Саҳми сохторҳои ҳизбӣ дар рушду пешрафти хоҷагидорию кишоварзӣ калон аст

Вобаста  ба таъмини иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи фаъолияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  маҳаллаи Мӯъминободи ҷамоати деҳоти  Истиқлол  бо мақсади амалигардонии Соли тақвияти робита бо маҳал ва  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ   вохӯрӣ баргузор гардид. 

Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти    Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия Муродов Раҳмон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо сокинон бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати сазовор ҷамъбаст кардани  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо тайёрии мукаммалу ҷолиб чунин чорабинии сатҳи баландро баргузор намуданд. 

Дар он   ҳунармандии эҷодкорона ва бо малакаи баланди ватандӯстона, ҳифзу суннату анъанаҳои мардумӣ, рушди корҳои хонагӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст. Баргузории чунин чорабиниҳо  дар тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар  байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа,  бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани   Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳмияти хеле бузург дорад.

Ҳамзамон, вакили  Маҷлиси  вакилони  ҳалқи  ноҳия  Набиева  Инобат дар вохӯрӣ иштирок дошта, аз  аъзои  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ даъват  намуд, ки корҳои  ободониро  дар  маҳалла   ба  роҳ  монда,   ҷиҳати  тарғиби урфу одат ва  анъанаҳои  мардумӣ ҳамеша  бархудор  шуда, анъанаҳои  неки  ниёгонамонро  ба   насли наврасу   ҷавонон омӯзонанд.  

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.