Яке аз хатарҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, таъсири экстремизм, терроризм, фундаментализм, сепаратизм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба оташ мебарад.
Бо мақсади ба ҳадафҳои геосиёсӣ расидан, давлатҳои пурқудрати ҷаҳон ташкилотҳои экстремистӣ-террористи ро дар чандин шакл бо роҳҳои гуногун созмон дода, роҳбарони онро ба воя расондаанд ва дар ин самт фаъолияти онҳо ба таври ҳамешагӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз баски дар минтақаи Осиёи Марказӣ аксарияти мардум пайрави дини Ислом мебошанд ва эътиқоду ҳиссиёти онҳо нисбат ба дину мазҳаби худ дар сатҳи баландқарор дорад, нозукӣ ва пайвастагии сокинонро аз дини Ислом сӯйистифода намуда, таъсири худро ба вазъи сиёсӣ расонида истодаанд.
Бояд қайд кард, ки солҳои охир ҳатто ҳизбҳое ошкор шуданд, ки бо мақсади ба даст овардани ҳокимият ва ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа роҳитахрибкориро интихоб намуда, аз шаклу усулҳои фаъолияти терроризми байналмилалӣ васеъ истифода мебаранд.
Барои мисол, собиқ «Ҳизби наҳзати ислом», ки айни замон дар ҳудуди кишвар ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шудааст, қаблан дарҷумҳурӣ ҳамчун ҳизби расмӣ фаъолият менамуд. Роҳбарон ва фаъолони ТЭТ «ҲНИ» то мамнуъ эълон шуданашон бо ҳар роҳу восита ҳамчун «каждум» ба баъзе аз сокинони беилму дониш, дур аз фарҳанги миллии тоҷикӣ, бемасъулият ва дилсиёҳи хоин башара таъсири амиқ расонида, ба майнаашон неш зада буданд, то ки қувваи онҳоро ҷиҳати сохтани давлати исломӣ равона созанд.
Аммо хушбахтона нақшаву ниятҳои ғаразноки ТЭТ «ҲНИ» босарварии яке аз набераи дӯстдоштаи Ҳумайни – Муҳиддин Кабирӣ ҷиҳати гузаронидани табаддулоти давлатӣ дар кишвари азизу маҳбубамон сари вақт ошкор ва пешгирӣ карда шуд.
Худ қазоват кунед, магар дар Ватани худ, ба модари худ, ба ноҳияи худ, деҳа, кӯчавахонаи худ, ки он ҷобароиҳар як сокини ватандӯст пур аз имон азизасту ҳар зарраи хоки он муқаддас аст, хиёнат кардан дуруст аст? Магар нисбати миллати худ, даст боло кардану яроқ гирифтан амали ҷавонмардона аст? На давлат, на ҳамватану ҳамдеҳавува на ҳамсоя ва ҳатто Худованд ин кирдори ваҳшонияти Кабирӣ Ибни Кофарро намебахшад.
Фариддуни Иброҳим