“Анҷумани озодандешони тоҷик” думи буридаи ТЭТ ҲНИ мебошад! Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

ВОКУНИШ. Дар шароити дигаргуниҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳони муосир, дар айёми пурҳаводису пурихтилоф, дар овони муборизаҳои шадиди абарқудратҳои ҷаҳон ва дар марҳилаи пуртазоди талошҳои идеологӣ зиндагӣ дорем. Терроризм, ифротгароӣ, амалиётҳои ҳаракатҳои тундраву хиёнатпеша, таъсиси ҳар гуна созмону анҷуманҳои ифротӣ дар ҷаҳони муосир пайваста кӯшиши доман паҳн намудан мекунанд.

Чандест, ки боз гуруҳе бо номи анҷумани озодандешони тоҷик тариқи шабакаҳои интернетӣ мехоҳанд, ки чеҳраи манфури худро зери ниқобҳои ба қавли худашон “демукросӣ” муаррифӣ намоянд. Вале ин чеҳраҳои ноошно ва ғаразҷуро кайҳо боз мардуми тоҷик ҳамчун террорист мешиносанду ба сару садоҳояшон гӯш намедиҳанд.

Анҷумани озодандешони тоҷик боз як тарҳи нави ТЭТ ҲНИТ аст. Зеро чун ТЭТ ҲНИТ-ро дигар ягон гурӯҳ пайравӣ намекунад, мехоҳад худашро тақсим кунаду аз дохили худаш пайрав пайдо кунад. Ҳол он, ки дар худаш ҳам ягон одами боақл намондааст. Масъулони ин гуруҳ ҳамон ҳаммаслакон, дасисабозон ва ҷинояткороне мебошанд, ки барои ташкили чунин созмонҳои иғвогаронаашон аз хоҷагони хориҷӣ маблағ мерӯёнанд.

Ин гуруҳи ба ном навтаъсис бо номи нави худ мехоҳанд, ки боз бештар диққати мардумро ба худ ҷалб намоянд. Ин тоифаи ватанфурӯшу хиёнаткор, наҳзатиҳои фирорӣ, террористони бадхоҳу бадтинатанд. Онҳо нафаронеанд, ки ба номи миллати тоҷик доғу иснод оварданд, хуни тоҷики бегуноҳро рехтанд ва ба мақсад нарасида, аз як давлат ба давлати дигар дарбадару посӯхтаву ломаконанд.

Имрӯз бо тарҳи навбатии худ мехоҳанд, ки гурӯҳи нави бадандешони худро муаррифӣ намоянд. Аъзои ин гурӯҳ ҳамон думи буридаи ТЭТ ҲНИТ ҳастанд, ки рафтору кирдорашон ба ҳамагон малум аст.

«Анҷумани озодандешони тоҷик» - зери ин ибора худро муаррифӣ намуда, даст ба туҳмату дурӯғгӯӣ, ғаразу буҳтонҳои беҳуда ва таҳқиру маломат мезананд. Ба таври ноаён ва хеле маккорона мардумро ба ҷангу хунрезӣ, қаллобӣ, вайронкорӣ ва ҷинояткориҳо даъват менамоянд. Бо ин даъвату нотавонбиниҳои худ дар назди хоҷагони хориҷиашон худро «ширин» карда, вазифаи рӯсиёҳиашонро сарбаландона ба ҷо оварда, маблағ ба даст меоранд. Аз ҳар як пешравию рушду нумуи Тоҷикистон рашку ҳасад бурда, табъу фишорашон баланд шуда, ба ҳарзагӯӣ, ташкил додани гуруҳи нав ё созмони нав мепардозанд.

Аз ташкили «Анҷумани озодандешони тоҷик» бармеояд, ки роҳбари ТЭТ ҲНИТ ҳоло ҳам сабру қарор надоранд. Ҳисси ғазаб, туҳмату мардумфиребӣ, хиёнат ва ҷинояткориаш нисбати Ватани аҷдодиаш боло рафта, ӯро ором намегузоранд. Ба ҷуз ноил шудан ба мақсадҳои ғаразноку сиёсиашон, ғасби ҳокимият ва маблағҳои калон чизеро намехоҳанд. Бо ин қасду мақсадҳои нопоку разилона сари садҳо нафар мардуми тоҷикро хӯрданд, Ватанро ба вартаи нобудӣ расониданд, ҷинояткориву авбошӣ намуда, зиёиёни миллати тоҷикро ба қатл расониданд ва оқибат гурезаву фирорӣ шуда, маддоҳони хоҷагони хориҷиашон гаштанд.

Наҳзатиҳо ба худ садҳо номи мисли «озодандеш» гузоранд ҳам, мардум онҳоро танҳо бо як ном ташкилоти эктремистӣ террористӣ мешиносанд, зеро дар ҳудуди Тоҷикистон бо қарори Суди Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ манъ карда шудааст. Дар ин рӯйхат гуруҳҳои террористии «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ал - Қоида», «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон» , «Толибон», «Тоҷикистони озод», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Салафия», «Гуруҳи -24», «ДИИШ» ва ғайраҳо шомиланд.

ТЭТ ҲНИТ дар ягон давраи фаъолияти худ барои Ватану миллати тоҷик заррае хизмат ё кори неке накардааст. Мисли Султон Маҳмуд ба куҷое пойи номубораки худро гузоштанд, он ҷо сӯхт, валангор гардид, ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ ҷон бохт, ҷангу хунрезӣ сар зад, хиёнат авҷ гирифт.

Мардуми тоҷик дигар ба ягон “озодандеш”-у бадандеши наҳзатиҳо бовар намекунанд. Барои мо тоҷикон такдири бади афғонҳо, суриягиҳо ва ироқиҳо сабақи бузург аст. Ватани худро, сарзамини аҷдодиамонро бо меҳнати ҳалолу садоқати бепоён ҳимоя мекунем. Имрӯз Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда тараққӣ намуда, ба як давлати дар арсаи ҷаҳонӣ намоён табдил ёфтааст.

«Анҷумани озодандешони тоҷик» ва рӯи дигари онҳо Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон фаромӯш насозанд, ки имрӯз Тоҷикистон давлати мустаҳкам, ободу зебо гаштаасту мардуми он ҳушёру ватандӯст буда, бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз намегузоранд, ки ягон созмоне ё гуруҳе ба мақсади нопоки худ ноил гардад.

Ҳар, кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

 Мунаввара САТТОРОВА, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.