ИҚДОМҲОИ СОҲИБКОРОНИ НОҲИЯ БА ПЕШВОЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба баҳри истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия нақша-чорабиниҳо таҳия гардида,  дар асоси он бояд беш аз 45 иншооти хизматрасонӣ сохта ба истифода дода щавад.

            Бо ин мақсад дар ҳудуди ноҳия алакай 13-адад иншооти ҷашнӣ бо ташаббуси соҳибкорон ва аҳолии ноҳия, пас аз сохтмону навсозӣ шуданашон   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Яке аз чунин иншоотҳо дар шаҳраки Баҳори ҷамоати деҳоти «Фирӯза» мебошад, ки онро Ҳаким Айдаров як ҷавони боѓайрати ноҳия як адад «Ҳаммом», ки бинои он нотамом буд, баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

            Дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани ин «Ҳаммом » Садриддинзода Нуриддин Талбак , раиси ноҳия , намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндагони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз ҷониби  дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ноҳия ҳамчун масъул вобаста шудаанд, иштирок намуданд.

            «Кулли ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри зиндагии шоистаи мардум равона мегарданд  ва ман  низ мутмаин ҳастам, ки мардуми волоназари ноҳияи Носири Хусрав ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро  дастгирӣ  менамоянд ва баҳри дар амал татбиқ намудани он неруи  қудратманди хешро сафарбар менамоянд »,-изҳор дошт дар суханронии  хеш Садриддинзода Нуриддин Талбак  зимни ба истифода супоридани «Ҳаммом»-и мазкур.

            Бояд гуфт, ки  дар доираи ин ташаббусҳои созанда то имрӯз дар  ҷамоати деҳоти «Фирӯза» як адад «Нонвойхона» ва як адад «Тӯйхона», дар ҷамоати деҳоти  «Истиқлол» «Дӯкони фурӯши гӯшт», «Тӯйхона», «Дорухона », 2 адад «Маркази савдо», дар ҷамоати деҳоти «Наврӯз » бошад  «Нуқтаи  савдои  телефонҳои мобилӣ», «Маркази савдо»,  «Нуқтаи шустушӯйи мошинҳо», «Дорухона », «Нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ» дар хизмати бошандагони ноҳия қарор гирифтанд.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.