Сухани табрикотии Раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Д.Н. бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ (18 августи соли 2020)

Ҳозирини гиромӣ!

            Табибони ҳозиқу меҳрубон!

      Зодрӯзи яке аз мутафаккирони Шарқ Абӯалӣ Ибни Сино, ки дар пешрафту инкишофи илми тибби ҷаҳонӣ саҳми босазои худро гузоштааст, ба рӯзи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ рост омадааст.

      Абӯалӣ Ибни Сино дар рушду пешрафти тиббӣ ҷаҳонӣ нақши муоссир дошта, ҳанӯз дар давраи зиндагиаш сазовори номи пуршараф  гардида, дастоварду кашфиётҳои илмиаш, аз ҷумла китоби «Ал-қонун – фит-тиб» то ҳанӯз китоби рӯи мизии олимони соҳаи тибби давлату миллатҳои  рӯи  замин буда, мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор дорад.               

        Абӯалӣ Ибни Сино олим, мутафаккир, шоир ва  нависандаи  барҷастаи  халқамон буда,  дар  осмони  илму  адаби  асри  Х1  монанди ситораи  муҷаллое  дурахшид ва осори  таърихии илми тибро аз худ ба  ёдгор гузошт.     

       Имрӯз маҳз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар кишварамон номҳои ноҳия, ҷамоат, деҳа, кӯча, боғ, хиёбон, донишкада,  қасри фарҳанг,  муассисаҳои  таълимӣ, омузишгоҳ, ҳатто корхонаҳо бо номи ин шахсияти шинохтаи   ҷаҳонӣ номгузорӣ шуда, пайкараҳояш низ   бешумор  қомат афрохтаанд.

      Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз иди касбии кормандони соҳаи тандурустиро ҷашн гирифта истодаем. 

       Ташаккул ва рушди ҷомеаро бе пешрафти соҳаи тандурустӣ тасаввур кардан  имконнопазир аст.Чунки ҷомеаи солимро инсони солим ба вуҷуд меорад.

         Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ҳисси масоили иҷтимоӣ, хусусан тандурустӣ, қайд менамояд, ки «Ҷомеаи солим аз фардҳои рӯҳан солим ташаккул меёбад».

          Пешравии  соҳаи  тандурустӣ  бешубҳа  аз таъминот, ҷо ба ҷо гузории дурусти кадрҳо, савияи дониши мутахассисон ва истифода аз дастовардҳои  навини илми тиб  вобастагӣ дорад.

        Айнӣ замон дар ноҳия 33 муассисаҳои тандурустӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад, аз ҷумла; як беморхонаи марказии ноҳиявӣ, як беморхонаи  минтақавии  рақамӣ, як маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳотӣ, 21 бунгоҳҳои саломатии деҳотӣ, як маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, як маркази пешгирии бемориҳои вируси норасоии масъунияти одам, як маркази ташакулли тарзи ҳаёти солим, як маркази пешгирии бемориҳои сил ва шуъбаи дезинфексия омодаи хизматрасонии тиббӣ мебошанд.

       Беморхонаи марказии ноҳия, дорои 155 кат буда,  беморхонаи минтақавии рақамӣ дорои 35 кат мебошад.

      Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия  25 нафар духтурони маълумоти олидор, 140 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.

Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино 35 нафар донишҷӯён аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил карда истодаанд, ки 18 нафарашон аз ҳисоби квотаи Президентӣ мебошад.

      Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустии ноҳия бо мутахассисони миёнаи тиббӣ гурӯҳҳои мақсадноки филиали коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар назди беморхонаи марказӣ 1-гурӯҳ бо 14 нафар донишҷӯ бо ихтисоси кори ҳамширагӣ таҳсил менамоянд.

       Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар ноҳия зиёда аз 35 нафар духтурони маълумоти олидор ва 16 нафар кормандони миёнаи тиб намерасанд.

      Баҳри рушди соҳаи тандурустӣ дар ноҳия бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии аҳолӣ дар давоми 10 соли охир, зиёда аз 10 бунгоҳҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. 

       Беморхонаи марказӣ ва беморхонаи рақамӣ  аз таъмири замонавӣ (косметикӣ) бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои тиббии навтарини замонавӣ таъмин гардонида шуданд.

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, онро соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ мешуморад ва ҳадафи асосии ислоҳоти соҳа дастрас будани хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ пеш аз ҳама ба табақаҳои камбизоати он, пиронсолону маъюбон ва модарону кӯдакон мебошад.  

       Айни замон дар ноҳия 1 беморхонаи сироятӣ дорои 110 кат ба нақша гирифта шуда, корҳои лоиҳакашӣ ба анҷом расидааст.

       Барои пешгирии интиқол ва пайдоиши паҳншавии бемории нави сироятии (COVID-19), дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва табақаҳои осебпазир, ки зери таҳдиди ин намуди касалии мебошанд,  назорати доимӣ равона гардида истодааст.

    Барои пешгирии паҳншавии касалии сироятии нави коронавирус (COVID-19) дар соҳаи тандурустии ноҳия, 1 адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ  ва таҷҳизотҳои тиббӣ аз ҷумла, оксегенератор, эвиэл, ренген, 2 адад сардкунак (кондиционер) ва дигар маводҳои лозима таъмин карда шуд.

     Ҳамзамон дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 1196 адад ниқоби муҳофизатӣ, 540 кг хока ва 50 литр моеъи  «Гипохлориди калсий», 60 литр собуни моеъ, 1565 адад дастпушак, 227 флакон маҳлули антисептикӣ, 126 адад либоси муҳофизатӣ ва зиёда аз 30 намуд дорувориҳо захира карда  шудааст.

      Аз  саршавии мавҷи якуми ин беморӣ то ҳозира шумораи қабули беморон оид ба гирифтори  касалии шадиди роҳи нафас  ҳамагӣ 39 нафар бистарӣ карда шуда, аз инҳо     5 нафарашон гирифтори бемории (COVID-19) мусбӣ муайян гардида, 2 нафар фавтидаанд ва 37 нафар сиҳат шуда, ҷавоб дода шудаанд.                              

       Бо мақсади суръатбахшӣ ба раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вусъат додани бунёди иншооту муассисаҳои тиббӣ, таъмиру тармими онҳо чораҳои имконпазир амалӣ шуда истодааст.

       Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо ин рӯзи фараҳбахш Шумо табибони ҳозиқу меҳрубон ва ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро ба муносибати  иди  касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрику муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, дар корҳои ояндаатон бурдбориҳо ва рӯзгори хушу осудаи беҳамторо таманно менамоям.

      Идатон  муборак ворисони Синои бузург!

20200818_094952.jpg20200818_091132.jpg

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.