Ҷаҳони ислом: таъсири динӣ – фарҳангӣ ва сиёсии он ба Тоҷикистон. Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

Ҷомеаи навини мо дар марҳилаи кунунии инкишофаш бо душвориҳои сангини иҷтимоӣ-сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аз як тараф эктремизми дини бо идеологияи тахрибкоронааш аз тарафи дигар бошад ғасби фарҳанги – дини ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломи нисбати Тоҷикистон инкишоф ёфта истодааст. Аслан ин раванди ғасби дини фарҳанги ҷараёнҳои ифротӣ, ки як қатори онҳо аз тарафи кишварҳои Араб бо роҳи осоишта ва мутамаддин дар асоси шартномаҳои тарафайн амали нашуда, балки бо роҳи моҷароҷуёна пиёда шуда истодааст, ки сатҳи бархурдҳои иҷтимоӣ – мазҳабӣи ҷомеаи моро тезонида истодааст. Асоси тарғиби динии ҷараёнҳои исломиро асосан равияҳои дини – экстремисти ба момнанди «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати ансоруллоҳ» «Таблиғи ҷамоат» ва ғайраҳо ташкил медиҳанд.

Дар байни равияҳои экстремистии зикршуда, «Салафия» дар таблиғи ақидаҳои ифротиаш хеле фаъол мебошад, ки аз сатҳи мазҳабӣ сар карда то сатҳи либоспушии фарҳанги бегона аз ҷумла арабӣ идома меёбад. Муҳақиқи рус И. Сафранчук вобаста ба ин масъала як нуқтаи ҷоилиберо қайд мекунад, боиси дастгирист. У менависад, ки «мо араб нестем, арабҳо мо нестанд. Даҳсолаи наздик тамоми кишварҳои Осиёи Миёна ба ғасби сиёсӣ ва фарҳангии кишварҳои Шарқи Миёна рӯ ба рӯ мешаванд. Арабҳо на камтар аз кишварҳои Ғарб ба забти фазои геополитики кишварҳои Осиёи миёна манфиатдор мебошанд»[1]. Воситаи таъсирасони ба фазои фарҳанги мо чи тавре, ки мушоҳида мешавад бо ҳар роҳу воситаҳо амали карда мешаванд. Ин омил ба сатҳи таҳамулпазирии дар ҷомеаи мо таъсири манфӣ мерасонад. Солҳои пеш мушоҳида мешуд, ки либосҳои ба монанди сатр ва ҳиҷоб аслан дар хонадон ва оилаҳои муллоҳои ба бар карда мешуданд. Лекин аз нимаи 2-юми солҳои 2000-ум ин зуҳурот руҳияи оммавӣ касб карда истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи вазъияти дини дар Тоҷикистон хеле боло рафтааст. Нигаронкунанда аст, ки инкишофи вазъияти дини дар Тоҷикистон ботини ва моҳитан набуда, балки сатҳи мебошад. Ҷавонони бо дониши кам ва ҷаҳонбинии паст маъвизаҳои як қатор аъзоёни гурруҳои экстремисти ва муллоҳои анъанавии моро шунида хоҳарон ва ҳатто модарони худро маҷбур менамоянд, ки аз либоси анъанавии дар мазҳабӣ ҳанафия қабулшуда, яъне руймолҳо даст кашида ба ҳиҷоб ва сатр, ки дар фарҳанги динии кишварҳои араби ва Эрон истифода мешаванд, руй биёранд.

Ғасби дини – фарҳанги зуҳуроте мебошад, ки бо роҳу воситаҳои гуногун амали карда мешаванд. Масалан Туркия аз сиёсати ғасбкоронаи фарҳанги сиёсии худ дар замони муосир низ даст накашидааст.

Масалан солҳои охир чунин изҳоротро аз элитаи сиёсии ҳукумати Туркия фаҳмидан мумкин аст. Ҷонинишини сарвазири давлати Туркия Нуман Куртулмуш иброз мекунад, ки Туркия аз хобби панҷоҳ сола бедор шудааст ва ҳатман тавоноӣ худро эҳё мекунад. Пошхурии империяи усмонӣ ба ғурур ва ва фарҳанги зарари калон расонид ва замоне расидааст, ки мо ғурури аз даст рафтаамонро боз бедор намоем.. Бояд қайд кард, ки ҳудуди кунунии Туркия маркази империяи усмонӣ буд, ки қисми зиёди Шарқи наздик, як қисми Африқо, Булғория, Македония ва Албанияро дар бар мегирифт ва дар баробари Британия, Олмон, Руссияи подшоҳӣ ва Фаронса яке аз абарқудрати бузург ба шумор мерафт.

