Ташаккули фарҳанги техникии мардум ҷиҳати истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо! Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

АНДЕША. Дар шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ технологияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардонидани робитаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва кайҳон ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид ва имкониятҳои васеъи онро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд. Аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид дастрасӣ ба шабакаи интернетро қисми таркибии ҳуқуқи инсон муайян карда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ низ қабул гардиданд.

Гарчанде манфиати интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки он бошем.

Шоиста ба ёдоварист, ки дар кишвари мо аз оғози асри нав интернет рушд намуда, ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон марҳила ба марҳила ташаккул ёфтанд ва бозори хизматрасониҳои интернетиро ҳамчун манбаи сердаромад ҳадаф қарор доданд. Имрӯз дар Тоҷикистон ширкатҳои зиёде ба монанди: «Tcell», «ТаКом», «Megafon», «Babilon», «ТК-mobail», «Saturn», «Telecomm-Technoloji», «Toj-net» ва ғайра дастрасӣ ба интернетро пешниҳод мекунанд.

Дар баробари пешрафти технология ва пайдоиши компютерҳои кисагӣ ва телефонҳои ҳушманд шумораи муштариёни хизматрасониҳои интернетӣ ва иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ бештар гардид.

Бо дарназардошти унсур, авомил ва хатарҳои маъмулӣ ба истиқлолияти давлатӣ истифодаи ғайримақсаднок ва нодурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамчун хатари муосири геополитикӣ шинохта шудааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз ҷузъи таркибии рушдёфтаи интернет ба ҳисоб меравад ва маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду хатарҳои муосири геополитикӣ зуҳур намуда истодаанд.

Шабакаҳои иҷтимоии маъмулӣ, ки ҷавонони мо бештар аз онҳо истифода мебаранд, иборатанд аз: «Одноклассники», «В-контакте», «Фейсбук», «Инстаграм», «Твиттер», «Лайфҷорнал» ва ғайра.

Мушкилӣ аслан дар он нест, ки то кадом андоза кам ё беш аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, мушкилӣ дар ин аст, ки то ҳанӯз як фарҳанги муайян дар мавриди истифодаи дурусти он шакл нагирифтааст. Ин аст манбаи асосии таҳдиду хатарҳо. Дар ҳар як шабакаи иҷтимоӣ ҳазорон гурӯҳҳои алоҳида созмон дода мешаванд, ки аксарияти онҳо бо номҳои мустаор ва пахши иттилооти дурӯғу таҳрифшуда ба қайд гирифта мешаванд. Маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба муҳтавои суҳбатҳои гурӯҳ кам аҳамият медиҳанд ва қариб, ки онро назорат намекунанд, чунки ин ба манфиати тиҷорати онҳо нест.

Дуруст аст, ки дар аввал шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои дохилии он бо мақсади мусоидат ба забономӯзӣ, таблиғи арзишҳои фарҳангиву туризм, муколамаҳои ҳамсинфон, ҳамкасбон, ҳаммиллатон ва ба ин монанд самтҳо таъсис дода мешавад, вале бо бештар гардидани аъзову иштирокчиёни он ҳадафҳои гурӯҳ тағйир меёбад. Аз ин имконият гурӯҳҳои манфиатҷӯи сияҳкор сӯистифода намуда, мақсадҳои худро таблиғ мекунанд. Маҳз дар ин марҳила шабакаҳои иҷтимоӣ хатарафзо мешаванд.

Яке аз хатарҳои асосии шабакаҳои иҷтимоӣ дур намудани инсон аз асли иҷтимоии хеш мебошад. Инсон ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ дар доираи ҷомеа рушд мекунад. Берун аз ҷомеа ва бидуни муносибатҳои инсонӣ  аз асли худ дур мешавад. Бо пайвастан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар асоси муносибати виртуалӣ ва ғайримаъмулӣ ба монанади шиносоии виртуалӣ, суҳбатҳои виртуалӣ, бозиҳои виртуалӣ, алоқаҳои виртуалӣ ва ғайра амал мекунад, инсон оҳиста-оҳиста аз муносибатҳои маъмулӣ даст мекашад. Дур шудани инсон аз асли иҷтимоии хеш боиси пайдо гардидани ихтилоф дар муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ӯ мегардад. Чунин инсон нисбат ба падидаву ҳодисаҳои ҷомеа бетафовут мешавад ва дар худ маҳдуд мегардад.

Хатари дигар аз коргирии шабакаҳои иҷимоӣ, ки дар рӯзҳои мо бештар ба назар мерасад, тавассути гурӯҳҳои ифротӣ гирифтори мағзшӯиҳо шудани ҷавонон мебошад. Бо ин васила ҷавонон ҳамчун иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ ба шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб гардида, барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ва ғайра осебпазир мегарданд.

Гузоштан ва паҳн намудани маълумот, махсусан сурат ва наворҳои шахсӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз хатарҳои дигар маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи чунин амалкард дахолат ба ҳаёти шахсӣ сурат мегирад, сирри оилавӣ, хизматӣ ва давлатӣ фош карда мешавад. Маълумоте, ки дар назари аввал соддаву оддӣ менамояд, бо гузашти вақти муайян ва тағйир ёфтани вазъ метавонад мушкилсоз гардад.

