Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 24-уми январи соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи марказии ноҳия хониши сиёсӣ дар мавзӯи «Вазифаи асосии кормандони тиб- нигоҳ доштани солимии мардум аст», ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони ташкилотҳои ҳизбӣ дар самти шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меоянд баргузор гардид.
Вохӯриро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ифтитоҳ намуда барои фаҳмонидани нуктаҳои асосии доир ба фаъолияти сохтори тандурустӣ амали намудани тадбирҳои зарурии дар Паём зикргардида суханро ба мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Раҳмон Муродов дод.
Дар баромади худ ӯ қайд намуд, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, ҷиҳати таъмини босифати аҳолӣ бо кумаки авалияи тиббию санитарӣ ва камбудию норасогиҳои дар ин самт ҷой доштаро фаҳмонида дод. Инчунин ба яке аз масъалаҳои асосии фаъолияти кормандони соҳаи тиб, бахусус хизматрасонӣ ва муоширати табибон махсус қайд карда шуд, ки табибон кӯмаки аввалияи тиббиро ба беморон ройгон ба роҳ монанд ва аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва дорувори талаб накунанд, ки хилофи қонунгузорӣ мебошад.
Ба саволу дархостҳои табибони беморхонаи марказии ноҳия ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд
Аз рафти баргузории суҳбату вохӯри аксҳо бардошта шуд.