СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТИББӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ДЕҲОТ БА КУЛЛӢ ТАҒЙИР ЁФТА ИСТОДААСТ

Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Ҷиҳати пешгирии  хатари  бемории  коронавирус  масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  доир ба  фаҳмонидани роҳҳои иловагии  пешгирии бемории  коронавирус  дар  деҳаҳаи   Муротеппа 1-и  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  бо  усули  «хона  ба хона»  вохӯрию суҳбатҳо    баргузор  намуда, аз сокинон  даъват  ба  амал  оварданд, ки қоидаҳои  беҳдоштро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  пешгирии  беморӣ варақаҳои  тавсиявиро тақсим намуданд. Ёдовар  шуданд, ки бештар  ба  гигиенаи  шахсӣ риоя намуда,  аз ҷойҳои серодам    ва  ҳар  гуна  ҷамъшавиҳои  безарурат  худдорӣ намоянд.

Сипас, бо  мақсади  расонидани  кумак вобаста  ба  безараргардонӣ  аз  ҳисоби  Кумитаи  иҷроия маводи  безараргардонии маҳлули хлор ва 140  дона  ниқобҳои тиббӣ   дастраси  сокинон  гардонида  шуд.  

Дар охир оид ба   истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ,  Президентӣ  ва  хоҷагиҳои  деҳқонӣ, хуб ба роҳ мондани кишти  такрорӣ  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ    вобаста ба вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир  аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ андешаронӣ карда шуд.

Бознашр аз сомонаи: http://hhdtkhatlon.tj/node/21571 

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.