Яке аз хатарҳои дигари шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд пахш мегардад, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад ва ё дигаронро вобаста ба ин амалкардашон таҳқир намояд. Ҳамаи ин ба ахлоқи инсоният таъсир мегузорад ва боиси сар задани ихтилоф дар худшиносӣ, муносибатҳои хешутаборӣ, урфу одатҳои таърихан асосёфта мегардад. Инчунин, дар фазои интернетӣ бисёр омилҳое ҳастанд, ки ба ташаккули ахлоқии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла, фисқу фуҷур, тарғиби нашъамандиву майнушӣ ва ғайра.

Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки пешниҳодоти зиёди саргармкунанда доранд истифодабарандагон, махсусан ҷавононро ба худ алоқаманд мекунанд. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ одат мешавад. Бе муҳобот ҳамон гунае, ки шахси майзада ба май ва муътод ба маводи мухаддир одат мекунад.

Маводу маълумоте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, маҳз аз тариқи иштирокчиёни он паҳн карда мешаванд. Шабакаҳои иҷтимоӣ маъмулан ба иштирокчии худ имкон медиҳанд, ки дар зери маводи чопшуда фикри худро нависад, тугмачаи «ба ман писанд аст»-ро пахш намояд ва ё ин маводро аз номи худ ба дӯстонаш дар доираи гурӯҳ ва ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ фиристонад.

Агар дар аввал шахс ба мазмуни муҳтавои мавод шинос шуда, нисбат ба он мавзеъгирӣ кунад, бо бештар гардидани маводҳо носанҷида тасмим мегирад. Имрӯз ҳолатҳои зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ маводу маълумоти хусусияти экстремистидоштаро паҳн мекунанд ва ё ҳамон тугмаи маъмулии «ба ман писанд аст»-ро пахш менамоянд, ки ин баёнгари мавзеъгирии онҳо аст. Инчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ ба як василаи хатарноки гумроҳ сохтан ва ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҷалб кардани ҷавонон гардидааст.

Дар поён ба баъзе аз муҳимтарин фоидаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳадафҳои созандагони ин гуна шабакаҳо ва таҳдиду хатарҳои он мухтасар ишора мекунем.

Фоидаҳо аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд инҳо бошанд:

  • Робитаҳои инсонӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва ғайраро дар фазои маҷозӣ созмондеҳӣ мекунад;
  • Шароитро барои баёни ақидаи солим ва таҳлилу баррасиҳои созанда ба вуҷуд меорад;
  • Имконияти таблиғу муаррифии таъриху фарҳанг ва асолати милливу шахсиятҳои таърихиро ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ фароҳам меорад;
  • Дар васеъ гардидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ мусоидат мекунад;
  • Иртиботи маҷозии осон ва доимӣ бо дӯстону ошноёнро ҳатто дар масофаи дуртарин нуқтаи олам таъмин месозад;
  • Василаи хуби саргармӣ дар вақтҳои холигӣ аст ва ғайра.

 

Таҳдидҳо ва омилҳои манфии шабакаҳои иҷтимоиро метавон ба чунин бахшҳо ҷудо намуд:

  • Даъват ба нифоқу амалҳои носазо;
  • Суханҳои бедалел ва дуруғу туҳмат, ки боиси ба вуҷуд омадани фитнаву нифоқ байни қишрҳои муайяни аҳолӣ мегардад;
  • Тарғиби ақида ва фирқаҳои нодуруст, нашри ифротгароӣ, тундгароӣ ва таблиғҳои ғайриахлоқӣ, ки дар заминаи сӯистифода аз дин ва ҳар чизи дигар ба вуҷуд омадаанд;
  • Ба вуҷуд овардани фазои мухолиф ба фарҳанг, одоб ва расму оинҳои миллӣ;
  • Бо сабаби набудани имкони шинохти ҳувияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ (фейкҳо), яке аз муҳимтарин таҳдидҳои манфии ин шабакаҳо, бе ҳисси масъулият сохтан ва зуд паҳн кардани ахбори дурӯғ бо ҳадафҳои сиёсӣ;
  • Тарғиби фаҳшу амалҳои ғайриахлоқии дигар ба мисли, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, майнушиву қиморбозӣ ва ғайра.

Бо назардошти ин сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро лозим аст чораҳои зарурӣ андешида, вазифаҳои зеринро иҷро намоянд:

  • Фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро тарғиб намоянд;
  • Аҳолӣ, махсусан ҷавононро аз муқаррароти қонунгузорӣ дар ин самт огоҳ намоянд;
  • Имкониятҳои ноболиғонро барои дастрасӣ ба унсурҳои номатлуби интернет маҳдуд намоянд;
  • Назорати доимии фаъолияти вертуалии фарзандонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монанд;
  • Оқибатҳои манфии истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоиро таблиғ созанд;
  • Ҷавононро дар рӯҳияи одобу ахлоқ ва миллатдӯстиву меҳанпарастӣ тарбия кунанд, то унсурҳои манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба ӯ таъсири фоҷиабор нарасонад ва ғайра.

Бознашр аз китоби "Каъбаи умеди мо халқ асту бас!"

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.