Наҳзатиҳои лаънатӣ қотилони миллати тоҷиканд. Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

МУСОҲИБА. Тавре мардуми худогоҳи кишвар медонанд, ТЭТ ҲНИТ барои бо роҳи зурӣ ҷорӣ кардани мазҳабу равияи динии бегона хостори ғасби давлату  ҳукумат гардид ва кишварро ба вартаи нобудӣ кашид. Дар он ҷанги бародаркӯш ҳазорон нафар ҷон бохта, ҳазорон нафари дигар аз зулми бераҳмонаи намояндагони ваҳшии ТЭТ ҲНИТ ҷабру ситам диданд. Барои исботи ин гуфтаҳо мо бо яке аз ҷабрдидагони солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ, собиқ муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Вахш муҳтарам Ҳабибулло Абдуллоев суҳбате оростем, ки муҳтавои онро манзур медорем.

-Муҳтарам Ҳабибулло Абдуллоев. Шумо, ки солҳои тӯлонӣ дар мақомоти милитсия дар вазифаҳои гуногун кор карда, шоҳиди таҳаввулоти ҷанги шаҳрвандӣ будед, мехоҳем аз дидаву мушоҳидаҳоятон вобаста ба воқеаву ҳодисаҳои  он солҳо каме нақл кунед.

-Ҳануз солҳои охири побарҷо будани давлати шуравӣ ҳизбу ҳаракатҳои  гуногуни сиёсии иртиҷоии хусусияти маҳалгароиву дингароидошта дар кишвари мо арзи вуҷуд карда буданд, ки ҳар кадоме аз он гуруҳҳо талош доштанд ба ҳар роҳу воситае набошад қудрати сиёсиро ба даст биёранд. Дар ин раванд роҳбарону муассисони ТЭТ ҲНИТ, ки аксарият зодагону бошандагони ноҳияи Вахшу Бохтар буданд, хеле барвақттар бо роҳҳои ошкору ниҳон фаъолияти худро оғоз карда буданд. Саркардагони ин ташкилоти экстремистӣ дар оғози фаъолияташон аслан ба ду гуруҳ тақсим буданд: якум пайравони равияи ваҳобӣ таҳти роҳбарии Эшони Саидашраф  ва  дуюм пайравони мазҳаби шиа бо роҳбарии Мулло Абдулло (Саид Абдуллои Нурӣ). Дертар ин ду гуруҳи аз ҷиҳати ақидавӣ ба ҳам мухолиф таҳти фишори маблағгузорону хоҷагони хориҷиашон барои аз харитаи ҷаҳон нест кардани Тоҷикистон бо ҳам муттаҳид шуда, ТЭТ ҲНИТ-ро созмон доданд. Намояндагони ҳарду гуруҳ дар байни мардум ошкорову пинҳонӣ ақидаҳои мазҳабии бегонаро таблиғу ташвиқ карда, дар аксар мавридҳо таълимоти мазҳаби ҳанафиро танқид карда, гоҳе ҳатто куфр мехонданд. Ҳолатҳои зиёде буданд, ки руҳониёни асили мазҳаби ҳанафӣ аз мақсадҳои ғаразноки онҳо воқиф гашта, таблиғотчиёни наҳзатиро шармандавор аз маъракаҳо меронданд. Баъзан баҳсҳои онҳо ба задухурд анҷом меёфт. Ҳамон солҳо ман ҳамчун инспектори бахши кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Вахш кор мекардам. Ба мо дар бораи фаъолияти пинҳонкории наҳзатиҳо маълумотҳои зиёд мерасид. Гуруҳи руҳониён ба истилоҳ «муллоҳо» бо баҳонаи «чойгаштак», «дарсхонӣ», «зиёфат» ва «шабнишинӣ» дар ҳар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар хонаҳои шиносҳои худ одамони зиёдро ҷамъ намуда, таълимоти сиёсии динии худро, ки аз таълимоти шиагароӣ ва ваҳобӣ иборат буд, ташвиқ мекарданд. Гарчанде маълум буд, ки кирдору фаъолияти наҳзатиҳо барои оромии ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад, бо баҳонаи демократияву озодӣ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ наметавонистанд нисбати ҳаракатҳои онҳо тадбирҳои қонунӣ андешанд. Ҳамин буд, ки наҳзатиҳо якбора ба фаъолияти ошкоро гузашта, бо баҳонаи «мавлудхонӣ»  тамоми фасли сол тую маъракаҳоро ба маҳфилҳои «ташвиқотиву тарғиботӣ» ва ҷалби ҷонибдорону пайравони худ табдил доданд. Суханрониҳои наҳзатиҳоро аксарияти мардум шунида, аз мақсадҳои ғаразнокашон воқиф гашта, нисбати онҳо эътироз мекарданд. Вале мутаасифона одамони гумроҳгаштаи  дигаре ҳам буданд, ки фирефта мешуданд.

