Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали таҳия ва тасдиқгардида Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 25-уми феврали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маҳаллаи Мирзообод Ҷамоати деҳоти “ Наврӯз” -и ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҳалла чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сокинон оид ба ҳадафҳои пайгиронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои муайнгардидаи Солҳои 2019-2021 эълон гардидани солҳои Рушди деҳот , сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва саҳм гузоштан дар истиқболу таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин тақвият бахшидан ба амалигардонии ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон “ Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ “ эълон гардидаро ҳаматарафа фаҳмонида доданд.
Қайд карданд, ки вазифаи ҳар як фарди ватандӯст аз ҷумла аъзои ҳизб, барои боз ҳам ободу зебо ва рушд намудани Ватан ҳисаи сазовори худро бо масъулияти баланд ба роҳ мондан мебошад. Аъзоёни ҳизби ташкилоти ибтидоии Маҳаллаи Мирзообод вазифадор карда шуданд, ки бо ҳисси масъулиятшиносӣ ҷиҳати обод гардонидани Маҳалла корҳои ободониро ба роҳ монанд.
Дар қисмати амали Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзоёни ҳизб кучаҳои дохили Маҳалларо сангфарш намуданд.
Ба саволу дархостҳои аъзоёни ҳизби Маҳалла ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд.
Аз рафти баргузории вохӯри аксҳои бардошта шуданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Носири Хусрав Алиева С.