ҲХДТ – таблиғгари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат

Тибқи ҷадвали мувофиқа ва тасдиқгардидаи Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири Хусрав вобаста  ба  амалӣ намудани самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ, ҷалби   васеи мардум    ба  татбиқи   ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ ва   амалӣ намудани нуктаҳои Паёми имсолаи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  “Муассисаи давлатии назорати  роҳҳои  автомобилгард”-и ноҳия   вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё ифтитоҳ  намуда  қайд  кард, ки таҳти таассуроти Паёми  имсолаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қарор  дорем. Ман  ҳамчун  иштирокчиии  бевоситаи  баргузори  Паёми  мазкур  таассуроти  худро  ба  шумо  фаҳмонида  қайд  карданиям, ки  дар  Паёми  худ  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъкид  намуданд, ки  дар  шароити  Тоҷикистон, ки  93 фоизи  қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаи  нақлиёту коммуникатсия барои таъмин  намудани  рушди  иҷтимоиву иқтисодӣ  аҳамияти  бузург  доранд.  Дар  давраи  соҳибистиқлолӣ   дар  кишварамон аз  ҳисоби  лоиҳаҳои  давлатии  сармоягузорӣ  беш  аз 2100 километр роҳҳои  монишингшарди  дорои  аҳамияти  байналмилаливу  ҷумҳуриявӣ  ва  зиёда  аз  1000 километр  роҳҳои  мошингарди  дохилӣ  аз  ҳисоби  дигар  сарчашмаҳои  маблағгузорӣ   бунёду  таҷдид  гардиданд. Дар  доираи  ҳамин  маблағгузориҳо  дар  ноҳияи  мо  низ вазъи  роҳҳо  хеле  беҳтар  шуда,  қариб  зиёда  аз 6  км  роҳҳои  дохили  ноҳия  асфалтпӯш карда  шуд.   

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.