ҲАСАД ЧАШМИ НАҲЗАТИЁНРО КӮР КАРДААСТ! Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

Наҳзатиёни хоин, ки дар давлатҳои хориҷӣ бо маблағҳои ночизи хоҷагонашон фирефта шуда, ба қавле худро аҳмақ кардаанд, имрӯзҳо аз дур ба  Тоҷикистони ободу осударо бо чашми ҳасуд менигаранд.

Рашку ҳасад онҳоро доимо домангир аст. Шабҳо нахуфта аз пайи  найрангу ҳиллаҳои навбатиашонанд, ки чи гуна ва бо кадом роҳу усул  фазои орому  осудаи моро бо иғвою дассисаҳои  ғаразнокашон нором созанду боз мардуми тоҷикро ба гирдоби саросниву саргардонӣ кашанд. Нарйнги навбатии ин ватанфурӯшон  ин аст, ки шарм  надошта,  аз созмонҳои байналмилалӣ  хоҳиш кардаанд, ки ҷинояткоронро озод кунанду нисбати тоҷикистон таҳрим эълон кунанд.  Хоинони давлату  миллат  ҳеҷгоҳ   фаромӯш насозед, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қонун барои  ҳама як асту  давлату миллат ҳеҷ вақт ягон нафари бегуноҳро дар назди қонун  ба ҷавобгарӣ накашидааст. Ин аст  ҳиллаву найранги навбатии шумо наҳзатиёни лаъин. Кайҳост, ки  мардуми  тоҷик аз ҳиллаҳои маккоронаву найрангҳои хоинонаи шумо хабар дораду амалкардҳои ватанфурӯшонро маҳкум кардааст.  

Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик дар ҳар давру замон миллатдӯсту  фарҳангдӯст асту бо ҳар қавму миллатҳо  дӯсту бародар мебошад ва ба ҳама бо назари нек менигарад.

Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик зери сиёсати  хирадмандонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар, ки биҳишти рӯзи заминро мемонад,  хушбахтона умр ба сар бурда истодаанд ва ин хушбахтии миллат,  даврони соҳибистиқлолӣ ба чашми шумо барин  шайтонҳои одамсурат мисли хор мехалад.

Афсӯс, ки Ватан  шумо барин морбачаҳоро зери остини худ тарбия кардаву ба худ морбачаҳои заҳрнокро ба воя расондааст.  

Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони азиз гуфтаниям, ки  найрангҳои шумо  дигар ба кор намеравад ва  мардуми  тоҷик аз пайи  пешбурди рӯзгор ва ободии  Ватан буда,  ба аккосзаниҳои шумобарин сагҳои дайду парвое  надорад.    

Зебо Бозорова, сокини ноҳияи Кушониён

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.