Геополитикаи муосир ва хатарҳои он ба ҷомеаи башарӣ. Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастовардест, ки аз ҷиҳати аҳамияти сиёсӣ ва маънавиаш дар тули ҳазорсолаҳо шабеҳ надорад. Агар насли имрӯзаи тоҷикистониён ин маъниро амиқ дарк намояд, пас барои ӯ ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ бояд  қарз ва  вазифаи ҳаётан муҳим маҳсуб гардад.

Ҳаргуна хатар ба Истиқлолияти давлатамон бояд мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор дода шуда, намудҳо ва шакли зуҳуроти онҳо дақиқ, роҳҳо ва усулҳои пешгирии онҳо муайян ва баҳри аз байн бурдани онҳо тадбирҳои мушаххаси самаранок амалӣ карда шаванд.

Чунин ба назар мерасад ва ин бояд асоси воқеӣ ҳам дошта бошад, ки терроризм ва экстремизм дар замони ҳозира яке аз хатарҳое ба Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, киба  масъалаҳои геополитикӣ сахт тавъам мебошанд.

Дар умум мафҳуми геополитика ба роҳ мондани сиёсати давлатҳо, хусусан сиёсати берунаи онҳоро дар асоси факторҳои географӣ дар назар дорад. Аммо воқеияти ҷаҳони имрӯза нишон медиҳад, ки ба маънои геополитика  абарқудратҳо, зери пардаи манфиатҳои миллиашон,тобиши нисбатан дигарро додаанд. Яъне абарқудратҳо сиёсати берунаи худро нисбати давлатҳои дигар дар асоси факторҳои географии он аз қабили: ҷойгиршавии географии давлат;  тӯли сарҳади давлатӣ ва хусусиятҳои хоси маҳалли тӯлкашии он;  иқлим ва захираҳои табии давлат ва монанди инҳо ба роҳ монда, барои мустаҳкам намудани мавқеи геополитикии худ аз тамоми омилҳои машрӯъ ва ғайримашрӯъ истифода мебаранд.

Яке аз усулҳои ғайримашрӯъи онҳо- ин зери ниқоби манфиатҳои миллиашон ҳавасманд гардонидани гуруҳҳои экстремистиву террористӣ мебошад. Мисоли инро дар таърихи навтарин дидан мумкин аст, ки дар ҳудудҳои зери манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо қарордошта чӣ гуна аз гуруҳҳои хурд- хурди экстремистиву террористӣ то ташкилотҳои азими террористӣ бо ҳамаи нишонаҳои як давлати тамом, аз қабили«Толибон», «Ал- Қойида» ва ниҳоят ташкилоти террористии аз ҳама даҳшатноки ба ном Давлати исломӣ арзи вуҷуд кардаанд. Баъзе мушоҳидаҳогувоҳионанд, ки маҳз манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо кишварҳои Ховари миёна ва Афғонистони ҳамсоя кишвари моро ба лонаи терроризм ва экстермизм табдил додааст.

Ҳамин тариқ,  шаке нест, ки терроризм ва экстремизм аз хатарҳои ҷиддитарин барои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Пас, барои пешгирӣ карданин зуҳурот, муқовимат намудан ба густариши он чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама, бояд аниқу равшан дарк намуд, ки худи табати ин зуҳурот аз чӣ иборат аст, оё фаҳмиши ягонаи терроризм ва экстремизм, хусусан фаҳмиши ҳуқуқии он дар сатҳи байналмилалӣ мавҷуд ҳаст ё не, муқовимати самаранок  бо он чӣ гуна бояд ба роҳ монда шавад.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза терроризм тамоман аз мафҳуми аввалаи худ фарқ карда, он аз як ҷинояти муқаррарӣ ба як идеология ва доктринаи ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ бо роҳи зӯроварона ва даҳшатафканӣ мубаддал гаштааст. Агар чанд соле пештар гуруҳҳои террористӣ танҳо ба таркишу кушторҳои алоҳида, ноором кардани вазъият, таъсир расонидан ба тасмимгирии мақомоти давлатӣ даст мезаданд ё ин ки  ҳадди аксар тасарруфи қудратро дар кишварҳои алоҳида доштанд, имруз онҳо нияти бунёди империяҳои бузург ва барҳамзадани низоми дунявиии давлатдориро   дар қисматҳои бузурги олам   доранд.

