ва ё андеша пиромуни ҳизби мардумие, ки зодаи тафаккури Пешвои миллат аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки онро бо истилоҳи дигар ба унвони ҲХДТ ном мебарем, бо ин ихтисор дар байни мардуми кишвар бештар маъруф аст. Вале ин ихтисор силсилаи ҳарфҳои холӣ набуда, дар муҳтавои он бозтоби арзишҳои як давраи таърихи миллат, идеология ва назару андешаи як қисмати бузурги ҷомеа маҳфуз аст. Имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст, ки теъдоде ҳизби моро ба унвони «ҳизби пешбарандаи ҷомеа», бахши дигаре «ҳизби аксарияти парлумонӣ» ва ҳатто баъзе «ҳизби ҳоким» меноманд.
Доир ба таърихи таъсисёбии Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон Пешвои миллат, Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ ба таври мушаххас андешаҳои худро иброз намудаанд, ки зарурат ба шарҳ надорад: «Тавре дар хотир доред, ҳанӯз дар айёми бисёр ҳассос - замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад.
Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем.
Баъди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии кишвар ва бо дарназардошти назару андешаҳои табақаҳои мухталифи ҷомеа ба хулосае омадем, ки тарҳи ҳизби нави сиёсиеро омода намоем, ки тавонад ҳизби ормонҳои мардумӣ бошад, дар меҳвари идеяи созандаи худ қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рӯҳониёнро муттаҳид созад.
Дар ин замина, тарҳи Ҳизби ХалқииТоҷикистонро, ки баъдтар вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа онро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номидем, омода сохтем ва фикр мекунам, ки иштибоҳ накардем.
Баъдтар раванди муборизаҳои сиёсӣ дар ҷомеа собит намуд, ки аҳзоби сиёсие, ки барномаи худро бар асоси ақидаи як гурӯҳи маҳдуди сиёсӣ, мисли атеизм ё исломгароӣ роҳандозӣ намуданд, муваффақ нагардиданд ва қисми зиёди ҷонибдорони худро аз даст доданд».
Дар ҳамин давраи ҳассос, ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, пас аз интиҳои давлатдории Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷомеа маҳфумҳои наве мисли «рӯшанфикрон», «демократия», «ошкорбаёнӣ» арзи вуҷуд намуданд. Рӯшанфикрон ва ё демократҳо дар зеҳни мардум ғолибан ба унвони намояндагони тафаккури нав, дигарандешон, ҷонибдорони навовариву ислоҳот пазируфта шуданд. Бахши бузурги ҷомеа аз онҳо хуб истиқбол намуд. Вале ба зудӣ аз ҷониби кишварҳое, ки дар Осиёи Марказӣ ҳадафҳои геополитикӣ доштанд, ин неруи навандеш таҳти контрол гирифта шуд. Илова бар ин, бахше аз рӯҳониёни кишвар низ ба ин гурӯҳ пайваста, дар муддати хеле кӯтоҳ дар он нуфузи зиёд пайдо карданд. Ин амал боис бар он гардид, ки ба ҷои зина ба зина ва бо равиши нарм ҷорӣ намудани ислоҳот, гурӯҳҳои «рӯшанфикрон» даст ба таҳаввулоти куллӣ заданд, ки ҳанӯз ҷомеа барои пазируфтани он омода набуд. Ин амал сабабгори тезу тунд шудани вазъият дар ҷомеа ва алайҳи ҳам сангар гирифтани гурӯҳҳои мухталиф гардид, ки оқибат дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро бо паёмадҳои хеле даҳшатбор эҷод кард.