Қайд кардан зарур аст, ки мулифони ин изҳоротҳо ба қисмати болои элитаи сиёсию давлатии Туркия таалуқ доранд ва ин ба фикр кардан водор мекунад. Ин изҳоротҳо аз он дарак медиҳанд, ки асоси сиёсати берунии элитаи ҳукмрони Туркияро ғосибӣ (экспансионизм) ташкил медиҳад. Тасдиқи ин суханҳоро метавон дар суханони президенти Туркия Реджеп Тайип Эрдуғон ёфт. Дар охирҳои моҳи январ ӯ изҳор кард, ки мақсади Анқара аз он иборат аст, Башор Асад ва ҳукумати ӯро аз ҳокимият маҳрум намояд. Бо Башор Асад ҳолати кунунии сиёсати Сурия таъғир наёфта истодааст ва Туркия тамоми кушишҳоро ба он равона мекунад, ки режими кунуни Сурияро таъғир диҳанд[2]. Савол ба миён меояд, ки дар асоси кадом қонун Реджеп Тайип Эрдуғон мехоҳад, ки президенти қонуни ва аз тарафи халқ интихобшудаи Сурияро сарнагун кунад. Ин изҳороти президенти Туркия аз он далолат мекунад, вақтҳои охир сиёсати ғосибгарои ҷузъӣ ҷудонашавандаи сиёсати хориҷии Туркияро ташкил медиҳад.

Чунончи аз таърих маълум аз сиёсати тахрибкоронаи Туркия нисбати миллатҳои Осиёи Миёна Тоҷикон зиёдтар зарар дидаанд ва аз қисми зиёди мероси фарҳанги, маънавӣ ва ҳудудҳои таърихии худ маҳрум шудааст. Ин ҳаракати иртиҷои дар Осиёи Миёна бо номи Пантуркизм хеле машҳур аст. Идеологҳои ҳаракати Пантуркизм қисми аҳоли пешқадами Тоҷик аз ҷумла ҷавононро ба ин ҳаракати иртиҷои ҳамроҳ намуда ба воситаи онҳо мақсадҳои сиёсӣ – фарҳанги худро оиди турк намудани тоҷикон амали менамуданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар қишри фарҳанги либоспушии мазҳабӣ аҳолии мо ба фарҳанги либоспушии арабҳои тақлид мекунанд. тақлид баанъанаи либоспушии кишварҳои араби ба фарҳангӣ миллии мо ба фикри мо таъсири хуб намерасонад. Фарҳанги либоспушиикишварҳои араб фарҳангӣ миллии тоҷиконро танг карда истодааст. Анъани дини таълим медиҳад, ки ҳар як инсон мутобиқ ба шариат либос ба бар намояд. Дар китоби муқаддаси Қуръон сураи «Нур» ин масъала омадааст ва ин ақидаи мустақили фақеҳон ва олимони соҳаи дин нест, лекин масъалаи асоси дар он аст, ки дар масъалаи сатру ҳиҷоб як қатор шаҳрвандон ба ифрот роҳ медиҳанд. Табиист, ки аксари мусулмонони Тоҷикистон масъалаи пура пушонидани сару гардану руй ва ба бар кардани либоси пурра сиёҳро дастгири намекунанд. Дини ислом ҳам пура маҳкам кардани сару руйро барои зани мусулмон зарур намешуморад. Масалан то солҳои наздик модарон ва бибиён дар рустоҳо либосҳои милли сарпушҳои ба бар мекарданд, ки ба талааботҳои дини ислом ва фарҳанги милли ҷавобгӯ буданд. Инчунин он сарпушҳои, ки бибиён ва модарони мо дар гузашта ва замони муосир ба бар мекунанд ба шариати исломи дар таззод намебошанд.

Барои духтарони риояи либоси исломи дар шакли сатру ҳиҷоб ба як тақлидкории холис табдил ёфтааст. Онҳо аксаран ба либосҳои духташон туркию араби тақлид мекунанд ва либосҳои дини ба фарҳанги миллии тоҷики асос ёфтаро нодида мегиранд ё умуман эътироф намекунанд. Душвории асли дар он аст, ки мо аз як тараф ба бегонапарстии фарҳанги мубориза мебарем, ҳатто дар сатҳи давлати президенти кишвар Эмомали Раҳмон дар якчанд баромадҳояшон ба ин масъала равшании амиқ доданд, ки бояд роҳи ҳаллашро меёфт, аммо аз тарафи дигар ҳаст тоҷироне, ки манфиати иқтисодиашонро аз манфиати милли боло гузошта чунин молҳои барои фарҳанги миллии мо бегонаро ворид менамоянд.

