Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Носири Хусрав муҳтарам Нишонзода Даврон Назаралӣ дар машварати августии омӯзгорон (12.08.2020)

Ҳозирини гиромӣ!

        Омӯзгорони мӯҳтарам,

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзиши олии соҳаи маориф эҳтиром  мегузорад.

Кулли  дастовардҳои соҳаи маориф ва илм бо талошу пайкориҳои  созандаи Пешвои  миллат, Эмомалӣ Раҳмон иртиботи  бевосита доранд. Воқеан, «агар ҳадафи мо бунёд кардани  ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, дастҷамъона рӯй ба ҷониби мактабу  маориф орем, зеро ояндаи ҷумҳурӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ аз мактаб сарчашма мегирад».

Яке аз бузургмардони  илму  адаби  точик Камолиддини Биноӣ  ҳанӯз дар асри  16-ум   фармуда   буд.

      «Пояи давлат нагардад бе маориф устувор, давлати пойдор хоҳӣ, рӯӣ бар мактаб биёр»

       Таъмини  рушди  устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани  обрӯю эътибори   кишвари  соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз  босифат тайёр кардани кадрҳои  соҳибкасб, лаёқатманд ва ҷавобгӯ ба тақозои  бозори меҳнат, ки  рушди устувори кишварро таъмин  карда  тавононанд, вобастагии бевосита дорад.    

        Нақши  донишҳои  ҳамаҷонибаи назариявӣ, методологӣ ва малакаҳои амалии касбӣ дар ин ҷода бениҳоят калон буда, дар замони  муосир ин гуна дониш ва малакаву салоҳиятҳои фикрронии эҷодкоронаву мустақилона, тафаккури интиқодӣ, муқовимат бо мушкилиҳо ва мустақилона ёфтани  роҳи ҳалли онҳо, саҳмгирии шахсӣ дар  таҳияи хулоса ва пешниҳодҳои судманд барои қабули қарорҳои дурусти идоракунӣ, истифодаи оқилонаи захираҳо ва роҳҳои самарабахши фаъолиятро, ки имрӯз аҳамияти аввалиндараҷа касб карданд, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама  омӯзгорон дода метавонад. Зеро омӯзгорон меъмори  рӯҳу ҷисми инсон буда, бо рушди инсон ва бо рушди  ҷомеа бевосита  сару кор  дошта, дар татбиқи стратегия ва барномаҳои рушди маориф масъулияти  бузург ва  вазифаи калидиро дар таъмини таҳсилоти босифат ба ӯҳда дорад.

        

       Ҳозирини гиромӣ!

      Омӯзгорони мӯҳтарам,

     Имруз машварати августии омӯзгорон баргузор  гардида истодааст, ки тамоми мардуми шарафманди ҷумҳурӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида истодаанд.

     Соҳаи маориф ва рушди он яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо эълон  шудааст.

    Тақозои замон ин аст, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои  таълимӣ бояд пайваста боло равад, ба талаботи таҳсилоти кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад.

     Ин вазифа низ аз ҷумлаи ҳадафҳои пешрафти давлати мо дар соҳаи мактабу маориф буда, барои муваффақ шудан ба он бояд дастаҷамъона талош варзем.

Пеш аз ҳама ин вазифаи асосии маорифчиён ва ҳамаи қишрҳои ҷомеъа мебошад.

      Бо мақсади беҳтар гаштани сатҳу сифати таълим  муассисаҳои таълимӣ пеш аз ҳама давра ба давра таъмиру азнавсозӣ карда шуданаш даркор. Муассисаҳои таълимии садамавии №5,12,16,18,23 алакай аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва 2 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ба истифода дода шуд ва №24  корҳои сохтмони идома дошта, як боғчаи бачагона барои 25 кӯдак дар деҳаи Тулаганов Ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳия дар арафаи ба истифодадиҳӣ мебошад.

      Айни замон дар 22 муассисаҳои таълимии ноҳия таъмир ба анҷом расонида шуда 84%-ро ташкил медиҳад, ки ба маблағи 168,4 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби падару модарон  ва 48000 сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ мебошад. Боқимонда муассисаи таълимӣ то оғози соли хониши 2020-2021 аз таъмир бароварда мешавад.

        Имсол соли хониши нав аз 17 августи соли ҷорӣ сар шавад. Мутаасифона муассисаҳои таълимии №№1,3,11,14-и ноҳия то ҳол пурра аз таъмир бароварда  нашудааст.

        Инчунин муассисаҳои таълимӣ бо сӯзишворӣ, яъне ҳезум ва ангишт барои зимистонгузаронии зимистони солҳои 2020-2021  қисман таъмин карда шудааст.

        Ҷиҳати таъмини бо либоси ягонаи мактабии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, мувофиқи шартномаи тарафайн аз 4591 адад либос, айни замон 2100 адад либос омода шуда, дастрасӣ оғоз карда шудааст. Ин нишондод  45,7 фоизро ташкил мекунад, ки ин басанда намебошад.

