МО ТЕРРОРИЗМРО ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ! Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

ВОКУНИШ.Ҷомеаи ҷаҳонро яке аз бемориҳои шадиди сироятӣ, ки ба ҷони инсон хатар дорад, таҳдид мекунад. Ин ҳам бошад ифротгароӣ мебошад. терроризм ва экстремизм доғе аз зуҳуроти номатлуб дар ҷаҳони имрўза ба шумор меравад, ки аҳли башарро ба ташвиш овардааст. Ҳамарўза ҳар яки мо аз васоити ахбори омма шунида ва аз оинаи нилгун мебинем, ки чӣ воқеаҳо дар ҷаҳон рух дода истодааст. Обхезӣ, шамоли тунд, сўхтор, заминларза, одамрабоӣ, ғоартгарӣ, нашъаҷаллобӣ, қаллобӣ, куштор ва ҷангҳои бемаънӣ. Ҳамаи ин аз беандешагии инсон ва бесаводию бетаҷрибагии ҳаёт сар мезананд.

Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 40 сол боз ҷангҳои бародаркуш дар байни миллати афғон идома дорад. Дар ин ҷанг киро бурду бахт ва киро обрўю суд? Ҳеҷ касро! Миллати ватанпарвари афғонро ҷон бохтану тифлаконашонро маъюсу бесаробуону сарпаноҳ кардан асту халос. Судро аҷнабиёни ҷангхоҳ дар нест кардани инсонияти сулҳхоҳ мебинанд. Рўзе нест, ки аз васоити ахбори омма нашунавем, ки дар яке аз минтақаҳои ин кишвар таркиш ба амал наомадааст, ё дар деҳе гурўҳи силоҳбадастон сар халонда, ба номуси чанд зан расидаю чандин касҳои аҳолии осоиштаро ба қатл расонида, моли онҳоро ғорат кардаанд. Баъди ин мебинем, ки тифлакони нав ба дунё омада, арўсони навхонадор, ки коми зиндагиро начашидаанд, волидоне, ки болои ин мусибатҳо навакак писар ё бародарашро дар қатори қувваҳои мусаллаҳи ватанаш ҷон бохта буд, мардуми бегуноҳи заҳматкаш талаф ёфтаю биноҳо хароб гашта, мардумаш овораю саргардон зери хаймаҳои хурд дар сармою гармои дашту биёбон ё паҳлуи бинои сўхтаю харобгашта маъюсона умр ба сар мебаранд. Ҳеҷ давлати абарқудрати дунёро ғаму парвое нест. Ҳамаи инро мебинему аз ин моҷарои ҷангҷўён ашки ғаму андўҳ мерезем, вале боз ба худ намеоем.

Чаро ҳамаи инро бо чашмони худ мебинему шукр аз давлати осоиштаи худ, ки бо сад ҷонбозиҳи Пешвои миллатамон сулҳу ваҳдат ба даст омадааст, боз ҳам ношукрӣ мекунем. Боз мешунавем, ки ҷавони тогҷик дар дохил ё берун аз он дар кадом кишваре дар даст силоҳи оташфишон барои нест намудани мардуми он ҷо дастдарозӣ кардааст. Сад ҳайфи тоҷик будани ин қабил ноҷавонмардони хиёнатгар.

Ин аъмоли ношоиставу хатарнок аҳли башарро ба ташвиш оварда, ба пешрафту тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ латма ворид менамояд. Терроризм ва экстремизм сарчашмаи қатлу куштор ва даҳшату ваҳшоният мебошад. Ифротгароӣ аз ҷумлаи падидаҳое мебошад, ки барои амнияти миллӣ ва марзу буми ҳар як кишвари сулҳпарвар хатар эҷод мекунад.

Кўрдилоне, ки ба ҳизбу равияҳои хусусияти террорию экстримистидошта дохил мебошанд, ки дониши казоии динию дунявӣ надоранд. моҳияти зиндагии худро дуруст дарк карда наметавонанд. Аз бедонишию соддагии онҳо истифода бурда, гурўҳҳои таблиғгари ифротиён онҳоро ба дом гирифта, гумроҳ сохтаю бо ваъдаҳои пулу моли калон ба ҳар роҳу восита ба майдони ҷанг бурда, ба куштани бародари мусулмони худ амр медиҳанд. Ҳарду як Худоро ёд мекунанд. Яке аз даргоҳи Худо аз бародари қотилаш паноҳ ҷўстан, дигаре баҳри ба даст овардани маблағи ба ҷашм нарасида, дар қатли бародари мусулмонаш. Пас кадомин дар ин ҷанг шаҳид мешудаасту кадомин мусулмон мемондааст.

Аз воситаҳои ахбори омма оид ба ҳодисаҳои нангину даҳшатборе, ки дар давлати Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳо дар алоҳидагӣ сар зада истодааст, ҳеҷ шахси солимфикреро бетараф намегузорад. Ҷавонону калонсолони тоҷик бояд ҳушёр бошанду зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Мақсади гурўҳҳои террористӣ як аст: расидан ба мақсадҳои ғаразноки молӣ ва сиёсӣ, ноором сохтани давлат ва ба сари кудрат омадан, ҷорӣ сохтани ҳадафҳои ғайриозодӣ нисбати дигарон, зиёд намудани пайравони худ дар ноором сохтани вазъи сиёсии дигар кишварҳо мебошад.

Сокинони Тоҷикистон низ дар баробари дигар аҳолии кишварҳои ҷаҳон ин амали нангинро маҳкум намуда, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дастовардҳои давраи истиқлолиятро бештар аз пештар дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон ташвиқу тарғиб намуда, саъй мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро дар ҳимояи марзу хоки Ватан аз даст надиҳанд. Мо низ ин вабои номатлуб-терроризмро шадидан маҳкум менамоем. Ҳамеша ҷиҳати пойдории сулҳу салоҳро дар кишвари азизамон талош меварзем ва ба қонунҳои давлату дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат намоем.

Набояд фаромўш кард, ки он ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997-ро, он азобҳое, ки халқи бегуноҳ аз дасти дасисабозони аъзоёни ТЭТ ҲНИ кашида буданд, ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳанд шуд. Ҳеҷ гоҳ дар китобҳои дину мазҳаби эътиқодии мо-ҳанафӣ моро барои таркондан, сўзондан, куштор, фитнаю иғво ва ҷангу ҷидол ҳидоят накардааст ва ҳам намекунад.

Мо калонсолонро зарур аст, ки тамоми қувваю малака, донишу маҳорати худро ба бунёди ҷомеаи озод равона намуда, баҳри ҳаёти осоиштаи инсоният, тарбия намудани насли ҷавон дар рўҳияи ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ саҳми босазое гузорем.

 

Ҳасанзода Тағоймурод- узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.