Шурои уламо бояд дар ин масъала бетарафи нишон надода асли масъаларо аҳоли фаҳмонад. Масалан, шурои уламои Тоҷикистон дар ин масъала метавонад аз таҷрибаи Қазоқистон истифода намояд. Шурои уламои Қазоқистон ҷиди будани масъалаи либоси дини сатру ҳиҷобро ба назар гирифта озмуни дизайнерҳоро гузарониданд, ки дар он тароҳон иштирок намуда дастовардҳои худро пешниҳод намуданд. Намунаи либосҳои диние, ки дар ин озмун пешниҳод карда шуданд ба завқи эстетики ва талоботҳои шариат ҷавобгӯ мебошанд. Яъне душвории асоси дар он аст, шурои уламои Тоҷикистон масъаларо ҷиди таҳлил намуда дар тарғиби либоси дини бо унсурҳои фарҳанги саҳмгӯзор бошад.

Масъалаи либоси дини аз ҷумла сатру ҳиҷоб дар доираи фарҳанги миллии солҳои охир хеле мубрам шуда истодааст, ки бешубҳа ба бехатарии фарҳанг миллию-динии мо халал ворид менамояд. Гуфтан мумкин аст, ки масъала решаҳои иҷтимоӣ – назариявӣ низ дорад.

Ибтидои асри навин бо зиддиятҳои динию-мазҳабӣаш хотирмон шудааст, ки дар аксари ҳолат шакли зуҳуроти иҷтимоӣ, яъне ғасби диниро касб мекунад. Шакли зоҳиршави ва натиҷаи ниҳои ин зуҳуроти иҷтимоӣ дар ҷаҳони муосир гуногунранг мебошад. Масалан, дар минтақаи Шарқи Наздик ғасби дини-фарҳанги аз амали тарсондани миллатҳои гуногун оғоз карда дар барқарорнамои давлати дини анҷом мепазирад. Ғасби дини – фарҳанги дар замони муосир бисёрченака мебошад. Ин зуҳуроти иртиҷоиро ба шуури дуняви ва дини ҷои кардани ақидаҳои нави ифроти мазҳабӣ амали мешаванд, ки онҳо дар навбати худ манбаи нооромиҳои сиёсӣ, милли ва иқтисодӣ дар ҷомеа мешаванд. Нисбати ин масъала дар аксари ҳолатҳо бепрвои зоҳир менамоем, лекин дар асл ин зуҳуроти номатлуб метавонад, ки авзои ҷоемаро ноором созад. Равандҳои глобализатсионӣ дар ҷаҳон ва таъғиротҳои демократӣ дар ҷомеаи моусири Тоҷикистон авзои муносибатҳои мазҳабӣ-милли ва диниро фаъол кардааст, ки он дар навбати худ сабаби пайдо шудани моҷароҳо ва экстремизми дини шудааст.

Аввалин кушиши шарҳу тафсири ғасби диниро замони худ файласуфи Олмонӣ Ф. Нисше амали кардааст. Ба ақидаи ӯ зоҳиршавии ғасби дини хосияти даврӣ дорад ва бо ибтидои хирадманди-фарҳанги ва ғайрихирадманди давраҳои таърихии ҷомеаи инсонӣ алоқамнди дорад. Ӯ чунин мешуморад, ки дар таърихи инсоният марҳилаҳои ба вуҷуд меоянд, ки эҳсоси бехирадию беақли дар инсонҳо боло гирифта мавҷудияти ҷомеаро зери хатари нобудшави мегузоранд. Дар ин замон зоҳиршавии ғасб (экпансия) бисёртар мешавад. Давраҳои вуҷуд доранд, ки сатҳи зоҳиршавии зуҳуротҳои иртиҷои хеле паст мешаванд. Файласуфон С. Кьеркегор ва Ж. Делёз ба Ф. Ницше пайрави карда чунин мешуморанд, ки давраҳои инкишоф ва буҳронҳои ҷомеаи инсонӣ хосияти даврзананда ва такроршавандаи беохир дорад. Файласуфи рус И. А. Гобозов дар асараш «Фалсафаи сиёсат» менависад, ки «дар таърих қонунҳои универсалие вуҷуд доранд, ки хосияти такроршаванда доранд, лекин такроршавии ин қонунҳо дар асос ва заминаи нави таърихи ба вуҷуд меоянд. Ин зуҳуротҳо, махсусан дар давраҳои низоъ ва буҳронҳо шадидтар мешаванд»[3].

Аксари муҳақиқон чунин мешуморанд, ки шарҳу тафсири ақлони ғасби мазҳабӣю – дини дар доираи инкишофи хоси иҷтимоӣ – таърихии миллати мушахас имконпазир аст. Ғасби динию – мазҳабӣ дар давраҳои ташакулёбии давлатдории мустақил, ивазшавии режимҳои сиёсӣ ва буҳронҳои иҷтимоӣ ё ин ки ҳамчун аксуламал ба таҳдиди ғулом шудан ба вуҷуд меояд. Назари тарҷеъи ба масъалаи ғасбгароӣ имконият медиҳад, ки мо ба ин зуҳуроти иҷтимоӣ таърифи корӣ диҳем.