-Шумо ишора кардед, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дидаву дониста ба фаъолияти ҷинояткоронаи наҳзатиҳо монеъ намешуданд. Оё наҳзатиҳо дар симои кормандони милитсия пуштибон ё ҷонибдорони худро медиданд?

-На, ин тавр набуд. Онҳо дар симои кормандони ҳамагуна сохторҳои давлатӣ душмани асосии худро медиданд ва дар аввалин фурсат омода буданд, ки кормандони давлатиро гаравгон гирифта, ба қатл расонанд. Яке аз он кормандони ҷабрдидаи милитсия худи ман ҳастам, ки наҳзатиҳо дастгир ва ҳафт шабонарӯз дар асорати худ нигоҳ доштаанд. Ин 7 шабонарӯз 20 соли умрамро кутаҳ кард...

 

-Агар малоли хотиратон набошад, тафсилоти ба асорат афтиданатонро муфассалтар шарҳ медодед.

-Хуб. Моҳи июни соли 1992 мо се нафар савори мошини шахсии  мудири шуъбаи молияи ноҳия Тағоев Абдуназар, сокини ҷамоати Киров Насуров Файзиддин ва ман баъди кор аз маркази ноҳияи Вахш ба хонаҳоямон бармегаштем. Ҳангоми ба шуъбаи дуюми ҷамоати Киров ворид шудан, ҳангоми ҳаракат дар нақлиёт силоҳбадастони наҳзатӣ бе огоҳии пешаки суи мошини мо аз автомат оташ кушоданд. Тағоев Абдуназар, ки дар паси чанбарак мошинро идора мекард, аз дасташ тир хурд. Аз ҳолати ба амаломада мо ҳама дар таҳлука афтодем, аммо дар ҳолати шок ба пеш ҳаракат мекардем. Тахминан баъди 200-300 метр роҳ рафтан дар назди купруки шуъбаи дуюм пеши мошинро маҷбур гирифта, моро аз мошин фароварданд. Азбаски Тағоев Абдуназар аз дасташ тир хурда буду хунаш беист мешорид ва сару либосаш ғарқоби хун буду аз дарди шадид нолиш мекард, зориву тавалло мекард, ки моро раҳо кунед. Вале  наҳзатиҳои силоҳбадаст, ин «мусалмонони номусалмон» ҳатто ба ҳоли зори Абдуназари маҷруҳгардида раҳмашон наомада моро зери мушту лағад қарор доданд. Сардорашон амр дод, ки дастони ин «кофирон»-ро паси пушт бо сим бибандед. Ман илтимос кардам, ки Абдуназарро ҷавоб диҳед, то ин ки рафта ҷароҳаташро муолиҷа кунад. Зиёда аз ин, дар хона 2 тифли хурд дораду падари пираш бистарист. Дар ҷавоб наҳзатиҳои ташнаи хун ҳам маро ва ҳам А. Тағоевро шатакорӣ намуданд. Ба дарди ҷароҳати бардошта ва аз зарби лату куби бераҳмона Абдуназар Тағоев тоб наовард ва роҳи халосиро дар фирор кардан диду, якбора гурехт. Ҳамагӣ 10-15 қадам роҳ нарафта буд, ки хунхорони  наҳзатӣ ӯро аз пушт парронданд. Тағоев дар ҷояш вой гуфту ҷон дод. Ҳамон қотили хунхор болои сари Тағоев рафта ҷасади беҷони ӯро дашном дода, зиёда аз 20-30 лағади дигар ба сару рӯи мурда зад. Сипас, бо автомат якчанд тири дигар ба ҷасади аллакай ҷон ба ҷаббор супурдаи Абдуназар холӣ карду, пояшро болои ӯ гузошт. Файзиддин Насуров бошад лаҳзаи андармон шудани қотилонро истифода бурду бо сару даҳони хунолуд тавонист гурезад. Дастони маро бошад паси пушт карда бо сим маҳкам бастанд ва тахминан бист дақиқа мурданивор заданд. Баъди беҳол гаштанам чашмонамро бо латаи сиёҳ бастанду ба асорат бурданд.

