Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав, бахши ноҳиявии Ташкилоти ҷамъитии ҷавонон “ Созандагони Ватан” дар ҳамкори бо ташкилотҳои ибтидоии заминсоз ва хоҷагии ҷангали ноҳия, ҷиҳати омодаги ва истиқболи рӯзи таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 22.02.2019 вохӯрии ҷавонону наврасони ноҳияро ҷиҳати ошнои ба вазъи хизмат ва шароитҳои хизмати ҳарбӣ, ва ба муносибати Рузи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми низомии дидбонгоҳи сарҳадии “Сангоба”, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст ташриф оварданд.
Аз ҷониби Кумитаи ичроия ва аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозону афсарони қисми низоми дастархони идона бо додана оши палов ороста шуд. Ба сарбозон туҳфаҳои хотиравӣ такдим карда аз ҷониби ташкилоти ибтидоии бахши фарҳанги ноҳия барнома ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Аз рафти баргузори вохӯри аксҳо бардошта шуд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи
Носири Хусрав С. Алиева .