Нахзатиҳо ва пайравонашон асло ғамхорӣ миллату Ватан шуда наметавонанд! Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

Гоҳе дар Полшаю Германия ва ё гоҳе дар дигар гӯшаҳои аврупо кӯрнамакон, ватанфурӯшони наҳзатӣ аҳду паймонҳои дуруғин баста, мехоҳанд ҳодисаҳои соли 90-уми асри гузаштаро боз як бори дигар ба миён оварда, Тоҷикистони биҳиштосори моро ба хоку хун кашида, мардумро парешону сарсон намоянд ва давлати зебои тоҷиконро бархам диханд. Яке аз бозичахои ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ Шарофиддин Гадоев бо вуҷуди бахшиданҳо ғаризаи манқуртиаш имкон надод ислоҳ шавад ва ба ин рафтораш мисли қаҳрамони романи Чингиз Айтматов ҳатто ба дили модари пиронсолаш, ки аз дидани фарзандаш хушҳол буд, неши ҷонкоҳ зад.

Дар маҷмуъ, чунин манқуртони хоҷапараст омадаанд, мисли солҳои навадум шарафу номусро пушти по карда ба синаи падару модару бародаронашон тиру ханҷар зананд. Маврид ба зикр аст, ки аз нақшаю мақсадҳои пасипардагии роҳбарони ТЭТ   ҲНИ   ва дигар аҳду паймонҳои басташудаи хоинони давлату миллат мисли Кабирии лаънатӣ хуб шинос ҳастан ва кайҳо боз фаҳмидем, ки онҳо дар пайи ободиву шукуфоии Ҷумҳурии азизамон набуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро бори дигар ба хоку хун кашида, мазҳабу равияҳои дигарро ба сари мардуми мо иҷборан бор намоянд.

 Мо мардуми шарифу сарбаланди Точикистон якҷоягӣ зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Ватанро аз вартаи нестшавӣ ва милатро аз парокандагӣ нигоҳдошт ва Тоҷикистонро ҳамчун як давлати воҳид дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд, ҳамқадамем намегузорем, ки гурӯҳҳои фитнаангез ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллии мо халал ворид созад.

Шарипов Салимҷон,  узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.