Ман албатта Амрикоро кашф карданӣ нестам, аммо нуктаест, ки бояд баён кунам. Он чи аз вазъи феълии ҳамгироии давлатҳои пасошӯъравӣ бармеояд, дар Эстония, Латвия, Литва, ё худ Прибалтикаи собиқ Шӯравӣ бархурдҳои лафзии зиддироссиягии элитаҳои сиёсии маҳаллӣ бо гузашти солҳо шадидтар мегардад, ки ин ба манфиати Ғарб аст. Даргириҳои мусаллаҳона бо Грузия ва Украина бошад ягон тамоюли мусбиро дар наздик шудани муносибатҳо эҷод накард. Баръакс, сиёсатҳои беҳавсалаи Москва дар Украина гуруҳҳои нажодпарасти радикалии украиниро ба як бахши умдаи сиёсии кишвар табдил дод. Акнун он ҷо онҳо насли ҷавони славяниро дар рӯҳияи бендеристӣ, ё дилхоҳ рӯҳияе, ки “маскавгарои малъун” набошад, тарбия мекунанд. Молдова ба оҳистагӣ, вале устуворона аробаашро ба сӯи Аврупо кашида, фаъолона руминизатсия шуда истодааст. Ин ҷо ҳам то ҳол танишҳои шахшуда вобаста ба Приднестровия мавҷуд аст.
Дар Озарбойҷон гумон аст, ки Ғарб беэҳтиётона имкон диҳад то “дарвозаҳои сиёсӣ” ба сӯи Каспий кушода шаванд (аз он ҷумла ба нефти Каспий). Дар Арманистон, зоҳиран, раванди бозгашт ба сӯи Ғарб оғоз шудааст. Пашинян элитаи кӯҳнаи сиёсиро тоза карда истодааст, ки бо эҳтимоли зиёд ба Москва писанд нест. Намунаи ба таври нисбатан нарм иваз шудани ҳокимият дар Арманистон ва ҷамъ шудани мушкилоти зиёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар Россия ба имрӯза доираи сиёсии рус чизе барои дилгармӣ ваъда намедиҳад. Мушкилоти ҳалношуда дар Қарабоғи кӯҳӣ, ки Москва дар ин самт ягон ташаббус аз худ нишон надода, ҳамаро тули солҳо ба ҳоли худ гузоштааст, яке аз тарафҳоро боз ҳам зиёдтар азият медиҳад ва аз эҳтимол дур нест, ки тараф фаъолона дар пайи ҷустуҷӯи “сулҳофарон”-и нав шавад. Баткаи Белорусия хуб дарк мекунад, ки “ҳамгироии аз ҳад амиқ”, ки чанде пеш Кремл аз он паём дод чи таҳдидҳое ба кишвараш дорад. Ин иқдом Лукашенкоро ба сӯи муносибатҳои наздиктар бо Аврупо тела дода, мумкин аст оянда мо ба шакли белоросии Ураина рӯбарӯ шавем.
Дар асл, Қазоқистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба Москва содиқ мемонанд, аммо ин ҷо низ ҳама чиз рӯбароҳ нест. Туркманистон чи аз ҷиҳати сиёсӣ ва чи иҷтимоӣ кишвари пушида аст, аз Қазоқистон низ сокинони рустабор ҳиҷрат карда истодаанд ва худи кишвар низ мушкилоти зиёд дорад. Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ байни Федератсияи Россия, Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро Москва ҳамчун фишанги фишор дар муколамаҳои сиёсӣ истифода карда истодааст. Вале агар ҷараёни муҳоҷирони меҳнатӣ миёни дигар кишварҳои ҷаҳон тақсим шаванду меъёрҳои бюрократии равандҳои бақайдгирӣ қисми зиёдро дар Россия ба “муҳоҷирони ғайриқонунӣ” табдил диҳанд, пас ин кишварҳои пасошӯравиро низ Россия аз даст медиҳад. Набояд фаромӯш кард, ки бо сармоягузориҳои худ Чин идоракунии иҷтимоиву сиёсии Осиёи Миёнаро фаъолона аз дасти Россия рабуда истодааст. Ягона чизе, ки давлатҳои Осиёи Миёнаро алҳол дар канори Россия нигаҳ медорад, ин усулҳои сахти тобеъкунии уйғурҳои мусалмон аст. Аммо дар дарозмуддат дер ё зуд кишварҳои Осиёи Миёна ба оғуши Чин мераванд.
Дар маҷмуъ, ҳамгироии аврупоӣ, аниқтараш идомаи ноҳамгироии кишварҳои пасошӯъравӣ суръати тоза мегирад. Сабаби аслии ноҳамгироии авруосиёӣ, ин нотавонии Москва дар пешниҳои лоақал як лоиҳаи одилонаи рушди кишварҳои пасошӯравист. Дар худи Россия амалан вазъ чунин аст, ки дар боло гӯиё як нафар ба ҳайси сарпараст гузошта шуда, раванди дурусти тақсимоти молиявиро байни фирқаву гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатдор назорат дорад. Ҳангоми баланд будани нархи нафт имкони хомӯш кардани зиддиятҳои иҷтимоӣ мавҷуд буд. Алҳол рақобатнопазирии ашёи хом, таҳримҳо ва ғайраро аз ҳисоби боло бурдани андозҳо ба болои халқи фақиршудаистодаи рус ҷуброн мекунанд. Тавре ҳодисаҳои тирамоҳи соли 1993 нишон дод, тазоҳуроти мардумӣ, дар ҳолати рӯй додан, бераҳмона хомӯш карда мешаванд. Ҷангҳои калони ҷаҳонӣ низ ба мисли ҷанги якуми ҷаҳон сурат намегиранд, яъне қишри мардоне, ки баъди ҷанг чизе барои аз даст додан надошта бошанд ҳам мавҷуд нест. Садоқати артиш, полис ва ғайраро кӯшиши харидан менамоянд, зеро медонанд, ки “одами мусаллаҳ”-и фақир ва ғазабнок дар ҳолати ба сӯи мардум гузаштан натиҷаро бар зарари доираҳои сиёсии кунунӣ ҳал мекунад.
Бо дидани маҷмуи мушкилоти идоракунӣ дар Россия элитаҳои сиёсии кишварҳои пасошӯъравӣ дарк мекунанд, ки ҳамгироии авруосиёӣ дар асл як амали пардапӯшона барои ғораткунии захираву дороиҳои модӣ ва ҳатто ҳудуди давлатҳо аст, ҳатто дар шакли “мутамаддин” ҳам бошад. Клептократия (ҳокимияти дуздон)-и русӣ, ки феълан кишвари худро дар ботлоқи коррупсия фурӯ нишондааст, наметавонад намуна ва муттаҳидкунанда бошад. Ҳамгироии Авруосиёи дар Россия дар марҳилаи муосир аслан ба як нусхаи пушидаи илмӣ-таҷрибавӣ ва ғайри қобили истифода табдил ёфтааст.
То замоне ки дар Россия авзои сиёсиву иҷтимоӣ тағйир наёбад ва тақсимоти мунсифонаи ҷараёнҳои молиявӣ аз гуруҳи манфиатдори наздик ба шахси аввал ба сӯи рушду пешрафти ҷомеа нигаронида нашавад, ноҳамгироии Авруосиёгӣ бо ҳамин шакл суръаташро идома медиҳад.
Ғоратгарии клептократҳои рус абзори вайронкор аст, на муттаҳидкунанда...
Эрик Хонмамедов
Сарчашма: ЦентрАзия