Наҳзатиёни хоҷапараст меҷаканду Тоҷикистон ба роҳаш меравад! Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзат ба хотири бегуноҳ нишон додани чанд тан аз дуздону террористон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбати онҳо дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоӣ ташкил карданианд. Шунидани ин хабар ягон нафар шахсеро, ки Тоҷикистон ва миллати азияткашидаи он барояш азизу мӯътабар аст, бетараф гузошта наметавонад. Дар ҳолате, ки ноҳақро ҳақ бароварданӣ мешаванд ва ё хоину душмани халқ, дузд, шайтону ҳиллагар ва ба ҳамин монанд одамонро тарафдорӣ менамоянд, кас меҳоҳад чанд ҳарфе ба муқобили ин дурӯғбофиҳо гуфта бошад.

Оё бо иштироки чанд тан наҳзатии гумнасаб ва чанд тани гумроҳшуда дар гирдиҳамоӣ гуноҳҳои содиркардаи муовини роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳаммадалӣ Ҳаит, дуздиву азхудкунии моликияти давлатӣ аз ҷониби Зайд Саидов ва ҳиллагариву мошенникии Бузургмеҳр Ёров бахшида мешавад? ташкилоти террористии наҳзати ислом, ки имрӯз онро дар Амрикою Осиё чун ҳизби террористӣ мешиносанд (нигаред ба гузориши нашрияи Амрикоӣ «Настоящее Время», ки чӣ менависад) ва собит шудааст, ки он дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, кушторҳои шахсиятҳои маъруф, кӯшиши табаддулоти давлатӣ, куштори сайёҳони хориҷӣ даст дорад ва кирдорҳояшонро маҳкум менамоянд. Офарин ва сад офарин ба Айёмиддин Сатторов (собиқ таблиғгари ТТЭ ҲНИ), ки ба ҳамаи гуноҳои кардаи худ ва ин ҳизбу роҳбарони он ошкоро иқрор гардид. Суханони иқрориро ӯ дар баробари баромади телевизионӣ дар кишвар, дар маҷлиси солонаи САҲА дар Варшава дар ҳузури Кабирӣ ва косалесонаш баён дошт.

Баромади телевизонии Сайид Қиёмиддин Ғозӣ (бо ном генаерали мардумӣ) магар далели гунаҳкор будани роҳбарони ТТЭ ҲНИ нест, ки имрӯз яку якбора озод кардани онҳоро талаб менамоянд?!
Як чиз бароям аҷиб аст, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат наменамоянд. Чаро? Дар ин ҷо ҳикояи табибе ба хотирам расид, ки вақти гузаштан аз пеши мазор рӯяшро аз мурдагон мепӯшонидааст.Аз ӯ пурсиданд, ки чаро аз мурдаҳо рӯи худро пинҳон медорӣ? Ҷавоб додааст, ки аз онҳо шармам меояд. Бештари онҳо аз дорую дармони ман ба ҳалокат расидаанд. 
Роҳбарони миллатфурӯшӣ ТТЭ ҲНИ мисли ҳамин табиб аз он мусибате, ки ба сари миллати худ овардаанд, шарм медоранд. Медонанд, ки ба мардуми оддии Тоҷикистон муроҷиат намоянд, дар ҷавоб мушти оҳанин ба даҳонашон мехуранд. Бинобар ин, аз онҳое, хоҳиши дар ин гирдиҳамоӣ иштирок намуданро менамоянд, ки бо ҷурме дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд.
Пастӣ, давлату миллатбадбинии наҳзатиёни лаънатиро бинед, ки аз шарикони Ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо хоҳиш намудаанд, ки ба мардуми мо кӯмакхои иқтисодӣ ва молӣ нарасонанд.
Баъди хондани хабар ба Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш гӯшрас карданиам, ки гирдиҳамоии ба нақшагирифтаатон боис мешавад, ки нафрати мардуми Тоҷикистон нисбати ту, ҳизбат ва думравонат боз ҳам зиёдтар гардад. Медонед, ки дар ин ҳолатҳо халқ - бузургтарин қувва чӣ мегӯяд? 
Инро хуб медонед. Фаромӯш карда бошед, ба ёдатон меорем: «Саг меҷакад, вале корвон ба роҳаш меравад». Яъне наҳзатиёни хоҷапараст меҷаканду Тоҷикистон ба роҳи созандагиву бунёдкории худ идома медиҳад.

С. ХАЛИЛЗОДА - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.