Дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон соҳиби иншоотҳои хизматрасонӣ шуданд

Бо  мақсади  сазовор  истиқбол  намудани  30 - солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!”тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар  ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи Фирӯзаи   ҷамоати деҳоти  Фирӯзаи  ноҳияи  Носири  Хусрав бо  иштироки  васеъи  ҷавонон  ва  сокинони  маҳалла щашари кори ҷиҳати  ба  итмом  расонидани  корҳои  сохтмонии  тарабхона ва мағоза барои маҳсулоти ниёзи мардум  баргузор карда  шуд.

Ҷавонон дар  корҳои  сохтмонӣ  фаъолона иштирок  намуда,  сохтмони  ин  иншоотҳоро бо тарзи замонавӣ ва  сари вақт  ба  анҷом  расониданд.

Дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав бо ҷалби шахсони хайрхоҳу ватандӯст,   аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорони муваффақ  корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дошта, сокинон ният доранд ҷашнҳои дарпешистодаи  давлату миллатро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.