Наҳзатиёни берӯ ҳар рӯз худро шармандатар мекунанд. Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

Ҳамагон хуб огоҳӣ дорем, ки наҳзатиёни лаънатӣ дар хориҷ аз кишвар бо ташкил намудани ҳар гуна ташкилотҳои нав, гуруҳҳои экстремистии бо қавли худашон “мубориз” ба гузаронидани миттингу ҳамоишҳои бемаънӣ машғуланд. Аслан вақте ба таърихи ин ташкилоти экстремистию террористӣ назар мекунем саҳнаҳои даҳшатноке ба хотир меояд, ки ҳеҷ аз фикри мардум дур намеравад. Яъне амалҳои анҷомдодаи ин ҳизб дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз қабили кушторҳои бераҳмона, дуздӣ, таҷовуз ба номуси хоҳарону модарон, зинда сӯзониданӣ кӯдакону ҷавонмардон дар саҳифаҳои нангини таърих нақш бастааст.

Ҳамон нафароне, ки ба амалҳои дар боло зикргардида даст доштанд имрӯз дар хориҷ аз кишвар бо ташкил намудани ҳар гуна митингу дигар ҳамоишҳо мехоҳанд гуноҳони кардаашонро пок созанд, аммо миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ амалҳои ғаразноку ноҷавонмардона ва разилонаи онҳоро фаромуш накардааст ва намекунад. Гарчанде имрӯз кишварҳои аврупои аз баъзе амалҳои ноҷавонмардона ва разилонаи ин ҳизби террористӣ хабар надошта бошанд лекин бисёре аз онҳо хуб аз саҳифаҳои таърихи миллати тамаддунофари тоҷик медонанд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кадом гуруҳ, кадом ҳизб дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик доғи сиёхеро сабт намудааст. Албта бисёре аз кишварҳои пасошӯрави амалҳои ин ҳизби террористиро медонанд ва барои онҳо дар ин кишварҳо ҷо нест аз ҳамин хотир ин хоинони миллат макони зисти худро кишварҳои аврупои интихоб кардаанд. Вале дур нест он рӯз ки ин кишварҳои аврупои низ аз амалҳои ноҷавонмардонаи ин нокасон хабар наёбанд.

         Мантиқан агар фикр кунем амалҳое, ки имрӯз масъулини ин ҳизби террористӣ дар хориҷ аз кишвар анҷом додаистодаанд боз дубора чеҳраи асосии ин ноҷавонмардонро нишон медиҳад ва амали онҳо исбот мекунад ки онҳо душмани миллати тоҷик мебошанд.

         Миллате, ки роҳҳои душворреро паси сар карда ба як зиндагии шосита расидаанд ҳеҷ гоҳ ба фиреби ин гуна ноҷавонмардони хоинро гирифтор нахоҳад шуд.

         Имрӯза мардумӣ тоҷик дигар мисли мардуми солҳои 90-уми асри гузашта ҳеҷ кореро бе таҳлили аниқ анҷом намедиҳанд. Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид менамояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед мардуми сарбаланди тоҷик ин гуфтаҳои Пешвои муазами худро ҳамеша сармашқи кори худ кардаанд. Бахусус ҷавонони тоҷик ин гуфтаҳои Пешвои миллатро ҳамеша сармашқи кори худ карддаанд. Ҳаминаст, ки имрӯз мубалиғони ин ҳизби террористӣ дигар ҷавонони моро гумроҳ карда наметавононд алакай аз ҳамоишҳои охири ин афроди палид маълум шуда истодааст, ки дар сафи онҳо ҷавонон ба назар намерасанд. Имрӯз, ки дигар ҷавонон ба сафи онҳо намепайванданд онҳо аз қувваи кудакони ноболиғ дар ҳамоишҳои худ истифода бурдаистонд, ин як шармандагист. Қариб 80 фисад ҷавонон тоҷик, ки имрӯз дар сафи ДИИШ меҷанганд дастпарварони ҲНИ мебошанд. Фиреби ин найрангбозони экстремистро хурданд имрӯз дар ғурбат ҷони хешро аз даст доданд.

Қ. Г. ГУЛМУРОДЗОДА – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.