Нашъамандӣ – вабои аср! Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

АНДЕША. Нашъамандӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсири манфӣ расонида, шахси муътодро ҷавонмарг месозад.

Нашъамандӣ охирҳои асри XX ва ибтидои асри XXI авҷ гирифта, ба мушкили аввалияи ҷаҳониён табдил ёфтааст. Имрӯзҳо касоне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёданд. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт ё бо сабаби ёр шудани беморӣ, шояд аз нодонӣ аз оқибатҳои он ё бо сабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Имрӯзҳо душвор нест дарёфт кардани нафароне, ки бе тарсу харос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу дигар ҷоҳилиҳо мекунанд. Албатта, ин гуна шахсон бевосита истеъмолкунандагони ин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огаҳие надоранд, зеро он беҳушу беёдашон мегардонад. Барои ин гуна шахсон, ки ҳаловати нашъамандиро медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қиммате, ки набошад, ниҳоят зарур аст. Дар натиҷаи дарёфт накардани маблағ онҳо тамоми дороии хонаашонро фурӯхта маводи мухаддир мехаранд. Худро бехонумон гардонида, зану фарзандон ё волидони хешро хонабардуш мегардонанд. Дар натиҷа, ҷамъият вайрону наздикон парешон ва оилаҳо бесаробону саргардон мегарданд. Худ низ дар кӯчаву хиёбонҳо ба ҳайси нокасу беобруй ва хастадилу афгор то ба рузи марг овора мегарданд. Ба хору хаси замин баробар помол мегарданду наздикон аз ҳастиашон шармсору безор.

Бадбахтона, маҳз ҷавонон ба ин амали номатлуб даст мезананд. Барои дарёфт кардан, ба истеъмол, парвариш ва фуруши ин маводи зиёновар даст мезананд. Қадру манзалати инсонии худро паст мезананд. Албатта, ин амали номатлуб дар ягон давру замон поянда нахохад буд, пойдеворе, иморате, ки тавассути нашъачаллобӣ бунёд гаштааст, ноустувор ва бебақост.

Хулоса, кохи баландафрохтае, ки аз амали носазову маблағи номуроди нопок ба авҷ сар кашида, рӯзе валангор хохад гашт. Номуроде, ки аз пайи нашъамандист, рӯзе қурбони кӯчаи ишрат ва айши нопок гашта, рӯ ба нестӣ меорад ва пайвандони хешро шармсор мегардонад. Аминем, ки бо мурури айём нашъамандӣ чун офтоби қуллаи кӯҳе рӯзе рӯ ба ғуруб меорад ва гулҳои аз ин бӯстон сар ба авҷ кашида, иффат, покдоманӣ, ростӣ, росткорӣ ва солимақлию меҳнатдӯстии ҷавонони миллат пирӯз мегардад.

Маҳмадсаид АБДУЛҲАЕВ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.