 Бо мақсади  инкишофи  зинаи  аввали  таҳсилот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷик-истон бо назардошти он, ки маҳз дар зинаи томактабӣ кӯдакон аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ  ташаккул меёбанд,  ба ин зинаи таҳсилот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Вобаста ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии кӯдакон ба гирифтани таҳсилоти томактабӣ дар ноҳия ба ҳолати 1 августи соли 2020 теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 6 адад ва шумораи тарбиягирандагон ба 310 нафар мерасад, ки дар муқоиса бо соли 2019,  1 адад муссисаи томактабӣ ва 30 нафар кӯдак зиёд мебошад. Дар робита ба амалӣ намудани талаботи барномаҳои давлатӣ дар самти ба роҳ мондани шаклҳои алтернативӣ дар соҳаи тарбияи томактабӣ ба ҳолати имрӯза дар  ноҳия 16 адад марказҳои инкишофи кӯдак бо фарогирии 338 кӯдак таъсис дода шуда, фаъолият доранд, ки  нисбат ба соли 2019 3 адад марказ ва 58 нафар кӯдак зиёд мебошад.

        Дар ноҳия 31 муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамояд, ки аз он 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як Гимназияи давлатӣ ва 5 боғчаи бачагона мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҳамагӣ 9181 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 698 омӯзгор таълиму тарбия  медиҳанд.

Муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия  бо 313 адад компютер,  4 адад тахтаи электронӣ, 6 адад диопроектор ва 66 адад принтер  таъмин мебошанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷиҳати  дохил  шудан  ба  муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ   тавассути  имтиҳонҳои Маркази миллии  тестӣ  баргузор  гашта истодааст. Ҷиҳати дохилшавӣ ба мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ соли 2020 хатмкунандагони синфи 11 дар ноҳия 675 нафарро ташкил намуда, 486 нафар ҳуҷҷат супорид,  ки ин 71,11%-ро ташкил медиҳад. Айни ҳол давраи ҷамъбастии имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расида, дар рӯзҳои наздик натиҷаи ниҳоии он маълум мегардад.

Дар муассисаҳои таълимии №№3,4, 5,7,8,15,16,17,20 ва 25-и ноҳия корҳои тарғиботӣ оид ба ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази миллии тестӣ суст ба роҳ монда шуда, дар натиҷа ба нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ шумораи ками хатмку-нандагони ин муассисаҳои таълимӣ ҳуҷҷат супоридаанд.

Муқоисаи таҳлилии дохилшавӣ тибқи ММТ, квотаи Президентӣ, хориҷи кишвар, ба мактабҳои касбии хусусӣ ва ғайра нисбати солҳои гузашта:

 

Соли таҳсил

Шумораи  хатмкунанда

Тибқи ММТ

Тибқи квота

Хори-ҷи киш-вар

Ба литсейҳои касбӣ

Ба

курсҳои кӯтоҳ-муддат ва ғайра

Ҳамагӣ дохил шуд

Бо фоиз

2016

613

86

19

34

51

235

485

69%

2017

674

110

19

38

61

237

465

69%

2018

652

186

19

94

25

97

421

64%

2019

652

174

19

71

21

69

354

54,2%

2020

675

?

19

5

?

53

?

?

 

 Дар соли 2019-2020 19 квотаи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатмкунандагони  муассисаҳои таълимии ноҳия ҷудо гардид, ки  аз он 10 нафар духтарон ба тариқи квота  ба донишгоҳҳо дохил шудаанд.

Дар назди шуъбаи маорифи но³ия марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шудааст, ки вазифаи асосии онҳо дарёфт, такомулу ташаккул ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои ҷавон ба шумор меравад.

Мусаллам аст, яке аз роҳҳои ҳавасмандгардонии хонандагон ба донишандӯзӣ баргузории олимпиадаҳои фаннӣ ба ҳисоб меравад. Дар  соли таҳсили 2019-2020, 9 нафар хонандагони муасси-саҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи вилоятӣ фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм  гардиданд.

Мутаасифона аз соли 2015  то ҳол аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ягон нафар дар ҳаракатҳои олимпиадаи  вилоятӣ ҷойи 1-умро сазовор нагашта ва дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ умуман барои иштирок роҳхат нагирифтааст!

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳияро зарур аст, ки  оиди таъмин намудани давомоти хонандагон ба дарсҳо ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.

29-соли Истиқлолият  дар инкишофи илму маориф таъсири мусбӣ расонид, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва фарҳангии худро озодона амалӣ мегардонад.

Баҳри мустаҳкам намудани, фаъолияти соҳаи маориф ва ба  стандартҳои  ҷаҳонӣ  ҷавобгӯ   будани  он  як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи  маориф» дар  таҳрири нав қабул гардид. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.      

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати омӯзгорон ҳамеша таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир намуда, ҳамасола оид ба баланд бардоштани музди меҳнати онҳо чораҳои амалӣ меандешад.

        Хушбахтона як хабари хуш ба маорифчиён, аз 1 сентябри соли 2020 музди маоши кормандони соҳаи маориф 15 фоиз баланд бардошта мешаванд.

Ҳозирини гиромӣ омӯзгорони азиз Шуморо ба муносибати  саршавии соли таҳсили нав, муборакбод намуда ба ҳамаи Шумо саломатӣ барори кор, дар хонадонатон рӯзгори босаодат орзумандам.

20200812_091410.jpg20200812_114147.jpg

 

 

 

 

Ҳамеша саломату хонаобод бошед омӯзгорони  азиз!

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.