Пас аз ин падидаҳои номатлуб дар зеҳни бахши азими ҷомеа маҳфумҳои «рӯшанфикр», «демократ» ба наҳви дигар ҷилвагар шуданд ва ҳамоҳанг бо истилоҳи «ҷангҷӯй», «вайронкор», «низоъбарангез» ва мисли ин садо медоданд. Яке аз сабабҳои дар ибтидо ҳамчун Ҳизби Халқии Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва баъдтар ба хотири пурра ифода намудани ғояҳояш тағйири ном кардани он низ ба воқеияти зикргардида, яъне маънии манфӣ гирифтани маҳфуми «демократия» дахл дошт. Гумон мекунам, таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ва ба хотири пиёда сохтани ҳадафҳои муғризонаи худ ба ҳайси ниқоб истифода намудани гурӯҳҳои маълум ин маҳфумҳои аслан арзишмандро дар зеҳни теъдоде аз мардум то ҳол «сафед» накардааст.
Мигел де Сервантеси хирадманд ба ин маънӣ фармудааст, ки таърих- хазинаи аъмоли мо, шоҳиди гузашта, намуна ва дарси ибрат барои имрӯз ва ҳушдор барои фардост. Баъд аз гузашти солҳо, чун шоҳиди зиндаи воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта, ба хулосае меоям, ки дар вазъияти хеле ҳассос, ки як иқдоми нодуруст метавонист оташи нави ҷангу хушунатро дар ҷомеа афрӯзад, Пешвои миллати тоҷик, Роҳбари муаззами ҳизби мо тавонистанд, ки бо дарназардошти афкору андешаи қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳи дурусти рушди кишварро муайян ва интихоб намоянд.
Солҳои охири асри 20-ум тасмими нодуруст ва шитобкоронаи роҳбарияти вақти Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба вижа М.С. Горбачев боиси он гардид, ки яке аз абарқудраттарин давлати дунё дар ҳоли аз лиҳози иқтисодӣ хеле заиф будан пош хӯрад ва ба ҷумҳуриҳое, ки солҳои тӯлонӣ як ҷузъи он буданд, ба ҷуз мушкилоти миёншикан чизе мерос нагузорад. Ин ҳолат таҳаввулоти баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро мемонд, ки давлатҳои абарқудрати дунё бо роҳнамоии СММ паиҳам аз сиёсати мустамликадорӣ даст кашиданд ва беш аз чиҳил давлати дунё озодии мутлақро соҳиб гардиданд, вале танҳо шахсиятҳое мисли Сарвазири Сингапур Ли Куан Ю ва Сарвазири Малайзия Моҳатҳир Муҳаммад ва чанде аз пайравони эшон дар кишварҳои Осиё ва Африқо тавонистанд, ки миллат ва давлати худро аз вартаи фақру хушунат наҷот диҳанд. Вале аксарияти кишварҳое, ки аз зери юғи мустамликавӣ наҷот ёфтанд, то ҳанӯз иқтисодашон заиф буда, дар банди ҷангу низоъ ва фақру бе-навоӣ қарор доранд.
