Ҷиҳати иҷрои нақшаи корӣ ва ҷадвали таҳия ва тасдиқгардида Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар таърихи 28-уми феврали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маҳаллаи Арабхона Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” -и ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рӯ ба рӯ бо мардуми Маҳалла чорабинии ҳизбӣ баргузор намуд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият, ҳадафҳои пайгиронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи вазифаҳои муайнгардидаи Солҳои 2019-2021 эълон гардидани солҳои Рушди деҳот , сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва саҳм гузоштан дар истиқболу таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидан ба амалигардонии ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон “ Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ “ эълон гардидаро ҳаматарафа фаҳмонида доданд.
Қайд карданд, ки вазифаи ҳар як фарди ватандӯст аз ҷумла аъзои ҳизб, ба татбиқи барномаи ҳизб эътибори ҷидди диҳад ва дар доираи имконоти худ ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта барои боз ҳам ободу зебо ва рушд намудани Ватан ҳисаи сазовори худро бо масъулияти баланд ба роҳ монад. Аъзоёни ҳизби ташкилоти ибтидоии Маҳаллаи Арабхона бо ҳисси масъулиятшиносӣ барои ҳалли мушкилотҳои ҷойдоштаи Маҳалла корҳои ободониро ба роҳ монда, барои ободу зебо гардонидани гирду атрофи деҳа саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар қисмати амали Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзоёни ҳизб ҷую обравҳои дохили Маҳалларо тоза намуда, навдаҳои пасти дарахтони қади ҷуйборҳоро тоза намуданд.
Ба саволу дархостҳои аъзоёни ҳизби Маҳалла ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд.
Аз рафти баргузории вохӯри аксҳои бардошта шуданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Носири Хусрав Алиева С.