Мутобиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи хоҷагии об»-и ноҳия хониши сиёсӣ ҷиҳати густариш бахшидани робита бо маҳал, сафарбар кардани аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ҳизбӣ дар самти шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Хониши сиёсиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳизбиёни вилояти Хатлон, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар соли сипаришуда бисёр корҳоро ба анҷом расониданд. Робитаи худро бо мардум густариш дода, дар деҳаю маҳаллаҳо бо мақсади солим нигоҳ доштани мафкураи ҷомеа, баланд бардоштани завқи мардум дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва амалисозии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки васеи сокинон чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотиро ба роҳ монда, мардумро боз ҳам ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ рушди сайёҳӣ тадбирҳои зиёдеро андешиданд.
Дар татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷамъомадагон як қатор корҳои созандагиву бунёдкориро ба анҷом расониданд.