Табиб бояд дасти шифокор ва дилу нияти пок дошта бошад

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири Хусрав вобаста  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ ва баррасии нуктаҳои Паёми имсолаи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  “Кӯмаки  аввалияи  тиббию  санитарӣ”-и  ноҳия  вохӯрӣ баргузор  гардид.

Вохӯриро  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё ифтитоҳ  намуда,   қайд  кард, ки дар  Паёми  имсолаи  худ  Президенти  мамлакат  ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  солимии  ҷомеа  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  диққати  махсус дода, ҷиҳати  таъмини  босифати  аҳолӣ   бо  кӯмаки  авалияи  тиббию  санитарӣ  ба  Вазорати  тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоӣ дастурҳо   оид ба   бартарфсозии   камбудиҳои  ҷойдошта  супоришҳои мушаххас  доданд.   Ба  яке  аз  масъалаҳои  асосии фаъолияти кормандони  соҳаи  тибб, бахусус хизматрасонӣ  ва  муоширати  табибон  махсус қайд гардид, ки ҳангоми  расонидани  кӯмаки  аввалияи  тиббӣ  аз   мизоҷону беморон  маблағ  ва  доруворӣ  талаб  карда  мешавад, ки  хилофи  қонун   мебошад.

Дар  татбиқи  қисмати  амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя  ҳал мекунем!” кормандони  КАТС,  дар  ҳавлии  муассиса  ниҳолҳои  ороишӣ  шинонида,  деворҳои  ҳавлии  муассиса  сафед  карда  шуд.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.