Варзиш яке аз омилҳои асосии солимгардонии бадани инсон буда, он метавонад дар солим гардондани аҳли ҷомеа низ нақши созгор дошта бошад. Бунёди иншоотҳои гуногун дар кишвари мо ва баргузории мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ дар мамлакат аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлату Ҳукумат пайваста ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар ноҳия низ мардум ба варзиш шавқи беандоза доранд, ки ин аз таваҷҷӯҳи беандозаи ҳукумати ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ин самт дарак медиҳад. Иштироки фаъолонаи ҷавонписарон ва ҷавондухтарони ноҳия дар намудҳои гуногуни варзиш аз қабили футбол, волейбол пайваста машғул будани ҷавонписарону духтарон ба варзиш нишонаи он аст, ки ин мардум ба саломатии хеш диққат медиҳанд .
Дар ноҳия 79 адад иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор доранд, ки аз ин шумора 5 адад толори варзишӣ дар дохили муассисаҳои таълимии №1, 2, 6, 10, 26 , майдончаҳои варзишӣ дар назди 62 адад муассисаҳои таълимии ноҳия, 8 адад майдончаҳои варзишӣ дар назди идораву ташкилотҳои ҳудуди ноҳия , 9 адад майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳо мавҷуд мебошанд.
Барои дарёфти варзишгарони беҳтарин дар ноҳия пайваста бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаҳои варзишии гуногун дар байни ҷавонону наврасон аз қабили футбол, волейбол, гӯштини миллӣ, шашка, шоҳмот ва варзиши сабук баргузор мегарданд.
Дастпарварони мактаби варзишии ноҳия дар солҳои 2019 ва 7 моҳи соли 2020 дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявю байналмиллалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, соҳиби 203 медал , аз он ҷумла 61 адад медали тилло, 29 адад медали нуқра ва 113 адад медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Варзиш омили асосии тарбияи насли ҷавон низ маҳсуб мегардад. Варзиш насли навинро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба миллату меҳан тарбия менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста дастгирии ҷавонони варзишгари ноҳияро густариш бахшида, барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Мо ба ҷавонони ноҳия, бахусус варзишгарони ҷавон эътимоди бузург дорем.Насли ҷавони ноҳия имрӯз талош бар он дорад, ки дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд гузорад ва ба ватан содиқона хизмат намояд ва маҳз ҳамин варзиш аст, ки ҳисси ахлоқи писандидаро дар қалбҳои ҷавонон бедор месозад ва ӯро ба фатҳи қуллаи мурод раҳсипор менамояд.
Иштироки фаъолонаи ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гувоҳи он аст, ки ин насл барои солимии ҷисми хеш талош менамоянд, зеро ин насли ояндасоз медонад, ки он нафароне, ки ҷисман солим ҳастанд, ҳатман рӯҳан ҳам солим мебошанд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, кулли варзишгарони ноҳия ва дар симои эшон тамоми варзишгарони кишвари маҳбубамонро бо муносибати “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи онҳо саломатии комил, рӯзгори обод ва дар мусобиқаҳои варзишӣ муваффақиятҳои нав ба нав таманно менамоям.