Мутаассифона, таҷрибаи Чин, ки бо сиёсати хирадмандонааш Ден Сяопин тавонист ин кишвари баъд аз таҷрибаҳои Мао Зедун, бахусус «инқилоби фарҳангӣ» муфлисшударо наҷот бахшад, ба роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ дарс нашуд. Ден Сяопин равиши хосеро дар ташаккул ва такмили сиёсат ва иқтисодиёти Чин интихоб кард, ки имрӯз барои ба яке аз кишварҳои пешрафта ва мутараққии ҷаҳон табдил ёфтани он заминаи устувор гузошт. «Чи тафовут дорад, ки гурба кадом ранг аст, муҳим ин ки мушро шикор кунад», ин мақолаи дӯстдоштаи «падари раванди ислоҳот» дар Чин буд. Ӯ дар ин замина тавонист, ки як мудели махсуси чиниро роҳандозӣ кунад, ки беҳтарин анъанаҳои миллӣ, динӣ, фарҳангӣ ва сохти иҷтимоию муносибатҳои бозориро ҳамоҳанг созад. Бо вуҷуди он, ки дар дохил ва хориҷ аз кишвар муқобилони зиёд дошт, ба ӯ муяссар гардид, ки «обу оташ», яъне сохти иҷтимоӣ ва сармоядориро бо ҳам оштӣ диҳад. Ӯ тарҳеро рӯи кор овард, ки иқтисод ва тиҷорат озод буданд, вале тақсимоти одилонаро давлат ба зиммаи худ гирифта буд.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ баръакс, шитобкорона ва бидуни таҳлили амиқ сохтори таҷрибашударо мешикастанд ва ба ҷои он арзишҳои ғарбиро нусхабардорӣ мекарданд, ки ногузир ба иқтисодиёти давлат зарбаи муҳлик зад. Ин равиш ба роҳбарони вақти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонд. Қисмате аз онҳо намехостанд, ки аз усули пешинаи роҳбарӣ, ки ба он хӯ гирифта буданд, даст кашанд, вале бахши дигаре дар пайравӣ ба «неодемократҳо»-и ғарбгарои рус ва созмону кишварҳои исломӣ, ислоҳоти фаврӣ ва бидуни таъхирро талаб мекарданд. Паёмади ин мухолифат ниҳоят Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид, ки даҳҳо ҳазор қурбониён ва садҳо ҳазор гурезагонро барҷо гузошт.
Сарвазири Малайзия Моҳатҳир Муҳаммад дар рӯзҳои нахустини роҳбарии худ хитобан ба кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гуфта буд: «Хоҳиш мекунам, ба мо имкон диҳед, ки афзалиятҳои миллӣ ва иҷтимоии хешро худ муайян намоем. Интизор набошед, ки ба хотири эҳтиром ба принсипҳои либерализми иқтисодӣ, мо манфиатҳои халқ ва кишвари худро пеши манофеи хориҷиён қурбон хоҳем кард». Сарвар ва раҳнамои давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар рӯзҳои аввали роҳбарии худ аз ҳамин принсип кор гирифт ва манфиати миллату кишвари худро фарози ҳама гуна манфиатҳо гузошт.
Бархе то ҳол таассуф мехӯранд, ки чаро ҳамон солҳои низоми сиёсии Иттиҳоди Шӯравиро ҳифз накардем, чаро дар заминаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, танҳо бо тағйири ном, вале ҳамон шеваи сиёсӣ ҳизби дигареро таъсис надодем? Бале, Ҳукумати Шӯравӣ дар як давраи муайяни таърихӣ барои бунёди давлати миллӣ ва рушди тамоми самтҳо: иқтисод, илм, маориф, тиб, фарҳанг ва мисли ин корҳои қобили таҳсинеро анҷом дод, ки воқеан фаромӯшнокарданист. Вале кам касе сари ин чиз андеша меронад, ки бо вуҷуди ҳамаи имтиёзҳое, ки сохти Шӯравӣ дошт, Ҳизби Коммунист натавонист ормонҳои милливу динӣ, таърихиву фарҳангии халқҳои узви иттиҳодро дар худ таҷассум намояд. Иллати дар фурсати хеле кӯтоҳ аз байн рафтани ин ҳизби пуриқтидор, ки беш аз шашяк ҳиссаи сайёраро таҳти нуфуз қарор дод, таълимоти таҳмилшудаи он буд, ки аз муросо ва ҳамоҳангӣ бо арзишҳои миллӣ парҳез мекард. Онро ба унвони як «клише»-и фарсудашуда ва ё устура аз эътибор соқит намуд. Баъдтар, тавре ки зикр намудем, дар мисоли Ҷумҳурии Мардумии Чин собит шуд, ки ҳароина бардоштани ин маҳдудиятҳо ва ҳамоҳанг сохтани идеологияи ҳизбӣ бо арзишҳои суннатии миллӣ танҳо гарави пешравӣ ва рушд хоҳад буд.