Муттаасифона воқеият чунинаст, ки имрӯз ташкилоту созмонҳои террорсистӣ аз ҷиҳати ҳарбӣ ва молиявӣ торафт пурқуватшуда, алҳол имкони муқовимат бо кишварҳои абарқудрат ва ҳатто бо паймонҳои ҳарбӣ- сиёсиро  пайдо карда истодаанд, ки инро аз изҳорту баромадҳои роҳбарони ин ташкилотҳои террористӣ мушоҳида намудан мумкин аст.Омилҳои пурқувват шуданиин ташкилотҳо пеш аз ҳама аз нав тақсимшавии  қудрат байни созмонҳои террористӣ,  объекти ҳуҷум интихоб намудани  кишварҳои ҷангзадаи аз захираҳои табиӣбой, истифодаи моҳирона аз тарзу усулҳои ҷанги иттилоотӣ  ва бешубҳа  бозиҳои калони геополитикӣ, ки зикрашон дар боло рафт, ба ҳисоб мераванд.

Аз ҷумла, созмонҳои дар аксари давлатҳои дунё ҳамчун террористӣ эътирофшудаи амалкунандаи  «Ал-қоида», «Ҳизб-ут таҳрир», «Ҳаракати Толибон», «Ҳизби Исломии Туркистон» айни ҳолто андозае саркуб шуда, солҳои охир сатҳи аввалроаз нигоҳи қудрати низомию молиявӣ ва вусъати нақшаҳои худсозмони нави терорристӣ бо номи«Давлати Исломӣ» (собиқ  Давлатии Исломии Ироқу Шом - ДОИШ)  ишғол  намудааст.

Ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ» нақшаи бунёди «Хилофати Исломӣ» ва ба он ҳамроҳ намудани кишварҳои Шарқи Наздик, Африкаи Шимолӣ, қисми Осиёи Марказӣ  ва Аврупоро дорад.

Тибқимаълумотҳоайни ҳол аз ҷониби «Давлати Исломӣ» гуруҳе бо номи «Хуросон» таъсис дода шудааст, ки дар шимоли Покистон ҷойигир шуда,  ҳадафи он ҳамла ба сарзамини таърихии Хуросон, ки гӯё Покистон, Афғонистон, шимолу шарқи Эрон, 5 кишвари Осиёи Марказӣ, ғарби Чин ва Ҳиндустонро дарбар мегирад, мебошад.

Аз ин лиҳоз, мубориза бо терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба созмонҳои террористию экстремистӣва иштироки онҳо дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо аз муҳимтарин вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбад.

Инро ба хубӣдаркнамуда, давлати Тоҷикистон дар симои роҳбарияти сиёсии он ва мақомоти марбута ҷиҳати муқовимат ва мубориза бо терроризм ва экстремизм собитқадамона тадбирҳои самаранок меандашанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба «торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон» таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда,аз ҷумла қайд намуданд, ки:  «Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заифшуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро модар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем» (Эмомалӣ Раҳмон. Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  20.01.с.2016)

 

Бояд зикр намуд, ки яке аз  тадбирҳои асосии пешгирии терроризм ва экстремизм ташаккули пойгоҳи (базаи) ҳуқуқии муқовимат бо ин зуҳурот мебошад, ки дар ин самт дар ҷумҳурӣаллакайкорҳоимуайянебасомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, соли1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабулкардашудаанд.

Баъдан Ҳукумати Точикистон баҳри пешгирӣ ва мубориза бо он як қатор санадҳоро қабул намудааст. Аз ҷумла, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) тасдиқ карда шудааст. Зиёда аз он, Ҷумҳурии Тоҷикистонайнизамон 15 санади ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намудааст, ки «Декларатсия дар бораи чораҳои барҳамдиҳи итерроризми байналмилалӣ" аз 9 декабри соли 1994,  Шартномаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо терроризм аз 4 июни соли 1999, Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм аз 16 июни  соли 2009 азқабилионҳомебошанд.

Инчунин барои содир намудани ҷиноятҳои категорияи мазкур дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои махсус вуҷуд доранд.

Зиёда аз он, бо назардошти таҳаввулотҳои ҷаҳони муосир ва вазъи тағйирёбандаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар айни замон қонунгузории мазкур мукаммал гардонида мешаванд. Аз ҷумла, Прокуратураи генералии ҶумҳурииТоҷикистоналҳоллоиҳаи «Стратегияи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизми зӯроварона ва тундгароии ба терроризмбаранда барои солҳои 2016-2020», лоиҳаҳои Қонунҳо «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»   ва  «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»- ро дар таҳрири нав омада намудааст.Корҳо дар ҷодаи такмили қонунҳо ба таври доимӣ ба роҳ монда шудаанд.

Аз тадбирҳои дигари пешгирии терроризму экстремизм метавон муайян намудани сабабу шароитҳоибаонҳомусоидаткарда, аз байн бурдани чунин сабабу шароитҳо, инчунин ошкору тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизмро ном бурд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуки кишвар баҳри аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба терроризм ва экстремизм мусоидат кунанда,ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ба роҳмонда, натиҷаҳои назаррасеро бадаст овардаанд.

