Рӯзи 8 августи соли 2020 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти «Наврӯз» ҷиҳати иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабули сайёри раиси ноҳия муҳтарам Нишонзода Даврон Назаралӣ баргузор гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 «Дар бораи баргузории фестивал, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021», бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар таърихи 29.07.2020 озмуни ноҳиявии «Хуришҳои миллӣ ва муосир» баргузор гардид.
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав тибқи ҷадвали баргузории Вохӯриҳо оид ба пешгирии амалҳои номатлуб шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, даст задан ба худкушӣ, содиршавии ҷинояткорӣ ва паҳншавии бемории сироятии Коронавирус дар таърихи 7 июли соли 2020 дар муассисаҳои таълимӣ ва бо шаҳрвандон мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуда ва маводҳои иттилоотӣ тақдим карда шуд.
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо оид ба пешгирии амалҳои номатлуб шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, даст задан ба худкушӣ, содиршавии ҷинояткорӣ ва паҳншавии бемории сироятии Коронавирус дар таърихи 6 июли соли 2020 дар ташкилоту муассисаҳо ва бо шаҳрвандон мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Соати 17:30 дақиқаи рӯзи 24 майи соли равон дар Бозори маркази нохияи Шаҳритус дар масоҳати 800 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад.
Дар таърихи 19.05.2020 аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба беморхонаи марказии ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) 20 адад либоси мухофизатӣ, ниқобҳои махсуси тиббӣ, маводҳои антисептикӣ ва маводҳои хӯрока аз қабили пиёз ва равған кӯмак расонида шуд.
Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо вируси даҳшатноки коронавирус дар кишвари мо низ доман паҳн карда истодааст, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» миёни сокинон боз ҳам пурзӯр намуда, риояи гигиена ва оромона ҳаёт ба сар бурданро талқин намуда истодаанд.
Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро миёни сокинон бо усули «хона ба хона» боз ҳам пурзӯр намуда, дар ҳар чорабинии ҳизбӣ таъкид менамоянд, ки риояи гигиенаи шахсӣ яке аз тадбирҳое мебошад, хатари коронавирусро б
Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар байни сокинон бо усули «хона ба хона» боз ҳам
Pages
СУРОҒАИ МО
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Носири Хусрав
кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9
Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.