Ҳизбиён аз баргузории курси бозомӯзӣ таассуроти нек гирифтанд

Мутобиқи  ҷадвали  баргузории  курсҳои  бозомӯзӣ  дар  шаҳру  ноҳияҳои  минтақаи  Бохтари  вилояти  Хатлон  дирӯз   дар Қасри   фарҳанги  ноҳияи Нсири Хусрав  бо иштироки   кормандони  Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, бо  раисони   ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ, вакилони  Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия, ҷамоатҳо  ва   фаъолон,  курси  бозомӯзӣ  баргузор  гардид.

Курсӣ  бозомӯзиро  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  оғоз карда, мақсади баргузории курси бозомӯзиро ба ҳамагон фаҳмонид.  

Баъдан узви  Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии  ҲХДТ,  раиси  ноҳияи  Носири  Хусрав   Нуриддин  Садриддинзода   азнамояндагони Дастгоҳи  КИМ  ҲХДТ  барои  ташкилу  баргузории   чунин    курсҳои  бозомӯзӣ, ки  дар баланд  бардоштани   маънавиёт,  маҳорату  малакаи  кордонӣ ва  ташавббускориро  дар  байни  аъзои   ҳизб  боло  бурда,  дар  боло  бардоштани   обрӯ ва  нуфузи  ҲХДТ  дар  ҷомеамусоидат мекунад, изҳори миннатдорӣ баён кард. 

Аз  рӯи  барномаи курси  бозомӯзӣ дар  мавзӯъи  “ Тақвият  бахшидани  фаъолияти  ташкилотҳои  ҳизбӣ дар  минтақаҳо ва  баланд  бардоштани дониши  сиёсии  раисони  ташкилотҳои  ибтидоӣ"   кормандони  Дастгоҳи  КИМ ҲХДТ  Шоҳиён  Абдураҳим  Маҳмадулло ва  амалигардонии  ҳадафҳои  Оинномавӣ  ва  Барномавии  ҲХДТ дар  ташкилотҳои  ибтидоӣ, Наимов Маҳмадулло   в дар  бораи   “Кадрҳо-меҳвари  рушд  ва   устувори  давлат”,

Ҳамидиён  Илҳомҷон  дар  мавзӯъи  “Тарзу  услуби  замонавии  таблиғу  ташвиқ бо  истифода аз  техналогияи  муосири  электронӣ ва  истифодаи  самарабахши ВАО дар  маъракаҳои  сиёсӣ” лексияву  суҳбатҳо намуданд.  Дар  баргузори  суҳбату  вохӯриҳо аз  техналогияҳои  муосири  электронӣ                                                      

истифодашуда намоиш  дода  шуданд.

Дар охир  иштирокдорони  аз курси бозомӯзӣ  ба худ  таасуроти нек бардоштанд.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.