Дар тули таърих тоҷикон шаҳди давлату давлатдорӣ, тамаддуну фарҳангофариро бисёр чашида, аммо шикасту заволро низ зиёд дидаанд. Дар ин росто, гирдоби балое, ки дар охирҳои садаи ХХ давлати навини тоҷиконро домангир шуд, дар ҳақиқат бақои онро зери суол бурд.
Дар ин ҳангом Офаридгор ба бахти мардуми кишвар рӯйи кор омадани фарзанди содиқу вафодор, матин ва далеру номбардор – Эмомалӣ Раҳмонро муносиб донист. Тавассути хирад, шуҷоату қатъият ва ҷонбозиҳои ӯ марзу буми кишвар аз вартаи нестиву ҳалокат эмин монда, рукнҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ эҳё гардид, мардуми овораву саргашта ба Ватан бозгардонида шуд, ваҳдату ҳусни тафоҳум дар ҷомеа барқарор гардид. Ӯ буд, ки аркони давлатдории муосири миллӣ дар кишвар пайрезӣ гардид, рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин ва ҳадафҳои стратегӣ рӯи даст гирифта шуд, ки ҳоло ба бахти мардуми тоҷик амалӣ шуда истодааст.
Албатта ҳамаи корнома, шуҷоъату мардонагӣ ва ҷаҳду талошҳои ин абармарди дунёи сиёсатро наметавон дар чанд саҳифае ғунҷонд. Ҳамчун шаҳрвандони ин давлати соҳибистиқлол баъзе нуқтаҳоро аз он корнамоиҳо хотиррасон менамоем.
Дар ҳақиқат, доштани конститутсияи комил ва ҳокимияти қавии конститутсионӣ яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлатҳои устувору соҳибистиқлол мебошад. Шаклу сохтори сиёсии ҳар давлат, назму арзишҳои меҳварии ҳар ҷомеа ва сатҳи таракқиёти ҳар низоми сиёсиро маҳз аз моҳияти конститутсияи он муайян мекунанд.
Фаъолияти сиёсӣ ва давлатии Пешвои номвари мо, абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмон, шахсе, ки номаи сарнавишти миллат, санади бахту саодати миллӣ ва шиносномаи таърихии Тоҷиконро аз оташи таърих берун кашида, ба дасти миллат супорид, шахсе, ки бо ҷонбозиҳои худ халқро соҳиби шиносномаи давлатӣ, соҳиби аркони давлатдорӣ ва соҳиби давлати соҳибистиқлол намуд, маҳз аз ташаккул ва устувории Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, корномаи сиёсии у бо мафҳуми Конститутсия аз оғоз пайванди ногусастанӣ дошта, аввалин қадамҳо ба арсаи сиёсати бузург маҳз бо ҳамин маром, яъне «барқарории ҳокимияти конститутсионӣ» гузошта шуданд.
Ифтихор аз он дорем, ки Ватани азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки конститусияи устувор ва ҳокимияти конститутсионии пойдори худро дорад. Мувофиқи таҳлили коршиносони муътабари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз комилтарин ва пешрафтатарин дар ҷаҳон буда, ба шумори панҷ конститусияи беҳтарини дунё дохил мешавад.
Барои ба даст овардани чунин Конститутсияи комилу устувор ва барои соҳиб шудан ба ин шиносномаи пурифтихори худ миллат ва давлати мо роҳи басе душвор ва печидаеро пушти сар гузошт, ки ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт. Талош ва ташаббуси мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳия ва қабули аввалин конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фаъолияти минбаъдаи ӯ барои такмил ва татбиқи амалии ин санади таърихӣ худ як корномаи бузург аст. Танҳо ҳамин хизмати Ҷаноби Олӣ кофист, ки ӯро ҳамчун поягузори ҳуқуқии давлати навини тоҷикон эътироф намоем.
Бояд ёдовар шуд, ки мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии Пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси ғояҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад.
Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва ташхиси саҳеҳи воқеиятҳо дар пайи гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги кишвари мо шуд, бо гурӯҳҳо ва нерӯҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз намуд. Имрӯз, бидуни истисно,тамоми аъзои ҷомеа эътироф мекунанд, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар мамлакат аз бузургтарин хидматҳои пешвои миллии мост, хидмате, ки бо шарофати он Истиқлолияти Тоҷикистон устувор ва амнияти мардуми кишвар таъмин шудааст.
Барномарезиҳои оқилонаи Президент дар густариши фазои демократӣ, ки бо қолабшиканиҳои ҷасурона дар низоми иҷтимоиву сиёсӣ ҷараён мегирифт ва ҳамвора такмил мепазируфт, пайомади суботи беназир дар иродати сиёсӣ ҷараён мегирифт ва ҳамвора такмил мепазируфт, паёмади суботи беназир дар иродати сиёсӣ, нерӯи азими маънавӣ, тамкин ва таҳаммул бар асоси адлу хирад буданд, ки гардиши айём ҳақиқияташро ба исбот расонид.
