ТАРТИБИ Пешбурди ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав

 

 

Ҳозирини  гиромӣ!

Иҷозат  диҳед   ҷаласаи  имрӯзаро бо  иштироки аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Носири Хусравро кушода  гуфта  эълон  намоям.

    Муҳтарам  иштирокдорони   ҷаласа!

         Ба  рӯзномаи   ҷаласаи  имрӯза  масъалаҳои  зерин  пешниҳод  шудааст.          

  1.  Оид ба иҷрои қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 368 «Дар бораи  Нақшаи  стратегии рушди  кӯмаки  аввалияи  тиббию санитарӣ аз  рӯи  принсипи тибби оилавӣ дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2016-2020» (баромади Ҳимматов Х)
  2. Оид ба  иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри   соли 2012, № 676 «Дар бораи  Дурнамои  пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2013-2023»(баромади Холмуродов Н)
  3. Оид ба иҷрои қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  25 феврали соли 2017, №89 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо  эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2017-2020» (баромади Одинаев Н)
  4. Оид ба иҷрои қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  28 октябри соли 2016, №456 «Дар бораи Барномаи иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2016-2020» (баромади Иркабулова Д)
  5. Оиди  тасдиқи нақшаи  кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав барои соли 2019 (Ашуров Х)

Ҳоло  аз  рӯи  масъалаи   якуми  ҷаласа сухан ба  менедчери КАТС-и ноҳия   Химматов Х дода мешавад.

Аз  руи  масъалаи  дуюми  рӯзнома  сухан   ба  сартабиби беморхонаи марказӣ Холмуродов Н дода мешавад.    

Аз  руи  масъалаи  сеюми  рӯзнома  сухан   ба Директори маркази пешгири ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО  Н.Одинев дода мешавад. (баромади Одинаев Н)

Аз  руи  масъалаи  чорум  рӯзнома  сухан   ба директории МНДСЭ-и ноҳия Д.Иркабулова дода мешавад.(баромади Д.Иркабулова)

Аз  руи  масъалаи  панчумм  рӯзнома  сухан   ба мудири шӯъбаи  рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеи дастгоҳия раиси ноҳия Ашуров Х дода мешавад.    

Нақшаи корииШӯрои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав барои соли 2019 дастраси ҳамаи аъзоёни Шуро мебошад. Ягон тағйиру иловаҳо набошад, тасдиқи Нақшаи кориро ба овоз мемонем.

Саволҳо пешниҳодҳо,таъгиротҳо бошад,  марҳамат пешниҳод  намоед.

Кӣ тарафдори тасдиқ намудани Нақшаи корииШӯрои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав барои соли 2019 мебошад аъзоёни Шӯро хоҳишмандам овоз диҳед.

Зид            -   нест

 Бетараф   –  нест

Нақшаи кории  Шӯро бо як овоз тасдиқ карда шуд.

Ба ҳамаи Шумо, аъзоёни Шӯро супориш дода мешавад, ки аз рӯйи нақшаи кории тасдиқ намудаи ҷаласа корро ҷоннок намояд.

Ҳозирини  гиромӣ !  - ҳамаи масъалаҳои дар ҷаласаи имрӯза пешниҳод гардида,  ҳалли  худро  ёфтаанд.  

Барои  иштирокатон дар    ҷаласаи   имрӯза миннатдории  худро  баён  намуда  ба  Шумоён осмони соф,  хонаи  обод, тани сиҳату, барору комёбиҳоро  орзумандам!

IMG_20190130_102628.jpgIMG_20190130_102641.jpg

 

 

 

 

Бо  ҳамин   ҳамоиши  кори   ҷаласа   ба  анҷом  расид. 

Барои   иштирокатон  ташаккур!

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.