Хоинони наҳзатӣ бо митингбозиҳояшон мехоҳанд боз мардуми тоҷикро дигарбора гумроҳ намоянд. Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

Ба ҳамагон маълум аст, ки роҳбари Ҳизби Наҳзати Ислом Муҳидин Кабирӣ бо ҳаммаслакони худ дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон ҷамъ омада ташкилоти нав ташкил доданд, ки мақсади асосии онҳо ноором гардонидани вазъи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз хезонидани ҷангу ҷидол, боз ба дилу модарону падарон, бародарону хоҳарон ғаму ғурбат, ки нав ба қишри дури хотироти мардуми тоҷик ҷо шуда аст, ҷо какрдан мебошад. 

Аз саҳифаҳои таърих ба мо, мардуми тоҷик маълум аст, ки ин ҳизб аз рӯзи аввали ташкилёбии худ нисбати ҳукумати ҳамон вақтаи Тоҷикистон ва халқи тоҷик муносибати сиёҳкорона дошт ва Тоҷикистони тинҷу осоиштаро бо воситаи дасисаҷӯи ва фитнаю фиреб ба коми чанги шаҳрвандӣ кашид, ки натиҷаи он ба ҳамагон маълум аст.

Бо кӯшишу заҳмати шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат,Президенти кишварамон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ мардуми парешонҳолу парокандаи тоҷикон сарҷамъ гардид, ҳамаи гурезагонро ба Ватан баргардонида сулҳу субботро барқарор намуданд. Дар он рӯзҳоисахту мудҳиш, ки ҳеҷ боварӣ ва дилгармӣ мобайни хешу табор, ҳачқу ҳамсоя намонда буд, Эмомалӣ Раҳмон савганди аввалини худро чун фарзанди вафодори халқу ватан ба ҷо овард. Дар ҳақиқат бо чи роҳу усуле набуд, ҷони худро ба рамақ гузошта ба Тоҷикистони вайронаю валангор, ба халқи сӯхта бехонамонгашта Сулҳ овард.

Баъди баргардонидани мардуми саргардон ба хонаю манзилу макон, барои сер намудани кӯдакони сағири гурусна монда, занону духтарони бе саробон монда аз давлату ташкилотиҳои хориҷӣ ёрии гуногуни молию пулӣ талабида, шиками халқи гуруснааашро сер намуд. Ва дар он рӯзҳои мушкил пеши худ вазифа гузошт, ки халқаш ба рӯзинек мерасонад.

Аз ин ҷо сарчашма мегирад стратегияи минбаъдаи давлату ҳукумати Тоҷикистон дар вартаи ба даст овардани амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва доро шудан ба амнияти энергетии кишвар ва дар ин муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азизи моро бо кишвари тараққӣ карда истодаи ҷаҳон табдил доданд. Барои расидан ба ин ҳадафҳои бузург, ба амали шудани онҳо ками даркам сиёсатмадорони бузурги дунё боварӣ доштан, камари ҳиммат баст.

Яке аз дастовардҳои бузурги Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки дар саҳифа таърихи халқи тоҷик бо ҳарф ҳои заррин навишта шуд, ин бо қувваи худ ба кор андохтани чархи якуми НБО- Роғун мебошад, ки аз ин дастиоварди тоҷикон тамоми мардуми дунё дар ҳайрат монд ва мардуми тоҷик ба истиқлолияти энергетикӣ сарбаландона расид.

Ҳамаи мардуми кишвар аз ин комёбиҳои Ҳукумат ваҷҳ омада ба ояндаи кишварамон ба руҳияи нек менигаранд ва сари дӯстони мардуми тоҷик ба осмон расид, вале хаёлҳои хоми душманонашро ба дарёи Вахш андохт. Бадхоҳони ин миллат ҳатто пас аз он ки чашми сари саргардонашон «тобхӯрдани» ин чархро диданд, боз ҳам ба ғаразнависию лофзанӣ, дуруғгуию мардумфиребкуни даст намекашиданд. Ҳатто журналистони зархаридӣ онҳо шарм накарда дар маҷаллаҳои худ навиштаанд, ки « Кабирӣ ин корро дар шаш моҳ мекард» аз ин дида оё бешармии бештаре ҳаст. Магар ин дуруғи бефаровез роҳи боз ҳам бадномтар кардани ин ҳизби бадномшуда нест?

 Аз сомонаҳои кишварамон маълум аст, ки Кабирӣ аз ҳисоби аъзоҳаққии аъзоҳои «43 ҳазор нафараашон» бо маблағи ҳамагӣ 3 ё 5 ҳазор сомонӣ дар қатори як бевазане, ки бо умеди ҳар чӣ тезтар расидан ба истиқлолияти энергетии кишвар ҳамин қадар маблағ супорида буд, барои сохтмони НБО “Роғун”, саҳм гузоштааст.

Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ солҳои 90-уми асри ХХ фаромӯш намекунад ва дигар мардуми кишварамон ба гуфтаҳои ин сиёҳсорон бовар ҳам намекунад ва гӯш ҳам намедиҳад.

Мардум он мардуми солҳои пешин нестанд ва медонанд, ки ҳақ ва ки ноҳақ. Аз кирдорҳои нопоки як гурӯҳ шаҳрвандони собиқи Тоҷикистон бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бархурдор мебошанд ва ба онҳо ва хӯҷаинҳои хориҷии пулдори онҳо лаънат мехонанд.

Ин сиёҳгурӯҳон боз хоҳони онанд, ки рӯзи 10 декабри соли равон дар рӯзи Ҳуқуқи башар дар шаҳри Берлини Олмон намоиши сиёсии худро зери шиори «Наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» ташкил намоянд ва нисбати сиёсати дохилии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бӯҳтонҳои бардурӯғ зананд.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ҳоло ҳам хотираҳои мудҳиши ҷангу хонумонсӯзи солҳои 1992 аз хотирамон нарафтааст, ба чунин кирдори шахсоне, ки берун аз марзу буми Тоҷикистонан, ки дар онҳо аз иффату номуси тоҷикӣ чизе дар ботинашон намондааст, НЕ мегӯем. Намехохем, ки зиндагии тинҷу осоиштаи мо халалдор гардад, намехохем, ки падарону бародарону шавҳару фарзандони зани тоҷик дигар бора зери хафту хатар ва марг монанд, намехоҳем, ки зану духтари тоҷик боз ашки ғаму ғурбат резад.

Ҳ. Шаропов - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.