ТАРТИБИ пешбурди ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав (01.02.2019)

Ҳозирини  гиромӣ!  иҷозат  диҳед   ҷаласаи  имрӯзаро бо  иштироки аъзоёни Шӯрои  рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи  Носири  Хусрав  кушода  гуфта  эълон  намоям.

            Муҳтарам  иштирокдорони   ҷаласа!

 Ба  рӯзномаи   ҷаласаи  имрӯза  масъалаҳои  зерин  пешниҳод  шудааст.

  1. Назорати давлатии сифати таҳсилот, аттестатсия,  аккредитатсия ва  иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии  ноҳияи Носири Хусрав ( маърузаи  Қурбонов Н) .
  1. Ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №353 «Дар  бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар шуъбаи маорифи ноҳия(маърузаи Мусулмонқулова Г.).
  1. Ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 427 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва ангилисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» дар шуъбаи маорифи ноҳия (маърузаи  Муродов)
  2. Оиди масъалаи  дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба  муассисаҳои  олӣ касбӣ ва миёнаи касбӣ  бо тариқи   маркази миллии тестӣ дар  давоми се соли охир (маърузаи Қурбонов Ш)
  3. Ҷараёни иҷрои  қарори  раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри  соли 2016, № 261 «Дар бораи  тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба  тадбиқи  Барномаи давлатии рушди  муассисаҳои  соҳаи маорифи  вилояти Хатлон барои солҳои  2017-2021» дар  шуъбаи маорифи  ноҳияи Носири Хусрав.( маърузаи  Ғафуров Н)
  4.  Тасдиқи Нақшаи кории  Шӯрои  рушди  маорифи   назди   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи  Носири  Хусрав барои соли 2019 (Ашуров Х)

        Ҳоло  аз  рӯи  масъалаи   якуми  рӯзнома  сухан ба Қурбонов  Н.  дода мешавад.

      Аз  руи  масъалаи  дуюми рӯзнома  сухан  ба Мусурмонқулова Г.   дода мешавад.    

      Аз  руи  масъалаи  сеюми рӯзнома  сухан  ба   Муродов Ғ.  дода мешавад.   

      Аз  руи масъалаи  чоруми рӯзнома  сухан  ба   Қурбонов Ш. дода мешавад.   

      Аз руи масъалаи  панҷуми рӯзнома сухан  ба  Ғафуров Н.  дода мешавад.   

      Аз  руи  масъалаи  шашуми рӯзнома  сухан  ба мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Ашуров Х.   дода мешавад. 

  Саволҳо  бошад,  марҳамат пешниҳод  намоед.

 

       Нақшаи кории  Шӯрои  рушди  маорифи   назди   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи    Носири  Хусрав барои соли 2019 дастраси ҳамаи аъзоёни Шуро мегардад. Ягон тағйиру иловаҳо набошад, тасдиқи Нақшаи кориро ба овоз мемонем.

       Кӣ тарафдори тасдиқ намудани Нақшаи кории  Шӯрои  рушди  маорифи   назди   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи    Носири  Хусрав барои соли 2019  бошад аъзоёни Шӯро хоҳишмандам овоз диҳед.   

                                           Зид            -   нест

                                           Бетараф   –  нест

          Нақшаи кории  Шӯро бо як овоз тасдиқ карда шуд.

 

         Ба ҳамаи Шумо, аъзоёни Шӯро супориш дода мешавад, ки аз рӯйи нақшаи кории тасдиқ намудаи ҷаласа корро ҷоннок намуда,  дар ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта ёрии амалии худро дареғ надоред.

          Ҳозирини  гиромӣ! Масъалаҳои дар ҷаласаи имрӯза пешниҳод гардида,  ҳалли  худро  ёфтаанд.  

   Барои  иштирокатон дар    Шӯрои  имрӯза миннатдории  худро  баён  намуда,  ба  Шумоён осмони соф,  хонаи  обод, тани сиҳату, барору комёбиҳоро  орзумандам!

Бо  ҳамин     кори   Шӯро   ба  анҷом  мерасад. 

Барои   иштирокатон  ташаккур!

IMG_20190201_102048_HDR.jpgIMG_20190201_102025.jpg

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.