Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 «Дар бораи баргузории фестивал, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021», бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар таърихи 29.07.2020 озмуни ноҳиявии «Хуришҳои миллӣ ва муосир» баргузор гардид.