Насли Ваҳдатро наҳзатиёни бадкеш фирефта карда наметавонанд. Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

Аслан, Истиқлолият самари Ваҳдату якдилии миллат мебошад. Мо ҷавонон, ки самараи Ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем, ба қадри ин неъмати бузург беш аз пеш мерасем.

Ҳар бор, сапедадам чашм аз хоб баркушода, аҳли хонаводаамонро дар хоби ноз, орому осуда мебинем, ҳазор бор шукри Ваҳдату субот мекунем. Ва боз ҳазор, бори дигар шукри онро мекунам, ки аз бози чашм ба олами ҳастӣ кушодан Тоҷикистонро ободу осоишта дарёфта, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи комил, якдилию ватандӯсти ба камол расидаем. Месазад ки бигӯем: Мо насли хушболу пари Ваҳдатам.

Ҷангу хунрезӣ, фироришавии сарсарии мардум аз ватани худ, бародар гиребони бародар гирифтанҳо беқадрии инсонро хайрият аз забони калонсолон шунидаему худ надидем. Чӣ рӯзҳои сахту сангин, чӣ даҳшатҳои гӯшношунидро аз сар гузаронда будаанд насли нисбатан калонсоли мо.

Гоҳо тариқи оинаи нилгун он лаҳзаҳои даҳшатангези ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро дида, мо ҷавонон шукронаи қисмат мекунем, ки хушбахттарин насли ҷавонем, ки зери ливои парчами сулҳу дӯстӣ умр ба сар мебарем. Хушбахт аз онем, ки дар домани поки Ваҳдат зода шудаву дар оғуши гарму гуворояш камол ёфтаем.

Имрӯз ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳр баромада, дар ҳар қадам ваҳдатро мебинему дар чеҳраи ҳар раҳгузар ваҳдатро эҳсос мекунем. Имрӯз ҳар шиносу ношинос бо ҳам қарину ошноанд, дӯсту бародаранд. Ба андешаи ман ин Ваҳдат аст. Дар лаҳзаҳои дармондагӣ ба мадади ҳамдигар мешитобанд, ки ин Ваҳдат аст. Касе бо касе бо меҳру муҳаббат салом бидиҳад ин Ваҳдат. Дар чеҳраи ҳама Ваҳдат тобону дурахшон аст.

Ҳамаи ин хушиву хуррамӣ ва шукуфоии боғи Ваҳдати миллати тоҷик чун хор ба чашми душманонаш халида, мехоҳанд дубора миёни мардум тухми фитнаву адоват бикоранд ва ҳатто номи гуруҳаки худро “озодандеш” гузоштаанд то мардумро фиреб диҳанд. Аммо мардуми ҷафодидаи тоҷик ва ҷавонони баномуси Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар ҳеҷ гоҳ ба фирефтаву фитнаҳои ин бадкешон ва хоҷагони хориҷии онҳо дода нахоҳанд шуд. Мо озодандеш онҳоеро меҳисобем, ки ба қадри Истиқлолият, Ваҳдат ва суботу оромии кишвар, ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ватансозӣ мерасад!

Рухшонаи ШЕРАЛӢ, узви ТҶҶ «Созандагони Ватан»

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.