Тибқи ҷадвали мувофиқа ва тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар таърихӣ 14.02.2019 вобаста ба амалигардонии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷалби васеи мардум ба татбиқи ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ, амали намудани нуктаҳои Паёми имсолаи Президенти мамалакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маҳаллаи Ҳамро Олимов бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” суҳбату вохӯри бо сокинон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.
Дар вохӯри оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки аз 26 декабри соли 2018 бармеояд шарҳу тавзеҳ дода, эълон шудани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин амлисозии соли тақвияти робита бо маҳал ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизби “ Якҷоя ҳал мекунем!” ро ба ҳозирин фаҳмонида доданд.
Дар Маҳалла Аксияи ҳизбӣ “ Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандози гардида сокинон тасмим гирифтанд, ки ҷую обравҳои дохили маҳалларо тоза намуда, корҳои ободониро ривоҷ дода гирду атрофи биноҳои сари роҳи марказии Маҳалларо тоза намуда сангфарш намуданд.
Ба саволу дархостҳои сокинон ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд.
Аз рафти баргузори суҳбату вохӯри аксҳо бардошта шуд.
Раиси КИ ҲДТ дар ноҳияи
Носири Хусрав С. Алиева