-Баъд чи шуд? Ба куҷо бурданд ва чи рӯзҳоеро аз сар гузарондед?

-Ман ва 18-20 нафари комилан бегуноҳи роҳгузарро, ки дар назди ҳамон купруки шуъбаи дуюм гаравгон гирифта буданд, бо дастону чашмони баста ба мошинҳо савор карда ба самти номаълум бурданд. Тахминан ним соати роҳпаймоӣ мошинҳоро қарор дода, моро фароварданд ва дар як хоначаи бисёр танг, ки ҳавояш бе ниҳоят гарм буд, маҳкам карданд. Баъд чашмонамонро кушоданду дастонамон паси пушт бо сим бастагӣ боқӣ монд. Ҳамон лаҳза рӯзи сиёҳи мо сар шуд.. Аз субҳ то шом, аз шом то саҳар мезаданду мекуфтанд. Фашист шояд ҳамин гуна ҷабру ситам намекард.. Наҳзатиҳои лаънатии хунхор 6-7 нафарӣ, бо навбат даромада бо мушту лағад ва калтаку ҳар чизи сахт  моро мезаданд. Аз зарби лату куб ҳамқисматони бо манбуда чунон гиряву зорӣ мекарданд, ки дили санг об мешуд. Азобу уқубати худам як дард, вале азоби ҷонкоҳи дигарон диламро афгор карда буд... Аз сӯзиши ҷон яке «вой очаҷон» мегуфту дигаре «вой худоҷон»... Аз шиканҷаи беохир ва шаттакориҳои бераҳмона 5 нафар навҷавонон ҷон бохтанд... Чун ба берун баромадем, дарк кардам, ки мо дар клуби деҳаи Ворошилови ноҳияи Бохтар қарор дорем. Дар ин муддат хешу таборони нафарони  дар гаравгонбуда бо ҳар роҳу восита: яке бо додани пули калон, дигаре бо пайдо кардани шахсони шинос дар байни наҳзатиҳо, хулоса ҳар касе аз рӯи имкониятҳои худ 8 нафарро раҳо карданд. Мо 6 нафар ҳамроҳи 5 ҷасад дар ҳамонҷо мондем. Баъди чанде як муллои девсират дар иҳотаи 6 нафар силоҳбадаст вориди ҳавлии клуб шуд ва ҳамаи наҳзатиҳои онҷобуда саросема ба пешвози ӯ давиданд. Баъди «зиёрат»-и он шахс, масъулони «зиндон» ба ҷасади фавтидагон ишора карда, аз он «шайх» пурсон шуданд, ки «ҳазрат, мурдаҳоро чӣ кор кунем»? Дар ҷавоб он «ҳазрат» бо овози паст амр дод, ки «ҷасадҳоро бурда нобуд кунед». Сипас бо овози баланд таъкид намуд, ки «ҳазрати калонӣ» аз шумо умеди калон дорад ва шумо аз худ мардонагӣ нишод дода фармонҳои ӯро алайҳи «кофарон» содиқона иҷро намоед. Баъд, назди мо омада ҳар яки моро ба тафсил, аз куҷову чикора то аз кадом авлод буданамон пурсон шуд. Баъди пурсупоси зиёд 5 нафари ҳамқисматони маро бо худ гирфтанду гуфтанд, ки ин «малъунҳоро мо ба ҳаммом мебарем» ва ба ман ишора карда амр дод, ки «ин сагро дар ҳаминҷо нигоҳ доред». Аз «ҳазрати калон» гуфтани он шахси ситорахунук пай бурдам, ки ӯ Нуриро дар назар дорад. Ҳамин тариқ, ман ҳафт шабонарӯз дар клуби деҳаи Ворошилов, дар дасти наҳзатиҳои хунхор дар асорат боқӣ мондам. Як нафар посбон ба ман фаҳмонд, ки «бахтат баландӣ карду туро ба ҳаммом набурданд, вагарна очаи зората дар чашмат медидӣ». Ана ҳамин сухан каме дар дилам шуълаи умедро фурӯзон кард. Баъди ҳафт шабонарӯзи дар гаравгон буданам бародару хешу таборҳо баъди даву тозҳои зиёд аз байни наҳзатиҳо шинос пайдо карда, маро раҳо карданд.

