ТАҲЛИЛ. Бояд пеш аз ҳама қайд намоям, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушода”, сулҳҷӯёна ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад”.
Тавре медонем, мардуми мо дар аввали солҳои навадум дар пайраҳаи сарнавишти худ бо рӯйдодҳои пуртазоду пурфоҷиа рӯ ба рӯ гашт.
Дар он марҳилае, ки барҳамхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқ ҷараён гирифт ва масъалаи муносибат ба соҳибихтиёрӣ ва аҳамияти он боз ҳам муҳим гардид, давлатҳои бо мо ҳамтақдир роҳи мустақилонаи рушд ва сохти сиёсиву иқтисодиро пеш гирифтанд.
Аммо Тоҷикистон бо ғараз ва кӯшиши баъзе қувваҳои носолим, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иртиҷоӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтод.
Ин албатта пешравӣ ва рушду камолоти ҳамаи соҳаҳои мамлакатро даҳсолаҳо ба қафо партофта, боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, воситаҳои сиёсию дипломатӣ ва дигар воситаҳои ғайриҳарбиро самаранок ба кор мебарад.Имрӯз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи аҳолӣ, соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, барқарор ва инкишофи сулҳ, муносибатҳои дӯстона ва хайрхоҳона бо ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи геополитикӣ, ҳолати ҳарбию стратегӣ, эҳтимолияти ҷангҳои миқёсан калон ва шароити мураккаби иқтисодии Тоҷикистон зарурат ва имконияти сари вақт ташкил намудани гурӯҳҳои Қувваҳои Мусаллаҳро дар ҳамаи минтақаҳои стратегӣ амалан тақозо мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои имконпазиру хатарнок ва минтақаҳои ҳаётан муҳими кишвар ҷойгир карда шуда, қувваи асосиро қӯшунҳои муҳофизаткунанда, қӯшунҳои зудамал ва эҳтиётӣ ташкил медиҳанд.Шумораи навъҳои асосии аслиҳа ва техникаи ҷангӣ тибқи созишномаи ба имзо расидаи байналмилалӣ аз рӯи аслиҳаи оддӣ ва аслиҳаҳои стратегии ҳуҷум, инчунин вазъи геополитикию геостратегиии баамаломада муайян карда мешавад.
Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат фаъолияти худро баҳри ҳимоя аз таҳдиду хатарҳои геополитикӣ, терроризм, истиқлолияти давлатӣ, экстремизми сиёсӣ, қочоқи маводи нашъаовар, нигоҳдории тамомияти арзӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар густариш медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки системаи гузаронидани мамлакат аз ҳолати осоишта, ба ҳолати ҷангӣ ҳангоми ташаннуҷи вазъи геополитикӣ бояд бо роҳи густариши дақиқи Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои ҳарбӣ барои несту нобуд кардани манбаҳои воқеие, ки хатари ҷангӣ ҳастанд, таъмин гардад.
Дар ҳолати рух додани вазъи муноқишавӣ байни давлатҳои ИДМ ва ё муноқишаи дохилӣ дар ин давлатҳо бадастоварии оташбас ва банизомдарории муноқишаро бо роҳи дипломатӣ ва дигар чораҳои ғайриҳарбӣ ҳал карда мешавад.
Қувваи ҳарбӣ - истисноӣ дар асоси қарори махсуси Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва тарафҳои манфиатдор барои ҷудокунии тарафҳои муқобил, ҳамкорӣ барои оромӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои ба тарзи осоишта ба эътидол овардани муноқишаҳо ба воситаҳои сиёсӣ ҳал карда мешаванд.
Давлати Тоҷикистон дар роҳи пешгирии хатару таҳдидҳои геополитикӣ, инчунин амалиётҳои якҷоя барои нигоҳдории сулҳу салоҳ бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ дорад.
Махсусан дар ин бобат ҳамкориҳо бо шарики стратегию анъанавии мо, Федератсияи Россия дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои геополитикии ҷаҳони муосир пайваста тавсиа меёбанд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин дигар давлатҳо - аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, як майдони геополитикии умумист, ки халадор намудани як гӯшаи он, боиси халадор гардидани набзи сулҳ дар тамоми ин созмон мегардад.
Бинбар ин, тамоми давлатҳои аъзои ин созмон барои оромӣ ва сулҳу салоҳ дар минтақа манфиатдор мебошанд.
Таъсисдиҳии фазои ягонаи геополитикӣ ва геостратегии Тоҷикистон ва Россия аз аввали солҳои 1990-ум рост меояд. Ба ибораи дигар, амният, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай дар системаи якҷояи амнияти дастаҷамъӣ, таъмин карда мешаванд.
Дар навбати худ ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи ғамхориҳои давлату ҳукумат ба сохтори муташаккил ва муосири ҳарбӣ табдил ёфта, имрӯз рисолати бошарафу муқаддаси худро софдилонаву содиқона иҷро мекунад.
Бо ин мақсад мутобиқи Барномаи азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таҷҳизонидани ҷузъу томҳо бо аслиҳа ва воситаҳои техникии муосири ҳарбӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити хизмати пешбинӣ шудааст, ки он марҳила ба марҳила амалӣ гашта истодааст.
Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар баробари баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар, ҳамзамон як қатор ӯҳдадориҳоро дар арсаи минтақавию байналмилалӣ ба зимма дорад.
Аз ҷумла, дар давоми солҳои сипаришуда дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷи дуру наздик як қатор санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ, ки низоми муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳарбии кишварҳои ба мо ҳампаймонро мушаххас месозанд, ба имзо расонида шудааст.
Ин ҳамкориҳои ҳарбӣ асосан бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли рушду нуму мебошанд.
Имрӯз бо ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ва сулҳу оромӣ метавон қайд намуд, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои ҷаҳон таҳкиму густариш меёбанд.
Чанде пеш Сарвари давлат дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Баталиони таъиноти махсус дар шаҳри Ваҳдат иброз доштанд, ки ”таҳаввулоту ҳодисаҳои дар ҷаҳони муосир ба амаломадаистода моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошиии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои муассир андешида дар ин замина, иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам тақвият бахшем”.
Ин суханон масъулияти мо низомиёро дучанд намуда, водор месозад, ки беҳтарин неъмат, яъне соҳибистиқлолии давлатамонро аз таҳдиду хатарҳои дохилию беруна, содиқона ҳиф карда ва барои пойдории сулҳу салоҳ ҳамеша ҷаҳду талош намоем.
М. ДОНАЁРЗОДА, сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз маводи Конференсияи ҷумҳуриявии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо»