Дар асоси ҷадвали баргузории Фестивали «Чакомаи гесу» бахшида ба эълон гардидани соли 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ва мутобиқи Низомномаи Фестивал даври аввали Фестивали «Чакомаи гесу» дар таърихи 18 –уми январи соли 2019 дар толори қасри фарҳангӣ ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.
Фестивали мазкур дар се бахш баргузор гардид.
Дар бахши аввал – Фалаксарои корманди бахши фарҳанги ноҳия Тоири Халил ғолиб дониста шуд.
Дар бахши дуюм – намоиши либосҳои хоси миллӣ ва замонавӣ бо ороиши мӯй ва рӯй гуруҳи гулдухтарон иштирок намуданд. Ғолиби бахши мазкур хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 Баротова Фархунда дониста шуд
Дар бахши сеюм –оиди ороиши саҳна_ саршӯёну арӯс баророн, намоиши ороишоти мӯйҳо кормандони бахши фарҳанги ноҳия ғолдиб дониста шуданд.
Ҳайати ҳакамони Фестивал ғолибони даври авали ноҳиявии Фестивалро муайян намуда, барои иштирок ба даври дуюми вилоятии Фестевал пешниҳод гардиданд.
Мудири бахши фарҳанги
мақомоти иҷроияи ҳокимияти
далатии ноҳия Б. Тешаева