Вале солҳои навадуми асри гузашта вазъият дар Тоҷикистон ба наҳве дигар буд. Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёд бар асоси арзишҳои динӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ пайдо шуданд, ки қабл аз ҳама ба ваҳдати миллии тоҷикон зарбаи ҷонкоҳ заданд. Мухолифати нисбатан шадидтар дар заминаи ду идеология: коммунистӣ ва исломгароӣ сурат гирифт, ки ҳар ду фирқа бо ҳам комилан оштинопазир буданд. Ҳизбҳои мазкур ва ҷонибдорони он мехостанд, ки дар кишвар ҳокимияти мутлақи сиёсиро дар заминаи арзишҳои ба миллати мо бегонаро таҳмил кунанд.
Дар ин ҳол зарурати таъсиси ҳизби наве, ки бояд арзишҳои дунявӣ (секулярӣ) ва динию мазҳабиро бо ҳам оштӣ медоду, ҷавҳараш аз арзишҳои миллӣ ва башарӣ сарчашма мегирифт, ба миён омад. Пешвои миллат ин заруратро сари вақт эҳсос намуданд ва барои бунёди як неруи тозаи сиёсии идеологӣ - Ҳизби Халқии Тоҷикистон (ҳоло ҲХДТ) замина гузоштанд. Ин ҳизб, ки воқеан ҳам ифодагари ормонҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ буд, тавонист зина ба зина сомони сиёсатро ба даст бигирад, таҳти роҳбарии асосгузори худ, Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад, муҳоҷирони иҷборӣ ва гурезагони сиё-сиро ба Ватан баргардонад.
Тасмимҳои созандаи Роҳбари давлати тоҷикон дар давраҳои хеле ҳассос, дар кишвари тоза ба файзи истиқлолият расидаи мо, ки ҳанӯз дар ҷодаи сиёсати ҷаҳонӣ қадамҳои нахустин ва ноустувор мегузошт, боиси тағйироти хеле ҷиддӣ дар низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат гардиданд.
Таърихи давлатдории шахсиятҳои бузурге мисли президентони ИМА Авраам Линколн ва Франклин Рузвелт, сарвазири Британияи Кабир Уинстон Черчилл, Президенти Туркия Камол Отатурк, Президенти Фаронса Шарл де Голл, вазири молия ва баъдтар канслери Олмон Рудолф Эрхард, Сарвазири Сингапур Ли Куан Ю, Раиси ҲКЧ Ден Сяопин ва ё ҳамзамонони мо, сарвазири Малайзия Моҳатҳир Муҳаммад, Президенти Уругвай Хосе Алберто Мухика Кордано собит намудаанд, ки ҳар яке аз ин наҷотбахшони миллат пайгирона дунболи ягон таълимот нарафтаанд ва ё тарҳи носанҷидаеро дар ҷомеа таҷриба накардаанд, балки вобаста ба вазъи сиёсиву иқтисодии кишварашон, амал намудаанд.
На идеологияи «капитализм», на «коммунизм» ва ё «либерализм», балки роҳандозии принсипҳои адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа, волоияти қонун ва кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар меҳвари фаъолияти ин шахсиятҳои бузург қарор дошт.
