Ҳозирини гиромӣ !
Имрӯз мардуми шарафманди мо ҷашни 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллиро дар фазои орому осоишта ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, яъне 28-умин солгарди Истиқлолияти дав-латии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат нахуст ҳамаи Шумо муҳофизони бо нангу номус ва далеру шуҷои Ватанро самимона табрик гуфта, барои заҳмати шабонарӯзиашон ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва оромиву осоиши халҳи бунёдкору созандаи тоҷик, садоҳат ба Конститутсия, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар муҳаддасоти миллӣ изҳори сипоси мардуми шарафманди ноҳияро баён менамоям.
Мо аксарият шоҳиди онем, ки баробари соҳиби Истиқлолияти давлати шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла аввалин иҳдоми ҳукумати кишвар, сарфи назар аз ҳама мушкилот, ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳ буд.
Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иҳтисодии кишвар ва дар заминаи пасттарини техникию таҷҳизоти вазнини ҷангӣ таъсис дода шуда буд, вале дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мунтазам ва оқилонаи ҳукумати мамлакат, махсусан, сарфармондеҳи Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз бо кадрҳои соҳибихтисоси ҷангӣ ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин буда, ба як нерӯи пурҳуввати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии ҳомиёни Ватан имрӯз барои мо, ки истиҳлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш ҳарор додем, намунаи ибрат ва сабаҳ аст.
Бо итминони комил изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони шуҷои Артиши миллӣ минбаъд низ рисолат ва ӯҳдадориҳои худро бо рафтору интизоми намунавӣ, садоҳат ба савганди ҳарбӣ адо намуда, ҷашнҳои бузургу муҳаддаси давлатиамонро бо сарбаландиву дастовардҳои арзандаи ҳомиёни Ватан ва фарзандони содиқи халқ истиқбол мегиранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис-тонро бори дигар ба ифтихори ин санаи муборак, яъне рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик гуфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи душвор, вале пурифтихори хизматиашон барори кор орзу менамоям.
Сарбаланду хонаобод бошед!