Ғасби дини омили сиёсие мебошад, ки давлати алоҳида имкониятҳои иқтисодии худро васеъ намуда, дар ҳудудҳои нави ҷуғрофи қудрати сиёсӣ ва динии худро пойдор менамояд. (масалан як қатор кишварҳои араби) Ғасби дини зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ – сиёсӣ буда, ҷанбаҳои ақлонӣ ва ғайриақлониро дар бар мегирад. Асоси ақлонии онро мубориза барои фазои ҳаётан муҳим зиндагӣ ва аз худ кардани ҳудудҳои нав ташкил медиҳад. Ғасб ҳамчун категория ва қисмати уневерсалии раванди таърихи ифокунандаи ҷанбаҳои бунёдии воқеъияти объективи мебошад. Объекти ғасби дини ҷаҳони ботинии инсон, ҷомеа ва дар маҷмуъ давлат ба ҳисоб меравад. Асоси ғайриақлонии ин зуҳуротро идеяи динии ҳукмфармо ва идеяи метафизики мубҳаму норавшан ташкил медиҳад, ки дар воқеъияти нави геополитики ҷаҳон амалишавии худро талаб менамоянд. Пиёдакунандагони ин нақшаҳои дини – мазҳабӣ гурруҳои дини экстремисти ба монанди салафия, ҳизб-ут-таҳрир, ансоруллоҳ ва ғайраҳо мебошанд, ки аз пушташон қудратҳои бузурги сиёсию – иқтисоди ба монанди Арабистони Сауди, Қатар, Покистон намоён мебошанд.

Замони худ файласуфи олмонӣ Ф. Нисше қайд карда буд, ки ҳоқимияти асли ин хоҳиш ва ирода ба ҳоқимият аст. Он гурруҳое, ки ба ғасби дини сару-кор доранд мақсади ниҳоияшон соҳиб шудан ба ҳокимият мебошад. Амалҳои созандаи сиёсие, ки имруза ҳукумати Тоҷикистон барои инкишофи иқтисоди-сиёсӣ ва якпорчагии Ватанамон равона шудааст ба пайраванои партияи динии самти сиёсӣ дошта ва гурруҳои экстремисти дини ва хоҷагони хориҷии онҳо мақул намебошад. Онҳо барои халал ворид кардан ба истиқлолияти сиёсии мо, кушиш менамоянд, ки тарҳои сиёиашонро ба воситаи ғасби дини амали намуда ба исломи анъанавӣ ва мазҳабӣ ҳанафи, ки ҳазосолаҳо падару бобоёни мо пайрави он буданд халал ворид намоянд. Ба ин минвол оромии мазҳабӣи моро коста гардонида ба воситаи манқурт кардани ҷавонони мо ба воситаи ғояҳои салафию, ҷиҳоди бародаро бо бародар ҷанг андохтанианд. Барои пайравони равияҳои дини-экстремисти ҳокимият объекте мебошад, ки бояд ба он мубориза баранд ва дар ҷои он ҳокимият модели динии давлатдории иртиҷои худро пойдор намоянд. Онҳо мехоҳанд, ки озодии фундаменталии инсонро, ки дар тамоми конвенсияҳои СММ қайд шудааст ба фоида худ истифода бурда дар дохили давлати соҳибистиқлол давлати динии худро дошта бошанд ва ҳар амале, ки дини ислом ба онҳо имконият додаст берун аз қонунҳои амалкунандаи давлат рафтор намуда худашон шоҳу таъбашон вазир бошад. Фалсафаи иҷтимоӣ таълим медиҳад, ки ихтиёр, ирода ва хоҳиши (воля) инсон ба сохтори иҷтимоии ҷомеа рост намеояд, давлат вазифадор аст, ки дар чаҳорчубаи қонун ихтиёру хоҳиши ифротии инсонро хомуш намояд, ки ба дигар аъзоёни ҷомеа зарар нарасонад. Масалан як муллои чаласавод мехоҳад, ки имрӯз дар деҳаи дурдасти Тоҷикистон як духтари 9-соларо ба зани гирад ва ба ин воситаи авзои таҳамулпазири деҳаро вайрон намояд. Дар ин маврид давлате, ки тамоми санау меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро имзо кардааст ва худро узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони меҳисобад метавонад, ки бетараф бошад? Албата не. Қайд кардан зарур аст, ки ихтиёру хоҳиши гурруҳои дини экстремисти ба монанди салафия, ансоруллоҳ, ҳизб-ут-таҳрир, ки мақсади асосиашон ғасби динию мазҳабӣст ба он равона шудааст, ки иродаву хоҳиши ҷавонони моро шикаста ғасби динию-мазҳабӣро ба сари онҳо бор намоянд. Ҳамин тавр иродаву хоҳиш дар фаҳмиши салафия, ансоруллоҳ ва ҳизб-ут-таҳрир ҳамчун тарз ва қувваи пойдор шудани ғояҳои динию экстремисти шахсии онҳо фаҳмида мешавад.