Имрӯз дар улуми сиёсатшиносӣ усулҳои роҳбарии родмардонеро Пётри 1 ва Камол Отатурк, ки мардумони худро аз вартаи хурофоту ҷаҳолати асримиёнагӣ берун оварда, маҷбур мекарданд, ки ба илму маърифат рӯ оваранд, ба унвони «этатизм», шинохта шудаанд. Франклин Рузвелтро, ки дар давраи дар олами Ғарб хеле нуфуз доштани сиёсат ва иқтисоди либералӣ, бо усули «иқтисоди кейсианӣ» (Keynesian economics), яъне дахолати бевоситаи давлат ба умури иқтисодӣ, мардуми ИМА-ро дар фурсати хеле кӯтоҳ аз таназзули (депрессия) бузурги иқтисодӣ наҷот дод, ба «дастнишондаи Иттиҳоди Шӯравӣ» айбдор мекарданд. Солҳои баъд коммунистони Чин баръакс, Ден Сяопинро ба «ғарбгароӣ» муҷрим медонистанд. Ин роҳбарони ба ақидаашон устувор новобаста аз он, ки бахше аз элитаи сиёсии «назарияпардоз» ба ислоҳоти пешгирифтаашон сарсахтона муқовимат менамуданд, тасмимашонро дигар накарданд. Онҳо мисли сарнишинони қаҳрамони ҳавопаймое буданд, ки дар ҳолати хатар аз мусофирон маслиҳат намепурсиданд, балки барои наҷоти ҷони онҳо тамоми неру ва таҷрибаи худро ба кор мегирифтанд. Роҳеро интихоб менамуданд, ки ба қолаби таълимотҳои сиёсӣ, ки ҳамеша бо «изм» анҷом меёфт, маҳдуд намешуд.
Тасмимҳои Роҳбар ва роҳнамои давлати тоҷикон низ ибтидо аз таъсиси Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон як пайки тозае дар сиёсати кишвар буд. Таҷлили 1100-умин солгарди давлатдории Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, соли бузургдошти Имоми Аъзам, ба тасвиб расонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бунёди роҳҳо, нақбҳо ва иншоотҳои бузурги аср, мисли НБО «Роғун» ва амсоли ин аз иқдомоти қобили таҳсине буданд, ки танҳо шахсияти бузурге мисли Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода метавонист.
Дар хотир дорам, ҳамеша дар давраҳои интихобот рақибони сиёсӣ ва ҳатто баъзан ҳамсафони мо муваффақияту пирӯзиҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба обрӯву нуфузи Раиси он, Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд медонистанд. Сари ин баҳс мо бояд талош ҳам накунем. Чунки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи тафаккури Роҳбари он аст, ки ҷавҳараш аз арзишҳои таърихӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва орзую ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик сиришта шудааст. Фаъолияти ҳизб бо сиёсати хирадмандонаи асосгузори он сахт алоқаманд аст, аз ин лиҳоз маҳбубияти он бо истеъдоди фитрии сарвараш иртиботи ногусастанӣ дорад.
Аз омилҳои дигари муваффақиятҳои ҳизби мо он аст, ки идеяҳои стандартии сиёсиеро, ки дар ҷаҳон борҳо таҷриба шудаанд, нусхабардорӣ накардааст. Дар меҳвари фаъолияти худ танҳо арзишҳои ҷаҳони сармоядорӣ (капиталистӣ), либералӣ, иҷтимоӣ (сотсиалистӣ) ва диниву мазҳабиро қарор дода, бо онҳо маҳдуд нашудааст, балки беҳтарин дастовардҳои башариро бо тафаккури миллӣ ҳамоҳанг сохтааст.
Мо масъулон ва узви фаъоли ҳизб, бояд пеш аз ҳама ин арзишҳоро ба мардум шарҳ диҳем. Барнома ва Оинномаи ҳизбро, ки дар он стратегияи фаъолияти ҳизб инъикос ёфтааст, ба таваҷҷуҳи оммаи васеъ расонем. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, Раиси муаззами ҳизби мо борҳо дар баромадҳои худ зикр намудаанд, ҳизб дар ташаккули маърифати сиёсии шахс таъсири амиқ гузошта метавонад. Мо бояд аз ин мавқеъ кор бигирем. Бояд амиқ дарк кунем, ки роҳбари ҳизбӣ будан вазифаи баланд не, балки масъулияти бузург аст ва ин масъулиятро, ки ҳадафаш созандагиву бунёдкорист, сарбаландона анҷом диҳем.
Фаттоҳзода
Саидмурод Самад,
Муовини якуми
Раиси Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон