Қабули сайёри раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Даврон Назаралӣ дар Ҷамоати деҳоти «Наврӯз»

Рӯзи 8 августи соли 2020 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти «Наврӯз» ҷиҳати иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабули сайёри раиси ноҳия муҳтарам Нишонзода Даврон Назаралӣ баргузор гардид.

         Дар қабули сайёр муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси Кумитаи идораи замин, мудирони бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳифзи муҳити зист, Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, намояндаи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия иштирок доштанд.

         Дар қабули сайёр 12 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун аз қабили: - сохтмони боғчаи бачагона, баланд шудани оби зеризаминӣ, гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сохтмони майдончаи варзишии замонавӣ, оиди гузаронидани қубури обгузар аз шоҳроҳи маркази Ҷамоат, ҷудо намудани қитъаи замин барои қабристон ва ғайра ба раиси ноҳия муроҷиат намуданд.

         Раиси ноҳия ба масъулин оид ба баррасии масъалаҳои гузошташуда, супоришҳои мушаххас дода талаб намуданд, ки дар муҳлатҳои муайянгардида ба шаҳрвандон ҷавоби хаттӣ ирсол намоянд.

IMG_20200808_083452.jpgIMG_20200808_082839.jpg

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.