Давлат дар амали намудани иродаи инсон бояд, ки саҳмгузор бошад, яъне ба воситаи инстутҳои иҷтимоӣ ҷомеа аз ҷумла системаи маориф ба ташаккулёбии стреотипҳои дини – мазҳабӣ таъсир расонида ба рафтору кирдори дини онҳо таъсир расонад то ки онҳ ба ифротгароии дини дода нашуда миёнаи тиллои, муътадилии диниро интихоб намоянд. Дар доираи ин фаҳмиш ирода ба ҳокимият маънои ғасб ва пойдор кардани аҳкомҳои диниро ба сари ҷомеа дорад. Аммо ин ғоя мақсади асосии идеологҳои назария нест, чунки онҳо дар пай ҷустуҷу тарҳои калони ғасби динӣ – фарҳанги мебошанд. Мақсади ҳоқимият ин аст, ки рафтори одамонро дар ҷаҳочубаи қонун ба роҳ монад, аммо мақсади моделҳои дини давлатдори дар он аст, ки одамонро дар доираи догмаҳои ақибмондаи ҷамъияти маҳдуд намоянд. Ҷабҳаи муҳими ғасби дини тарҳрези рафтори одамон аст, чунки як қатор ба офаридани намунаҳо ва идеяҳои дини машғул шуда онро маҷбуран ва бо роҳи фанду фиреб ба сари дигарон бор менамоянд. Яъне чи тавре, ки файласуфи англис Т.Гоббс қайд менамояд «инсон дар ин маврид ба инсони дигар ҳам гург мешаваду ҳам Худо»[4]. Баръакси ин субъектҳои ҳокимияти давлати намунаи идеалии арзишҳои рафтору кирдори инсониро меофарад, ки ҳар як инсон дар он худро хушбахт ҳисоб мекунад, чунки давлат ба системаи маҷбурнамои боадаолат ва захираҳои моддию маънави такя мекунад. Тарҳои, ки ҳаракатҳои динию сиёсӣ нисбати барқарор намудани ҳокимияти давлати бунёд мекунанд ба субъектҳои ҳокимияти давлати монанд нестанд, чунки асоси ҳокимияти диниро догмаҳои дини ташкил дода асоси ҳокимияти дунявиро арзишҳои умумибашари ташкил медиҳанд. Раванди пур кардани шуури ҷавонон бо ақидаҳои динию ифроти бегонашавии ҷавонон аз дигарон, ҳокимият, тарзи зиндагии анъанавӣ ва рафторҳои рузмара ба вуҷуд меояд. Сабаби асосии бегонашавӣ ҷавонон унсурҳои бегонаи динию-фарҳанги мебошад. Озодие, ки ҳокимияти мо фароҳам овардааст сабаби суистифодаи партияҳои дини ва равияҳои дини мешавад. Барои ҳамин ҳокимиятро зарур аст, ки ташвиқоти равияҳои дини – экстремистро дар самти паҳн кардани ақидаҳои ифроти динию-сиёсӣ маҳдуд намояд. Чунки аз сиёсати пешгирифтаи ҳокимияту давлати мо бехатарии вазъияти дини ва иҷтмиоию фарҳангӣ вобаста мебошад.

Мо бояд эътироф намоем, ки ғасби дини хосияти ҳамарофарогиранда дорад ва зоҳиршавии онро дар тамоми системаҳои этноконфесиалӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Барои ҳамин зарур аст, дар воқеъияти нави геополитики ҷаҳон, ки мо шоҳиди он ҳастем муносибатамонро вобаста ба шароит нисбати ғасби дини таъғир диҳем. Вобаста ба меъёрҳои вуҷуд дошта ғасби диниро ба чунин шаклҳо ҷудо менамоянд.

  1. Дини-тамаддуни
  2. Давлати – мазҳабӣ (конфессиональный)
  3. Ҳудуди-мазҳабӣ

Ғасби дини – тамаддунӣ раванди дурру – дарози таърихи мебошад, ки дар натиҷаи он ҳудудҳои бузурги ҷуғрофи забт гардида аҳоли ин ҳудудҳо маҷбури ё ихтиёран пайрави ягон дин ё мазҳаб гардонида мешаванд. Масалан динҳои ҷаҳони ба монанди Буддоия, Насрония ва Ислом дар тули таърихи мавҷудияташон аз ғасби динӣ фаровон истифода бурдаанд. Дар замони муосир сиёсати ғасбкориро равияҳои дини-экстремисти ба мақсади кор ва мавҷудияти худ қарор додаанд. Дар ин самт равияҳои дини-экстремисти исломи хеле фаъол мебошанд.  Охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 ғасби дини-мазҳабӣро асосан пайравони дини Насронӣ ва Исломи фаъолона амали мекарданд. Мақсади асосии ғасби дини – мазҳабӣ дар он аст, ки дар ҷомеа ё давлати мушаххас системаи муаяни арзишҳои дини ва сиёсиро иҷборан ё бо роҳи иқтисоди бор намояд. Масалан ғасби динию – сиёсӣ давлатҳои Ғарб нисбати давлатҳои пасошуравӣ аз ҷумла Тоҷикистон ба воситаи паҳн кардан ва барқарор намудани фармоишҳои идеологи ахлоқ ва фарҳанги насронӣ амали карда мешаванд.

