Сафарбар намудани сокинон ба корҳои хоҷагидориву кишоварзӣ

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  маҳаллаи Дӯстии ҷамоати деҳоти  Фирӯза  бо мақсади амалигардонии Соли тақвият бахшидани робита  бо маҳал, татбиқи амалии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси худшинносии миллӣ, бартараф намудани ҳисси бегонапарастӣ, ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ,  паст  намудани сатҳи бекорӣ, истифодаи дурусту самараноки замин ва ҷалби онҳо ба хоҷагидорӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид. 

Вохӯриро раиси    Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар   ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ намуда қайд кард, ки имрӯз сокинони маҳалла бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ ҷиҳати амалӣ намудани  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, бо тайёрии мукаммалу ҷолиб чунин чорабинӣ баргузор намуданд.

Барои фаҳмонидани тарғиби самараноки истифодаи замин дар  байни сокинон бо мақсади иҷрои таъмини амнияти озуқавории кишвар, амалигардонии  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия Муродов Раҳмон оид  ба  масъалаҳои  ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ, ташкили корҳои хонагӣ, густариши урфу одатҳои неки мардумӣ дар рушду нумуи кишвар ва тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа ва ҷудо намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок маълумот дода қайд намуд, ки урфу одатҳои мардумиро таҳлил намоем ва мвриди омӯзиш қарор дода, ҳикмату фалсафаи онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаамон мавриди амал қарор диҳем.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.