Фаъолияти мақомоти марбута дар самти мазкур нишонр дод, ки солҳои охир шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати созмонҳои  террористии аъзои  «Давлати Исломӣ» ва иштироки онҳо  дар ҷангҳои  муқобили  ҳукуматҳои расмии давлатҳои Ироқ ва Сурия  ба назар мерасанд.

Аз рӯи таҳлилҳо аксари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Ироқ ва Сурия иштирок доранд, муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки аз ҳудуди Федератсияи Россия ба ин кишварҳо рафтаанд.

Ин шахсон, аз сабаби надоштани саводи кофии динӣ, дур мондан аз тарбия ва назорати падару модар, суҳбатҳо бо муллоҳои ифротӣ дар масҷидҳо, муошират бо ҷавонони минтақаҳои ҷангзада ба доми онҳо меафтанд.

Баҳри пешгирии ин вазъ хуб мешуд мақомоти дахлдори давлатӣ тавассути намояндагиҳои худ дар ҳамкорӣ бо хадамоти дахлдори Федератсияи Россия ва кишварҳои атроф ва бо ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон дар ин кишварҳо ҷиҳати пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии ҷалби онҳо ба   созмонҳои террористӣ, таҳти назорат қарор додани сафарҳои онҳо ба Туркия ва дигар кишварҳои атрофи Сурия ва Ироқ  чораҷӯӣ намоянд.

Инчунинба аҳли ҷамоатчигӣ, мақомотҳои маҳаллии ҳокимият ва худидоракунӣзарур аст, ки ба падару модар  ва хешовандони муҳоҷирони меҳнатӣ зарурати барқарор намудани алоқаи доимӣ ва таҳти назорат қарор додани рафтори шахсони дар муҳоҷират қарордоштаро фаҳмонида, бо шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ тайёрӣ мебинанд ё аз муҳоҷират муваққатан ба Ватан баргаштаандсуҳбатҳои профилактикӣ гузаронанд.

Ҷавонони  дар мактабҳои ғайрирасмии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсилкунанда низ аз нигоҳи шомилшавӣ ва созмонҳои террористию экстремистӣ ва сафарбаршавӣ ба муҳорибаҳои ҷангӣ хеле осебпазир мебошанд.

Чунончӣ, аз шумораи умумии  шахсоне, ки иштирокашон дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо аниқ карда шудааст, чоряки шумораи онҳо  бо таҳсил дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар ва 9 фоизи онҳо  бо роҳи худомӯзӣ  маълумоти динӣ гирифтаанд.

Аз инрӯ  мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ  фаъолияти худро ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардонидани ин ҷавонон  пурзӯр намудаанд, ки ҳоло ҳам кофӣ нест.

Муттасифона, барои   шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои  террористию экстремистӣ ва ҷалби онҳо ба иштирок дар муҳорибаҳои ҷангӣ манбаҳои ташвиқотӣ дар дохили худи кишвар низ фаъол мебошанд.

Ба қатори ин манбаъҳоазҷумламетавонмасҷидҳои ғайрирасмӣфаъолияткунандаро ном бурд.

Яке аз масъалаҳои  дигари ташвишовар ин ҷой доштани ҳолатҳои пешбурди фаъолияти васеи таблиғотӣ аз ҷониби созмонҳои террористию экестремистӣ дар дохили муассисаҳои ислоҳӣ мебошад.

Аз ин рӯҷоннок намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси кишвар,мунтазам бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати муайян намудани ташвиқотчиёни ҷанги Сурия ва Ироқ ва  дар ин раванд бахусус таваҷҷуҳ намудан ба аъзоён  ва тарафдорони иттиҳоди экстремистии «Салафия», ки бо «Давлати исломӣ»  умумияти ғоявӣ  доранд, аз самтҳои афзалиятноки муқовимат ба терроризм ва экстремизм мебошад.

Дар ин раванд бояд   фазои иттилоотии масҷидҳо ва муаасисаҳои ислоҳиро таҳти назорат қарор дода, паҳншавии ғояҳои ифротгароиро  дар онҳо пешгирӣ намуд. Инчунин сафарҳои шубҳаноки ҷавонон, бахусус ашхоси бекор, камбизоат  ва ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулнабударо ба Ҷумҳурии Туркия  пайгирӣ намуда, кӯшишҳои  тавассути сафар ба ин кишвар пайвастан бо гуруҳи «Давлати исломӣ»-ро   пешгирӣ   намуд.

Шабакаи  ҷаҳонии Интернет  имрӯз ба яке аз манбаҳои асосии паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба муҳорибаҳои ҷангӣ мубаддал гаштааст.