Шакли давлати – мазҳабӣи ғасб хоси ҷомеаи асри Миёна мебошад. Чунки ин замон гурруҳи махсусе одамоне пайдо шуданд, ки матнҳои диниро мувофиқи манфиат ва таъбу завқи сиёсии худ шарҳ доданд, ки ин раванд боиси пайдоиши мазҳабҳо шуданд. Асоснокунии дини – фалсафӣ, дар ин раванд нақши асосиро бозид. Маслан чи дини Насронӣ ва чи дини Ислом дар ибтидои пайдоишаш ба ҳимоя ва асоснокуни фалсафи хеле ниёз доштанд. Масалан ғояҳои геополитикии равияи православии Насрония дар фазои мазҳабӣи калисои Шарқи амали гардонида шуданд. Барандаи ғояҳои геополитики дини – мазҳабӣ он замон империяи Византия буд, ки дар ҷангҳои мазҳабӣ зиди тамадуни исломии нав ташаккул ёфта хеле фаъол буд. Натиҷаи паҳн кардани ғояҳои дини – мазҳабӣ империяи Византия бо ташаккул ёфтани фазои дини – фарҳанги православӣ хотима ёфт. Дар навбати худ тамадуни аврупои Ғарби таҷасумгарӣ мазҳабӣи равияи каталосизми насрония мебошад. Яъне имрӯза тамаддуни Ғарб бо равияи католики дини Насронӣ ҳаммаъно мебошад. Дар натиҷаи ҳаракатҳои гуногун самти Шарқи насронии православӣ ва Ғарби католики ташаккулёбии фазои геополитики онҳо ташаккул ёфтааст. Пайдоиши равияи динии протестантизм воқеъият ва ғояҳои геополитики тамаддуни Насрониро умуман ба таъғироти бузург водор намуд. Яъне гуфтан мумкин аст, ки протестантизми олмони-англиси – голланди ва калвинизм воқеъияти мазҳабӣ дини насронияро таъғир дод. Ба ҳамин монанд равандҳо, низ хоси тамаддуни исломи мебошад, ки дар доираи он фазои дини – мазҳабӣ ва геополитики пайравони Суннат ва Шиа ташаккул ёфтанд.

Ғасби давлати – мазҳабӣ хоси замони муосир мебошад. Сатҳи инкишоф ва перафти ғасби дини – мазҳабӣ ба вазъи геополитики ва имкониятҳои иқтисодии давлат сахт вобаста мебошад. Ғасби дини – мазҳабӣро нисбати Тоҷикистон кишварҳои исломи ба монанди Арабистони Сауди, Туркия, Эрон ва Покистон амали мекнанд, ки мақсади асосиашон яксон гардонидани вазъияти динии Тоҷикистон ба мақсадҳои геополитики ва дини худ мебошад. Ғояҳои пантуркизм ва ғасби дини – мазҳабӣи ба равияи аҳли суннат наздикро Туркия амали мекунад, чунки аҳолии Туркия аз нигоҳи мазҳабӣ бо аҳоли Тоҷикистон наздики доранд. Асоси ғояҳои пантуркистиро дар шакли пардапуш бошад ҳам асосан ба воситаи кушодани мактабҳои турки амали мекунанд. Маълум аст, ки асоси ғоявии ғасби дини – мазҳабӣи Туркияро Пантуркизм ташкил медиҳад. Эрон ғасби дини – мазҳабӣашро Дар Тоҷикистон ба воситаи ғояҳои яке аз мазҳабҳои дини ислом Шиа амали мекунанд. Барои дар амал татбиқ кардани манфиатҳои геополитики ва дини – мазҳабӣи худ дар Тоҷикистон, Эрон дар навбати аввал омили наздикии қавмию забониро истифода мебарад. Мушоҳида мешавад, ки Эрон ба фарқиятҳои мазҳабӣи аҳолии Тоҷикистон диққати зиёд намедиҳад.

