Паёми Пешвои миллат муайянкунандаи рушди давлат

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав оид  ба  баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву муассисаҳо ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо оид  ба  шарҳу  тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  татбиқи қисмати  амалӣ  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони « Якҷоя  ҳал  мекунем!»  дар  ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «Баҳор»-и ноҳияи Носири Хусрав вохӯрӣ баргузор гардид.   

Дар  вохӯрӣ раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ваматбуоти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия Муродов Раҳмон ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  дар  ноҳия Остонақулов Шодмонбек  иштирок намуданд.    

Вохӯриро раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия   Алиева  Сураё ифтитоҳ намуда, оид  ба  таасуроти хеш ҳамчун иштирокчии бевоситаи ироаи Паём  ба  ҳозирин фаҳмонида дода , барои муфассал мавриди амал қарор додани дастуру супоришҳое, ки  аз  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз   бармеоянд, дар   бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муаяйннамудаи он, ҷиҳати пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмин пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ , фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, вазифаҳои мушаххаси  ба  миёнгузоштаро ҳаматарафа фаҳмонида дод.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.