Интернет бо имконияти  васеи техникӣ ва  дастрасӣ ба доираҳои васеи аҳолӣ, ба таблтиғотчиёни ифротгаро бароибо забонҳо гуногун, аз ҷумла забони тоҷикӣ амал кардан, тавассути онҳо роҳандозӣ карданиҳамлаҳои густурдаи иттилоотӣ ба тафаккури мардум имконият фароҳам овардааст.

Таблиғотчиёни  ин созмонҳо бо истифода аз Интернет аз манбаҳои таҳрифшудаи динӣ, аз ҷумла тафсири ғаразноки матнҳои Қуръон, ҳадисҳо, ақидаи  баъзе олимон ва ғайра террор, даҳшатафканӣ, қатли асирон ва занону кудаконро асоснок карданӣ мешаванд.

          Воқеан, истифодаи саҳнаҳоиқатлиоммавӣдар муборизаи иттилоотии созмонҳои террористӣ, бахусус «Давлати исломӣ» ба кори маъмуле мубаддал гаштааст, ки мақсадаш даҳшатафканӣ ва тарсонидани рақибон мебошад.    Намоиши наворҳои буридани сари рузноманигорони амрикоӣ, ҷопонӣ ва 21 нафар насронӣ, зинда оташ задани 45 нафар гаравгонон, қатли зиёда аз 1000 сарбози ҷавони ироқӣмаҳз ба мақсадизаифгардониданируҳи  муқовимати  ҷомеаи ҷаҳонӣ  роҳандозӣ шудааст.

Ҳарчанд, чунинҷангииттилоотӣазҷонибитеррористонба таври густурда ба роҳмондашудабошад, ҳам, валефаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷамоатчигии ҷумҳурӣ дар ин соҳа ҳанӯз ба таври назаррас муваффақ набуда, чораҳои самарноки иттилоотиро роҳандозӣнакардаанд.

То ҳол хадамоти давлатӣ ва ташкилотҳои динии кишвардар фош намудани бебунёдӣ ва ботил будани ақидаҳои ифротгароён, ба мардум фаҳмонидани ғояҳои инсондустӣ дар Ислом, хилофи шариат будани қатлу ғорати аҳолӣ ва асирони ҳарбӣ чандон фаъол нестанд.

Дар ин самт зарур аст, ки  таъминоти иттилоотӣ - таҳлилии муқовимат бо терроризм ва экстремизм, пешбурди ташвиқоти муқобил бо роҳифаъолона иштирок намудан дар муҳовараҳо  ва форумҳои интернетӣ,  бовар кунонидани худи ҷангиён ба хилофи ислом будани қатлу куштор, бозичаи дасти душманони ислом шудани худи онҳо, зарарнокӣ ва беасосии далелу ваҷҷҳои ифротгароёна ба роҳ монда шавад.

Инчунин дар шуури аҳолӣташаккул додани ғояҳои таҳаммулпазирии мазҳабӣ ва миллӣ, ватанпарастӣ, тарзи  солими ҳаёт,  ва афзалияти арзишҳои умумибашарӣ, ба ин мақсадпахши барномаҳои телевизионӣ, пешбурди корҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ ва профилактикӣ дар масҷидҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани таблиғи ғояҳои  экстремистӣ, ташвиқи ҷавонон ба иштирок дар созмонҳои террористӣ, ба роҳбарияти масҷидҳо роҳ ёфтани унсурҳои дорои тафаккури  ифротгароёна аз вазифаҳои муҳимимебошанд, ки дар назди мақомотидахлдори давлатӣ истодааанд.

Яке аз самтҳои муҳими мубориза бо терроризм ва экстремизм, шомилшавӣ ба чунин созмонҳо ва иштирок дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо ин сари вақт ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани  шахсони ба чунин ҷиноятҳо дастзада мебошад.

Бинобар ин дар асоси қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015, бо фармони якҷояи Прокурори генералӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор барои ташкилу роҳбарӣ намудани тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои ҷангӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ ва гузаронидани чорабиниҳои саривақтии оперативии ҷустуҷуӣ баҳри ошкору ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ташкилкунандагон (ҷалбкунандагон)-и ин категорияи ҷиноятҳо аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи ин мақомотҳоСитоди ягонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, то ин дам фаъолияти басамарро ба рорҳ гузоштааст, ва кор дар самти мазкур идома дорад.

Дар умум, вазъияти баамаломада талаб мекунад, киҳар як фарди ҷомеа, тамомимақомотидавлатӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани терроризму экстремизм фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро истифода намоем.

Ҳасан НИЗОМӢ, прокурори Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз маводи Конференсияи ҷумҳуриявии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо»

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.