Ғояҳои бунёдгароии (фундаментализм) исломи ва ғояҳои ҳаракати дини – экстремистии Ваҳҳобияро Арабистони сауди тарҳбанди намуда байни аҳоли Тоҷикистон паҳн мегардонад. Покистон ҳам дар самти пиёда кардани ғояҳои исломи ифроти ва гурруҳи террористи дар байни аҳоли Тоҷикистон хеле фаъол аст. Покистон барои паҳн кардани пайравони ҳаракатҳои дини – экстремисти ва ғояҳои ҷиҳоди исломи аз идораҳою фондҳои бузурги иқстисодии кишварҳои исломи фаровон истифода мебарад. Масалан қисми зиёди пайравони ҳаракати дини – экстремисти Салафия дар мадрасаҳои калони Арабистони Сауди ва мадрасаи машҳури «Ҳаққония»-и Покистон таълим гирифтаанд. Масалан Арабистони сауди ба рушду инкишофи ҳаракати дини – экстремистии Салафия пули калон ҷудо менамояд, то ки онҳо ба воситаи тарғиби ғояҳои ифротии худ вазъияти диниро дар Тоҷикистон халалдор намоянд. Инчунин фаъолияти онҳо боиси он гардидааст, ки байни аҳолии Тоҷикистон муборизаҳои иҷтимоӣ шиддатнок шудааст. Ғасби дини – мазҳабӣ Тоҷикистон аз ҷониби Покистон ба воситаи Афғонистон амали карда мешавад. Чунончи ҳаракати дини – экстремистии Толибон аз тарафи Покистон таҳрези шудааст вазъияти дини – сиёсии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи миёна шиддатнок кардааст.

Шакли ғасби ҳудуди – мазҳабӣ ибтидои асрҳои ХХ паҳн гаштааст. Омили миллатгароӣ дар ин раванд нақши ҳалкунандаро бозид. Маълум аст, ки инкишофи ғасби ҳудудию – мазҳабӣ фазои милли – мазҳабӣ ягон кишвари алоҳидаро хароб намуда давлати бутунро пароканда менамояд ва дар ин ҳудуди пароканда давлатҳои нав ташкил карда мешаванд. Чунончи собиқ Итиҳоди Шуравӣ ва Югославияи сотсиалисти шоҳиди гуфтаҳои боло шуда метавонанд. Масалан дар натиҷаи ҷанги шаҳрванди Югославия пароканда шуда дар ҷои онҳо якчанд давлати хурд бунёд карда шуданд. Албатта ин равандро таъсирасони кишварҳои Ғарб аз ҷумла ИМА боз тезонид, ки дар онҷо манфиати геополитики худро дошт.

Ғасби ҳудудии дини – мазҳабӣ бо амали миссионерию – таблиғии гурруҳои дини – экстремистии кишварҳои исломи ба монанди Арабистони сауди ва Покистон алоқаманди зич дорад. Фаъолияти миссионерию – таблиғии кишварҳои исломи ва гуруҳои дини – экстремисти дар Тоҷикистон боиси эҳёи парокандаи арзишҳои дини – мазҳабӣ гаштанд, ин раванд сабаби шиддатнок инкишоф ёфтани ҳаёти иҷтимоӣ ҷомеа гардид[5;с.51-52]. Бояд зикр кард, ки эҳёи сар то сари арзишҳои дини дар тамоми кишварҳои пасошуравӣ мушоҳида мешавад ва ин раванд ба ақидаи аксари муҳақиқон раванди табии шуморида мешавад[6;с.40]. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикон ва ҳамзистии мазҳабӣ Суннат ва Исмоилия дар Тоҷикистон арзандаи омӯзиш аст, чунки дар тулии таърихи тулонии мавҷудияташон принсипҳои муҳими сулҳофариро тарғиб намудаанд. Ба ақидаи аксари муҳақиқон дини ислом ҳамчун омили милли-мазҳабӣ бо арзишиҳои демократи зид нест. Ин шаҳодати он аст, ки аҳкомҳои дини ислом инсонро дар руҳияи созанда ва таҳамулпазири тарбия менамояд. Лекин гурруҳои дини – экстремисти аҳкомҳои дини исломро ба таври худ шарҳ дода ба манфиати сиёсии худ истифода мебаранд. Аз ин ҷо бар меояд, ки тарғиби миссионерии сабаби он гаштааст, ки омили дини дар ҷомеаи Тоҷикистон шиддатнок шудааст.

Муҳақиқони тоҷик паҳншави ва нуфузи равияҳои дини ифротиро чунин шарҳ медиҳанд. Диншинос ва таҳлилгари масоили динию - мазҳабӣ Абдуллоҳи Муҳаққиқ менависад: чанд омиле ҳаст, ки ҷавонони тоҷик вориди ҳаракати террористии «Салафия» гашта, бо роҳҳои қочоқ барои ширкат дар «Ҷиҳодҳои шайтонӣ» тавассути гумоштаҳои ташкилот ва дастгоҳҳои ифротгаройӣ ба Сурия, Урдун ва Ироқу Афғонистон ирсол карда мешаванд:

-Воизони мубаллиғ ва миссионерҳои дурӯғзан, ки масъалаи «Ҷиҳоди исломӣ»-ро ғаразнок ва дар асоси принсипҳои террористон шарҳу тавзеҳ медиҳанд;

