АНДЕША. Боиси таассуф аст, ки иддае аз ҷавонони даврони истиқлолият аз надоштани зиракии сиёсии хеш ба доми ҳар гуна гурӯҳҳои тундраву ифротгаро шомил мешаванд. Ин ҷавонон ҳатто аз мафҳуми терроризму экстремизм тамоман бехабаранд, маълумоте дар бораи ин равияҳо надоранду боз фирефтаи ин гуна ифрот мешаванд.
Истилоҳи “терроризм” (аз калимаи лотинии “terror”) маншаъ гирифта, маънояш “тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.
Экстремизм бошад - (аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии “extremus”) гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон –дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Мафҳуми “ифрот” калимаи арабӣ буда, аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре; ифрот кардан, дар коре зиёдаравӣ кардан аст.
Аксарияти ҷавонони тоҷик ватандӯстанд ва ҳеҷ гоҳ ба доми ин авомфиребон намеафтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадҳояш гаштаву баргашта таъкид менамояд, ки ҷавонон зидди террористу ифротгаро амал намоянд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона шомил нашаванд, чунки ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳз дар дасти ҷавонон аст. Мутаассифона бо ҳама ин таҳкидҳо ашхосе, ки аз сабаби иродаи мустаҳкам надоранд фирефта мешаванд. Ин ҳама сустиродагӣ аз куҷ маншаъ мегирад?
Ба фикрам аз он сарчашма мегирад, ки онҳо дониши мукаммал надоранд, аз тарбияи падару модар маҳрум мондаанд ва ҷаҳонбинии маҳдуд доранд. Ин ҷавонон на аз илми динӣ маълумот доранду на аз илми дунявӣ.
Боиси нигаронӣ аст, ки бархе аз ҷавонони ҷоҳилу гумроҳ ба ҳар роҳу восита вориди сарзамини Сурия гашта, ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” дохил шуда, ба қатлу ғорати одамони бегуноҳ ва нобудсозии осори таърихию маданияти фарҳанги ниёгони дигар халқияту миллатҳо даст мезанад. Онҳо барои амалӣ шавии орзуҳои ғаразноки хеш аз ягон чиз парҳез надоранд, дар ин гирдоб худашонро қурбон мекунанд.
Ҷавонон таҷрибаи ками зиндагӣ доранд. Дар аксар мамлакатҳои ҷангзада ин неруро барои мақсадҳои бад истифода мебаранд. Ҷавононро ба ҳаракату созмонҳои ифротгаро ҷалб намудан осонтар аст.
Аслан бо як ваъдаи бардурӯғ бовар карда бехабар аз онанд, ки дар баробари амалҳои зулму ситам ва қатлу куштори мардум худи онҳо ҳам қурбон мешаванд. Дар ин маврид шоири бузурги тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ чунин гуфтааст:
Эй, ки ту аз зулм чоҳе меканӣ ,
Аз барои хеш доме меканӣ.
Ин амалҳои ғаразнокро дини мубини ислом маҳкум менамояд. Ифротгароён дар зери пардаи ислом худро мусулмон шуморида, дар асл амалҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки тамоман аз доираи ислом берун аст. Аз якчанд ҷавон бобати ҳамин мавӯъ пурсон шудам ки чунин андеша доранд.
Донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ Дониёр Казаков чунин ибрози андеша намуд:
-Имрӯз дар ҷумҳурӣ барои пешбурду равнақи фаъолияти ҷавонон шароити созгор фароҳам бошад ҳам, вале як қисми онҳо ба қадри ин ғамхориҳои бевоситаи Ҷаноби олӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нарасида, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳоро манъ кардааст, ҳамроҳ шуда, ҷони худ ва атрофиёнашонро низ дар хатар мегузоранд. Ҳар рӯз ба воситаи ахбор омма мебинем, ки чи қадар ҷавонон ва мардуми осоишта дар Сурияву Ироқ кушта шуда истодаанд. Як гурӯҳи манфиатдорон барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҷавонони бедонишу маълумоти дурусти динӣ надошта истифода мебаранд. Ба чунин ҷараёнҳои тундгаро гаравидани ҷавонон баёнгари он аст, ки чунин ҷавонон бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ мебошанд.
Далер Камолзода донишҷӯи соли якуми факултети педагогика ва варзиш чунин мегӯяд:
-Ба андешаи ман сабаби шомил шудани ҷавононро ба ин гурӯҳҳоро дар он мебошад, ки махсусан зудбоварӣ, кӯтоҳандешӣ ва аз илми динию дунявӣ орӣ будан онҳо мебошад, ки ба коми марг онҳоро мекашонад. Ин гумроҳон бехабар аз онанд, ки бо ин амалашон ба миллату давлат ва оилаи хеш хиёнат мекунанд.
Аз ин рӯ ҷавононро мебояд, ки шукронаи ваҳдату якдилӣ, шукронаи истиқлолият намоянд. Ҷавонон бояд барои шукуфоии ватанамон-Тоҷикистон бо таҳсили хуб, корҳои бунёдкориву созанда, ташаббусҳои нек саҳм гузоранд.
Ҳоло ки ҷомеаи ҷаҳони Тоҷикистонро чун як кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона эътироф мекунад, пас ҳар яки моро мебояд мисли гулҳои як боғ, шохобҳои як руд, фарзандони як модар амал намуда баҳри гулгулшукуфоии ватани маҳбубамон саҳми хешро гузорем. Шукрона аз ин тинҷию оромии диёр намоем, шукрона аз Пешвои муаззами тоҷикон намоем, шукрона кунем, ки Худованд барои мо мардуми тоҷик чунин сарвари оқилу доно, раҳнамои беназир фиристодааст. Дар охир ҳамчун як тан аз ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳар як ҷавони саодатманди кишварамон мегуям, ки:
Ба ин марди Худо аз ҷону дил шукрона бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард.
Ҳама умр эътирофи хидматаш мардона бояд кард,
Ба роҳи сулҳ рафта зиндагӣ аҳлона бояд кард,
Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,
Ватан обод бо ин раҳбари фарзона бояд кард.
Ҷумахони БОБОХОН, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”