Асл ва асоси пирӯзиҳои таърихии Эмомалии Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созандаи ӯст, ки бо нерӯи иродати бузург дар сатҳи сиёсати давлатӣ, барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама васила ва заминаҳоро муҳайё сохт. Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки ҷомеаро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард, бо татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар низоми собит ва фазои мусоидро устувор намуд, ки он сарчашмаи ҳамаи бунёдкориҳо, тараққиёт ва сарсабзиҳои кишвари мост.
Пешвои миллӣ ҳамчун кафили адолат, қонунмандӣ ва тартибот бо ҳифзи амнияти шаҳрвандон аз худсариҳои бюрократия, қонуншиканиҳо, ҳимояти ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон фазои муносиби эҷоди қонун ва риояти онро устувор намуд. Раванди мазкур дар шароити гузариш аз ҷомеаи тоталитарӣ ба бунёди асосҳои ҷомеаи демократӣ, дар ҳоле, ки ниҳодҳои ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар роҳи камолот қадам мебардоранд, хеле корсозу муассир хоҳад буд.
Миллати тоҷик дар марҳалаи басо ҳассоси таърих симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархоста ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифта аст. Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахустини ба сари қудрат омаданаш изҳор карда буд, ки: «Кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем».
Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ мекашид, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кудаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дустию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату чоплусӣ, номардию туҳмат гулӯгир намуда буд, ӯ масъулияти роҳбариро ба душ гирифта, умед ва боварро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо кард.
ӯ баъд аз 23 рӯзи савганди таърихиаш, моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
ӯ аз рӯзи ин қасами худ то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 21 бор гуфтушунид ташкил намуда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан ширкат варзидааст.
Сарвари давлат на танҳо ба қасамаш содиқ буд, балки барои иҷрои он фидокорона кӯшиш ба харҷ дод, ин вазифаи муқаддаси худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насохт. ӯ ҳамчун Сарвари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекард, рӯҳаш барои зиндагии ноороми кишвар, сӯхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиду қалбаш ба аҳволи мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунин як ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегӯфт: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем». Бо чӣ гуна дард ва бо чӣ самимият гуфта мешуданд, ин суханҳо. Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷойи зисти аввала баргардонида шуд, 36 ҳазор манзили тамоман ва ё қисман харобгашта дар як муддати кӯтоҳ барқарор гардид.
Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид медоранд, ки мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки бо вуҷуди вазъи ноустувори молиявию иқтисодии дар ҷаҳон идомадошта бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии дар наздамон қарордошта, яъне истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории кишварамонро таъмин кунем.
Бояд тазаккур дод, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо қадамҳои устувор гузошта шуда истодаанд. Натиҷаи он ҳама заҳмату талошҳои Президенти муҳтарам буд, ки дар таърихи 29.10.2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барпо шуда хушбахтона имсол агрегати аввали он ба кор андохта шуд.
Дар маросими оғози корҳои бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки яке аз марҳалаҳои муҳимми сохтмони ин иншооти бузург ба шумор мерафт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ аъзои Ҳукумати мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гуруҳ ҷавонони кишвар ҳамроҳӣ карданд.
Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ Нерӯгоҳи барқи обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори техникаи вазнин якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.
Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад.
Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум ба кор шуруъ намуда, агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр моҳи ноябри соли 2018 нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз намуд. Нури Роғун ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ғамхорӣ менамоянд. То имрӯз дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ бунёд шудаанд, ки аксари онҳо аҳамияти минтақавӣ доранд ва ба манфиати Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя равона гардидаанд. Ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони кишварҳо эътирофу борҳо қадршиносӣ гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон мебошад. Ва имрӯз ба шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистони маҳбуби мо устуворона ба пеш қадам мениҳад ва барои амалӣ гардидани ҳадафи олии сиёсати давлатӣ – фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум тамоми шароит фароҳам оварда шудаистодааст.
(Ҳангоми омода намудани мавод аз матолиби саҳифаҳои интернетии зерин истифода бурда шудааст: http://www.tvt.tj/ba-istifoda-dodani-agregati-yakumi-nerugokhi-barki-obii-rogun-raso-yak-mokhi-digar-mond; http://tajsohtmon.tj; http://www.hhdt-dushanbe.tj/views.php?id=872; http://www.khatlon.tj/node/979; http://www.din.tj/?q=node/1177).
У.А. Шарипов, узви фаъоли ҲХДТ