-Шумо бо кадом далел гуфта метавонед, ки он нафар “ҳазрати калон” гуфта маҳз Саид Абдуллои Нуриро дар назар дошт?

-Ҳама медонист, ки роҳбари асосии наҳзатиҳо С.А.Нурӣ буд ва ба касе ғайр аз ӯ то ин дараҷа «эҳтиром» намегузоштанд. Танҳо ӯ фармони қатл карданро медод ва амр содир мекард. Ҳатто дар сабти видеоие, ки тариқи телевизиони ҳамонвақта намоиш дода шуда буд, Абдулло Нурӣ миёни пайравону ҷонибдорони худ баромад карда, онҳоро ба ҷанг даъват мекард ва мегуфт, ки «агар Шумо тирро қаҷ парронед ҳам, малоикаҳо онро рост бурда дар синаи кулобиҳои кофир мерасонанд».

 

-Баъди раҳо гаштани Шумо аз гаравгонӣ чунин ҳолатҳо хотима ёфтанд ё баръакс идома дошт?

-Ба фикри ман мо аввалин гаравгонҳое будем, ки ба дасти наҳзатиҳои шайтонсиришт афтода будем. Ҳамагӣ баъди як рӯзи раҳоӣ ёфтани ман боз силоҳбадастони ҲНИТ ба шуъбаи дуюми ҷ/ш Кирови н.Вахш зада даромада, 26 нафар шахсони бегуноҳро аз қади роҳу аз заминҳои киштзор дастгир карда бурданд, ки аз миёни онҳо ҳамагӣ 3 нафар бо амри тасодуф зинда баргаштанду боқимонда 23-нафар баъди азобу уқубати зиёд бераҳмонаву дастаҷамъона ба қатл расонида шуданд. Ягон қавми одамизод, фикр мекунам, бо ҳаммиллати худ, ҳамхуну бародари худ, ҳамсояву хешу табори худ чунин муносибат накардааст, ки наҳзатиҳои лаънатӣ карданд!!! Баъди ин гуна даҳшати гушношунид, ман чунин бераҳмиву безотиро танҳо дар амалҳои «диишиён» дидам, ки фикр мекунам муаллими онҳо наҳзатиҳои тоҷик мебошанд. Зеро, агар барои оламиён «Проекти ДИИШ» хунхортанин, разилтарин лоиҳаи ҷанг бошад, барои ман шахсан «навоварӣ» набуд. Зеро чунин мусибат ва чунин қазия бар сари мани тоҷик аллакай 27 сол пеш омада буд. Ва ин даҳшатро бар сари ман бародари ман, ҳамқишлоқии ман, ҳамқисмати ман, хеши ман, тоҷики ман оварда буд. Ҳамоне, ки ман рӯзи тую сураш хизмат мекардам, мерақсидам, хурсандӣ мекардам, ҳамоне, ки дар марги падару бобояш ғамгин будам, чуби тобуташро медоштам ва зор мегиристам... ҳамоне, ки ман хоҳарамро ба ӯ издивоҷ карда, хоҳари ӯро келин карда будам... (ин ҷо оби дидаи акои Ҳабибулло беихтиёр ҷорӣ шуду давоми суханаш бо анбӯҳи ғам дар гулӯ дармонд).

МАЪЛУМОТНОМА: Абдуллоев Ҳабибулло, 08.11.1950, зодаи н. Балҷувон, истиқоматкунандаи н. Вахш, солҳои 1980-1983, донишҷӯи Мактаби олии ВКД ҶТ, с.1983 муддати 6 моҳ дар МО ВКД Ҷумҳурии Украина ба ҳайси тарҷумон кор кардааст, солҳои 1983-1984 дар Мактаби олии Ҳизби коммунисти ш. Ленинград низ ба ҳайси тарҷумсон кору фаъолият намудааст. Аз соли 1984 то соли 1995 дар ШВКД н. Вахш, дар вазифаҳои нозири минтақавӣ, командири рота, нозири бахши кофтукови ҷиноӣ ва муфаттиш кор кардааст. Солҳои 1995-2002 муовини сардори ШВКД н. Вахш кор кардааст. Соли 2002 бо рутбаи майори милиса ба нафақа баромадааст. Солҳои 1992-1997 дар минтақаҳои доғи ҷумҳурӣ барои барқароркунии сохти конститутсионӣ фаъолона иштирок варзидааст.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.