 эълон гардидани солҳои Рушди деҳот , сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва саҳм гузоштан дар истиқболу таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин тақвият бахшидан ба амалигардонии ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон “ Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ “ эълон гардидаро ҳаматарафа фаҳмонида доданд.
Қайд карданд, ки вазифаи ҳар як фарди ватандӯст аз ҷумла аъзои ҳизб, барои боз ҳам ободу зебо ва рушд намудани Ватан ҳисаи сазовори худро бо масъулияти баланд ба роҳ мондан мебошад. Аъзоёни ҳизби ташкилоти ибтидоии Маҳаллаи Навобод бо ҳисси масъулиятшиносӣ ҷиҳати обод гардонидани Маҳалла корҳои ободониро ба роҳ монда, ба нақша гирифта буданд, ки бинои ҷамъиятии Маҳалларо, ки иборат аз 3 утоқ мебошад сохтмонашро ба анҷом расонида рӯзҳои наздик ба истифодабари дода мешавад, ки як утоқи он дафтарии кории раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маҳалла мебошад.
Дар қисмати амали Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзоёни ҳизб атрофи биноро тоза намуда, дар назди бино боғи дарахтони мевадиҳанда шинониданд.
Ба саволу дархостҳои аъзоёни ҳизби Маҳалла ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд.
Аз рафти баргузории вохӯри аксҳои бардошта шуданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Носири Хусрав Алиева С.