-Пурқувват будани таълимоти ақидаи террористии ифротгаройӣ ва бемазҳабӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ дар ҷомеа ва бепосух мондани дасисаҳои онҳо аз ҷониби уламои исломии Тоҷикистон;

-Таблиғу ташвиқи иделогия ва ғояҳои террористӣ, иртиҷойӣ ва экстремистӣ аз номи «Қуръон ва Суннат» тавассути дастгоҳ ва ташкилотҳои ифротгаройи «Салафия», «Байъат» ва «Ансоруллоҳ»;

-Ба таври ғайрирасмӣ тавассути гумошта ва дигар сарчашмаҳои махфӣ маблағгузорӣ намудани ташкилотҳои ифротгароӣ ба аъзоёни такфирӣ ва ҷиҳодии Салафия;

-Бетарфии муаллимон, устодон, мулло ва шахсиятҳои динӣ, ки нисбат ба кирдор ва рафторҳои зидди исломӣ ва зидди қонунии аъзоёни ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ[7].

Чи тавре дида мешавад, омилҳои, ки ин муҳақиқи тоҷик қайд кардааст дар ҳақиқат ҷой дорад ва қобили дастгирист. Бегонашавии ҷавонон аз дин, фарҳанг ва асолати миллии худ як омили муҳими ин зуҳуротро ташкил медиҳад.

Коршиноси тоҷик Аҳмади Иброҳим мегӯяд, мардуми ҳар минтақаи Тоҷикистон хусусиятҳои хоси худро доранд, ки куллан миёнашон фарқиятҳои назаррасе вуҷуд дорад: «… Бинобар он, ки ин гурӯҳи ҷавонон дар вуҷуди худ як ғурури азалӣ доранд, барои ин ғурурро баровардан беҳтарин роҳи амалисозии онро дар сафар ба кишварҳои ноамн ва аъзо шудан дар гурӯҳҳои ифротӣ бо мақсади ҷангидан медонанд» [7].

Бояд қайд кард, ки тарғиби дини – миссионери ба паҳн намудани арзишҳои дини равона шудааст. Мақсади дигари тарғиби дини – миссионери ба он равона шудааст, ки обруӣ кишвари ғасби кунандаро боло бардорад ва ба ин васила сиёсати тахрибкунандаашро идома диҳад. Дар баробари ин кишварҳои, ки сиёсати ғасбкунандаи мазҳабӣро пеш гирифтаанд, дар паҳн кардани ғояҳои дини – мазҳабӣ аз фишангҳои иқтисодӣ фаровон истифода менамоянд:

  1. ба сохтумони масҷидҳо ёрии иқтисодӣ мерасонанд;
  2. барои таълими дини гирифтани ройгони ҷавонон аз кишварҳои хориҷи мусоидат менамоянд ва онҳоро ба манфиати ғасби дини – мазҳабӣ худ истифода мебаранд;
  3. фондҳои ба ном хайрия исломи ба донишҷуёни мадрасаҳои исломи мутаасил ёрдампули пардохт карда, онҳоро аз нигоҳи иқтисоди пойбанди худ менамоянд.

Бояд зикр кард, ки дар фалсафаи иҷтимоӣ масъалаи алоқамандии омили иқтисодӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ дар раванди ғасби дини – мазҳабӣ дар сатҳи зарури омӯхта нашудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки ғасби дини – мазҳабӣ зуҳуроти душвори иҷтимоӣ мебошад, ки умқи омӯзишаш аз омилҳои дохилию беруни вобаста мебошад. Яъне дар раванди омӯзиши ин зуҳурот мо бояд анъанаи фарҳанги милли, дин, мазҳаб, ҳувияти милли, сохтори сиёсӣ, институтҳои демократи ва сатҳи инкишофи онҳоро дар ҷомеа ба назар гирем. Ғасби дини зуҳуроти иҷтимоӣ буда ба иҳота ва забти фазои мавҷудият ва ҳаётгӯзаронии инсон равона шудааст. Инчунин ин зуҳуроти иҷтимоӣ – сиёсӣ ба ташаккул додани фазои динии дигар зиёдтар хосияти сиёсӣ дошта равона шудааст. Ғасби дини мақсади асли дин мебошад ва инро бояд фаромӯш накунем. Ҳуқӯки амали намудани ғасби дини асоси бунёди институти иҷтимоӣ динро ташкил медиҳад. Дар баробари ин арзиши иҷтимоӣ ин зуҳурот феъли будани тадқиқи ин масъаларо зиёд менамояд. Ба ақидаи мо ҳосил кардани натиҷаҳои мусби аз тадқиқи ин масъала, ҳалли моҷароҳои дини – мазҳабӣро осонтар намуда дар рафъ кардани терроризми дини нақши муҳимро хоҳад бозид.

Маҳмадиев Нозим Давлатмуродович, мудири кафедраи Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.